Нукоти муҳимми ҳамсардорӣ

274

 

1 – Ҳифзи ҳарими шавҳар. Қуръони Маҷид бо як ҷумлаи зариф мефармояд: “Мардон сарпараст ва масъули хонгаводаҳо ҳастанд”, (сураи Нисо, ояти 34). Расули Акрам(с) мефармоянд: “Шавҳар сарвари хонавода ва зан мудири дохилии он аст”.

Инчунин дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст: “Худованд ба Расули Акрам супориш кард, ки ба Фотима бигӯяд: Агар нисбат ба ҳазрати Алӣ нофармонӣ кунӣ ва вайро ба хашм оварӣ, ман низ хашмгин мегардам”. Ин ҳадис киноя аз итоати ҳамсарон аз шавҳарон аст ва гарна Фотимаи Заҳро ҳаргиз мухолифат бо Алӣ надошт.

2 – Худдорӣ аз тамҷиди дигарон дар назди ҳамсари худ. Зану шавҳар саъй кунанд, ки аз таърифу тамҷиди зану шавҳари бегона худдорӣ кунанд, зеро ин масъала илова бар паёмадҳои ногувор боиси ба вуҷуд омадани бадгумониҳо дар хонавода мегардад. Ва сафову самимият ва гармии зану шавҳарро аз байн мебарад. Беҳтар аст, зану шавҳар аз ҳамидгар таърифу тамҷиди воқеӣ дошта бошанд.

3 – Бузург накардани иштибоҳоти ҳамдигар. Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Бадтарин мардон ва занон касонеанд, ки афву гузашт ва ҷашмпӯшӣ надошта бошанд ва гуноҳи якдигарро набахшанд”.

Мушкилотро бузург накунед ва айбҳои ғайриқобили гузаштро ба таври дӯстона ва дар ҳоли муҳаббату сафо ба якдигар тазаккур диҳед.

4 – Дурӣ ҷустан аз бадгумониҳои бемаврид. Аз он ҷо ки бадгумонӣ аз бемориҳои бузурги равонӣ аст, ки дар ислом низ аз гуноҳони кабира ба шумор меравад, агар зану шавҳаре нисбат ба якдигар бадгумонӣ дошта бошанд, лозим аст ҳарчӣ зудтар сабабҳои онро барарсӣ кунанд ва сипас заминаҳои онро бихушконанд.

5 – Риояти назм, беҳдошт ва вокизагӣ дар хонавода. Зану шавҳар ҳар кадом бояд бидонанд, ки сайёдҳои хатарноке барои сайди онон дар камин мебошанд, бинобар ин оростагӣ дар назофату покизагӣ илова бар манофеи дигар, зану шавҳарро низ ба якдигар алоқаманд месозад ва беҳдошти хона ва либос ва васоили хонаро таъмин мекунад ва онҳоро аз гирифторӣ ба бемориҳо эмин медорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.