Роҳҳои тақвияти робитаи ошиқона дар зиндагӣ (2)

 Бо инка ишқ поя ва асоси ҳар робитаи ошиқона аст, вале кофӣ нест. Барои доштани робитаи солим, ҳар ду тараф бояд бихоҳанд, ки барои он талош кунанд.

96

Дар қисмати қабл 10 роҳ барои истеҳкоми робита ба шумо пешниҳод шуд ва дар идома роҳкорҳои дигар баён хоҳад шуд.

  1. Рӯи нуқтаҳои мусбат тамаркуз кунед. Натиҷаи мутолиот нишон медиҳад, ки завҷҳое барои хушҳолтар будан ба ҷои тамаркуз кардан рӯи мушкилоташон, бояд рӯи нуқтаҳои мусбати робитаи худ тамаркуз кунанд. Илова бар ин, агар лозим аст, ки аз ҷанбаи манфӣ ба робитаатон нигоҳ кунед, саъй кунед ин корро ба шакли мусбат анҷом диҳед.
  2. Одоб ва маросими дунафара дошта бошед. Метавонед бо тарроҳии як маросими дунафараи махсуси ҳам робитаатонро мустаҳкамтар кунед. Масалан ҳар панҷшанбе шабро метавонед бо ҳам берун қарор бигузоред, мисли рӯзҳои аввали ошноӣ. Ё инки ҳар рӯз субҳ қаҳваатонро бо ҳам бихӯред ё ҳар шаб қабл аз хоб даҳ дақиқа бо ҳам ҳарф бизанед.
  3. Ҳарфҳоятонро танзим кунед. Завҷҳое, ки аз ба забон овардани ҳар фикре, ки вориди зеҳнашон мешавад дар вақти баҳс ва мушоҷира худдорӣ мекунанд, шодтарин завҷҳо ҳастанд.
  4. Ҳимоятгар бошед. Роҳҳои зиёде барои ҳимоят аз ҳамсаратон вуҷуд дорад, ки дар зер ба чанд намуна аз он ишора мекунем:

– ҳимояти отифӣ кунед: вақте нороҳат аст ва ниёз ба ҳарф задан дорад, ба ҳарфҳояш гӯш диҳед.

– таҳсину таърифаш кунед.

– иттилоотеро, ки лозим дорад дар ихтиёраш бигузоред.

– вақте ниёз ба кумак дорад, кумакш кунед. Масалан вақте бояд барои изофакорӣ замони бештар дар маҳалли кор бимонад, дар корҳои хона кумакаш кунед.

  1. Ба худатон иҷоза диҳед, ки осебпазир бошед. Шуҷоати осебпазир будан равиши моро барои зиндагӣ, ишқварзӣ, бачадорӣ ва раҳбарӣ тағйир медиҳад. Осебпазирӣ калиди самимияти отифӣ аст. Осебпазирӣ яъне дар мавриди эҳсосатон, тарсҳоятон ва ниёзҳоятон содиқ бошед. Яъне ба худатон иҷоза диҳед, ки тавассути ҳамсаратон воқеан дида шавед.
  2. “Дӯстат дорам”-ро бо амал нишон диҳед. Бо корҳои кӯчак ва пешипоафтода ба ҳамсаратон нишон диҳед, ки дӯсташ доред. Дар зер ба чанд намуна аз ин рафторҳои муҳаббатомез ишора мекунем:

– субҳи як рӯзи сард зудтар бедор шавед ва мошинашро аз қабл равшан кунед то гарм шавад.

– вақте аз сари кор ба хона меоед аз ресторани маҳбубаш ғизо бигиред.

– понздаҳ дақиқа қабл аз ӯ аз хоб бедор шавед, то вақте вориди ошпазхона мешавад субҳона омода бошад.

– вақте барои хариди берун меравед барои ӯ як ҳадияи ғофилгиркунанда бихарид.

  1. Одилона биҷангед. Ихтилоф назарҳо нест, ки равобитро хароб мекунад, равиши бархурд бо ин ихтилофи назарҳо аст, ки боиси вайронии робитаҳо мешавад. Мушоҷира ва ихтилофи назар ҳамеша пеш меояд. Савол инҳо аст, ки оё бо рӯйкарди ҳалли мушкил вориди он мешавед ё бо рӯйкарди тасаллут ёфтан ва зӯргӯӣ? Агар ин корро бикунед мутмаин бошед, ки ҳеҷгоҳ баранда нахоҳед буд. Агар робитаатонро ба як рақобат табдил кунед, яъне агар қарор бошад шумо баранда шавед тарафатон бояд бозанда бошад. Робита рақобат нест, мушорикат аст.

Дар зер ба чанд маврид аз нуктаҳои марбут ба ҷанги одилона ишора мекунем:

– бидонед, ки мехоҳед ба чӣ чизе бирасед.

– даври мавзӯи баҳсатон марз бикашед, то ҳар мавриди манфиеро, ки дар робитаатон иттифоқ афтодааст ба баҳс накашонед.

– аз террори шахсиятӣ кардани тарафатон худдорӣ кунед.

– гӯш додани фаъолро тамрин кунед. Саъй кунед ҳарфҳои тарафатонро дар зеҳнатон такрор кунед, то мутмаин шавед, ки ҳарфҳояшро хуб фаҳмидаед ва агар чизе бароятон номафҳум буд ҳатман аз ӯ савол кунед.

– маҳдудаи замонӣ таъйин кунед.

– алоқаманд ба мусолиҳа бошед.

– дар мавриди равиши ҳалли мушкил ба тавофуқ бирасед.

  1. Ҳадафи муштарак дошта бошед. Як тими дунафара бошед. Бо ҳам ҳадафгузорӣ кунед, ҳадафҳое, ки барои ҳар дуи шумо муҳим бошад ва барои расидан ба ин аҳдоф дар канори ҳам талош кунед. Ҳадафгузории муштарак фоидаҳои зерро бароятон хоҳад дошт:

– мутмаин мешавед, ки ҳар ду дар як ҷиҳат дар ҳоли ҳаракат ҳастед.

– пирӯзии шумо пирӯзии ӯ хоҳад буд.

– метавонед баъд аз ҳар пирӯзӣ бо ҳам ҷашн бигиред.

Мутолиот нишон додаанд, ки яке аз муҳимтарин асосҳои хушбахтӣ талош барои расидани аҳдофи маънодор аст. Яке аз муҳимтарин масоили як робитаи шод ҳам доштани аҳдофи муштарак ва талош барои расидан ба онҳо аст.

Ҳарфи охир

Равобити қавӣ ва мустаҳкам иттифоқӣ нестанд. Барои доштани робитаи солим бояд талош кард. Бо истифода аз 18 роҳкоре, ки дар боло ба он ишора кардем, шурӯъ ба тақвияти робитаатон кунед. Ёдатон бошад, ки доштани як робитаи солим бахши муҳимме аз як зиндагии шод ва солим аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.