Тавсияҳое барои доштани зиндагии ошиқона (1)

 Ёдамон бошад бештари хонахаробиҳо ва мушкилоти ризоятмандии заношӯӣ аз иртиботи нодуруст нашъат мегирад. Вақте зану шавҳар надонанд чигуна бояд иртиботи дурусту муассир барқарор кунанд ва чигуна ба якдигар ишқ биварзанд, ба ҷои инки муҳаббату ишқро дар оғӯши якдигар дарк кунанд ба берун паноҳ бурда ва аз хонау хонаводаи худ безор мешаванд.

112

Ризояти зношўӣӣ; эҳсосоти айнӣ аз хушнӯдӣ, ризоят ва лиззати таҷрибашуда тавассути зан ё шавҳар аст, ки ҳамаи абъоди зиндагиро таҳти худ қарор медиҳад. Ризоят як хусӯсияти фардӣ барои зану шавҳар маҳсуб мешавад.

Барои доштани робитаи заношӯии пар аз ишқ ба ин нукот тавваҷуҳ кунед

Авомили гуногуне ба унвони муаллифаҳои муассир бар ризоятмандии заношӯӣ шиносоӣ шудаанд, ки бархе иборатанд аз:

1- Синни издивоҷ

2- Муддатзамони ташкили издивоҷ

3- Фарзандон

4- Таносуби илму дониш

5- Масоили молӣ

6- Масоили ҷинсӣ

7- Ақвом ва ошноён

8- Боварҳои мазҳабӣ

9- Вижагиҳои шахсиятӣ

10- Тавоноии дарки ҳамсар

11- Маҳоратҳои иртиботӣ

12- Чигунагии гузарондани вақтҳои тафреҳ

13- Тааҳҳуд

Ризоятмандии заношӯӣ бо тавваҷуҳ ба назари аксарияти равоншносони дунё бар ин масъалаҳо қарор дорад, ки яке аз онҳо ниёзи ҷинсӣ дар равобити заношӯӣ аст.

Бинобарин барои доштани як зиндагии ризоятманд, бояд тамоми масоилро бо диққат дар назари гирифт ва ҳар якро дар ҷои худ дар равобит лиҳоз дошт, то ба хушнӯдӣ ва ризоятмнадии дарунӣ расед.

Ҳамонтавр, ки медонем, ниёзи ҷинсӣ ба шакли ғарӣзӣ дар вуҷуди одамиён вуҷуд дорад ва Худованд зану мардро халқ кард, то тавассути якдигар ба оромиш барисанд ва ин оромиш поягузори хониводаи солим мебошад; хониводае ки бунёдитарин рукн дар ҷомеа аст.

Чигунагии баромадани ниёзи ҷинсӣ тавассути издивоҷ шакл мегирад, ки ҳар як аз завҷин, марду зан дар баровардани он нақш дошта ва саҳмгузор ҳастанд.

Дар ин матлаб ба равобити отифӣ дар масоили заношӯӣ пардохта ва онро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.