Усули ҳоким бар як издивоҷи мувафақ(қисмати севвум)

56

Аз эҷоди нофаҳмиҳо худдорӣ кунед ва муҳити хонаро барои ба вуҷуд овардани тафоҳум омода накунед.

Дӯсти ҳамсаратон бошед ва монанди як дӯсти воқеӣ дар шодиҳо ва ғамҳояш ширкат кунед. Дар зиндагӣ дар он чӣ ки доред бо ҳам шарик бошед.

  1. Шод бошед ҳато агар имокон бошад талош кунед худро хӯшҳол ва сари хол нишон диҳед, то хастагиро аз шарики зинадгаии худ дур кунед. Шунавндаи хубе бошед ҳангоми суҳбат кардан бо ҳамдигар ба чашмони ҳам нигоҳ кунед суҳбати якдигарро қатъ накунед.
  2. Ором бошед агар рафтори ҳамсаратонро хӯшоянд намедонед бештар бо ҳавсала бошед ва таҳамул ва дар шароити муносиб бо ӯ аз чигунагии рафтораш савол кунед. Кам интизор бошед ва аз ҳамсаратон ба андозаи тавоноияш интизор дошта бошед.
  3. Мушавиқи ҳамсари худ бошед хӯшбин бошед ва мусбатнигар бошед як дил бошед. Бо якдигар меҳрубон бошед ва ба якдигар мухҳаббат кунед ҳамеша зебоиҳои тарафи муқобилатонро бибинед.
  4. Бо ӯ шухӣ ва бозӣ кунед талош кунед дар сахтиҳо ва мушкилот якдигарро шод кунед ва бихандонед.

Агар хоҳед бо касе вақтатонро бигзаронед дар навбати аввал ҳамсаратон ҳаст на шахси дигаре. Барои дар канори ҳам будан лаҳза шуморӣ кунед.

  1. Ба таври мусолиматомез ихтилофотро ҳал кунед. Тақрибан ҳамаи зану шавҳарҳо бо якдигар ихтилоф доранд мавзӯи аслӣ ихтилофи назар нест он чӣ аҳмаият дорад чигунагӣ канор омадан бо ин ихтилоф аст барои ҳали мушкилотатон роҳи ҳали дурусте пайдо кунед ва аз баҳс ва ҷанҷоли беҳуда худдорӣ кунед.
  2. Хашму асабонияти худро контрол кунед ҳангоме ки дучори хашму асабоният мешавед мавзӯро кашола надиҳад ва ғур-ғур накунед талош кунед мавзӯро фаромӯш кунед дар як робитаи солим зану шавҳр баъд аз ба вуҷуд омадани ихтилоф ва мушкил хеле зуд мавзӯро тамом мекунанд ва аз он мегузаранд ва ба ишқ ва самимяти қалбии худ боз мегарданд.
  3. Ба ишқи якдигар пойбанд бошед дар душворитарин шароити зиндагӣ бо ҳам пойбонади ишқи якдигар бошед дар сурати иштибоҳ ё хатои якдигар боз ҳам ошиқи якдигар бимонед.
  4. Ба ҳарфҳои якдигар гӯш бидиҳед ҳамдигарро дарк кунед розҳоятонро бе ягон тарс аз доварӣ барои шарики зиндагиятон дарк кунед тамоми ҳарфҳои тарфи муқобилатонро бишунавед ва бо ӯ эҳсос ҳамдардӣ кунед ва ӯро зери суол набаред ва дар муқобили ӯ ба даъво нахезед.
  5. Ҳамон тавр ки медонед баъзе инсонҳо ба таври нохудогоҳ дорои шахсияти солим ва меҳрубон ва бо аҳд ва ошиқ ва масъул ва шухтабъ ҳастанд ва баъзе дигар ба далели шароити бади зиндагӣ чунин шахсиятеро надоранд ва ба гузашти замон бояд рӯи худ кор кунанд то нукоти заъфи шахсияташонро дуруст кунанд алоқаи хубу муваффақ алоқае аст, ки тарафайн худро дӯст дошта бошанд ва ҳамон тавр ки ҳастанд худро қабул кунанд дар айни ҳол ошиқи ҳамсарашон бошанд ва ҳеҷ чиз натавонад алоқаи байн онҳоро хароб кунад.
  6. Ҳаргиз ҳамзамон бо ҳам асабонӣ нашавед. Ҳаргиз ба сари якдигар дода назанед, магар ин ки хонаатон дар ҳоли оташ гирифтан бошад.
  7. Агар қарор аст дар даъво яке аз шумо пирӯз шавад иҷоза бидаҳед ҳамсаратон пирӯз бошад. Агар маҷбуред аз якдигар интиқод кунед бо ишқ интиқод кунед.
  8. Даъво ду нафара аст ва шахсе, ки бештар суҳбат кунад бештар дучори хато мешавад.

Ва ҳазорон нуктаи дигар вуҷуд дорад, аммо агар зану шавҳарҳо битавонанд чанд нуктаи болоро ҳам риоят кунанд як зиндагии муваффақ ва ором хоҳанд дошт.

Идома дорад…

Усули ҳоким бар як издивоҷи мувафақ(қисмати аввал)

Усули ҳоким бар як издивоҷи мувафақ(қисмати дуввум)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.