Улгуи хонаводаи намуна дар аҳодиси мубораки набавӣ(с)

51

 

Симои хонаводаи намуна дар аҳодиси Расули гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад(с)

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Якдигарро ба рафтори нек бо занон супориш кунед”.

“Худованд мӯъмин ва хонавода ва фарзандонашро дӯст дорад. Маҳбубтарин чиз назди Худованд он аст, ки мардро бо зану фарзандонаш бар суфрае бубинад, ки аз он хӯрок мехӯранд. Пас дар он ҳангом, ки бар сари суфра гирд оянд, ба онҳо нигоҳи меҳрубонона мекунад ва онҳоро пеш аз он ки аз ҷои худ бархезанд, меомурзад”.

“Ҳар зане аз дунё биравад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба биҳишт меравад”.

“Ба ҳар кас панҷ чиз дода шуд, баҳонае надорад, дар тарки кори охират: зани шоиста, ки ӯро дар умури дунё ва охираташ ёрӣ кунад, фарзандони хуб, имконоте дар шаҳри худ ва ахлоқи хубе, ки бо он, бо мардум мудоро кунад ва дӯстии хонадони ман”.

“Бидоне, ки беҳтарини инсонҳо касонеанд, ки дер ба хашм оянд ва зуд розӣ шаванд (ва зуд гузашт кунанд) ва бадтарини инсонҳо касоне ҳастанд, ки зуд ба хашм оянд ва дер розӣ шаванд”.

“Аз хушбахтии марди мусалмон, доштани ҳамсари шоиста, хонаи бузург, василаи роҳат барои саворӣ (маркаби муносиб) ва фарзанди хуб аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.