Хушбахтӣ дар зиндагии хонаводагӣ

96

Хушбахтӣ дар зиндагии хонаводагӣ

Чӣ гуна дар зиндагии хонаводагӣ (оилавӣ) эҳсоси хушбахтӣ дошта бошем?

Мавонеи аслии хушбахтӣ дар зиндагии оилавӣ кадомҳост?

Чӣ роҳкорҳое барои хушбахтии хонаводагӣ кӯмак мекунад?

Чӣ гуна хушбахт зиндагӣ кунем?

Вақте духтару писари ҷавон бо ҳам издивоҷ мекунанд, аз ҳамон аввали зиндагӣ. Ҳар касе дар бораи муваффақият ва хушбахтӣ дар зиндагии муштарак, ба онон роҳкорҳоеро нишон медиҳад.

Ғолибан ин роҳкорҳо бар асоси фаҳму милокҳо ва шароити хосси он шахс аст ва бо шароити зиндагии завҷи ҷавон мумкин аст хеле фосила дошта бошад.

Дар идома ба чанд роҳкори сода барои хушбахтӣ дар хонавода ишора хоҳем намуд, аммо ёдатон наравад, ки шароити шумо, як шароити хос ба худатон аст ва зиндагиатон бо зиндагии дигарон фарқ дорад.

1 – Бо хонаводаи ҳамсари худ, хуб бошед

Бо хонаводаи ҳамсаратон эҳсоси бегонагӣ накунед. саъй кунед бо онҳо дӯст шуда ва робитаи наздике барқарор кунед. мумкин аст муддатҳо тӯл бикашад, то онҳо нисбат ба шумо ҳисси хубе пайдо кунанд. Дидигоҳи шумо ба зиндагӣ, бо онҳо албатта фақ дорад, ҳам шумо ва ҳам онҳо барои ҳар рафторе далели худро доранд, бинобар ин, саъй кунед, ҳамон тавре ки бо онҳо зиндагӣ мекунед, осон гирифта ва сабур бошед, то онҳо низ ҷузъи хонаводаи шумо шаванд.

2 – Дар зиндагии муштарак, баҳонаҷӯӣ ва якравӣ накунед

Ба як нуқтаи заъф ё иштибоҳи ҳамсари худ гир надиҳед ва доим дармавриди он сӯҳбат анкунед. Агар ба ин кор одаткунед, кам-кам ба танаффур расида ва зиндагиатон аз ҳам мепошад. Ҳамон тавре ки болиғ мешавед, гузаштан аз ин хатоҳои кучак низ бароятон осонтар мешавад. Беҳтарин кор ин аст, ки кме дар бораи он масъала сӯҳбаткунед ва саъй кунед, ки ба таваофуқ ва ҳамдигарфаҳмӣ бирасед. Ин беҳтарин муҳофиз барои зиндагии шумост.

3 – Бо ҳамсаратон сӯҳбат кунед, сипас тасмим бигиред

Дар масоиле, ки рӯи зиндагии ҳамсаратон ва зиндагии муштараки шумо таъсиргузор аст, ба танҳоӣ тасмим нагиред.

Масалан тасмим барои иваз кардани автомобил, таъмири хона ва ғайра. Шумо набояд маънои зиндагии муштаракро фаромӯш кунед. шумо як раъй доред ва ҳамсаратон ҳам як раъй ва бояд саъй кунед, барои ҳар тағйире ё тасмиме, бо ҳам машварат карда ва аз пайдо кардани роҳи ҳалҳои ҷадид, бо ҳам, лаззат баред.

Ҳар тасмиме бояд бо назари ду тараф бошад, то зиндагӣ ба самти хушбахтӣ ҳаркат кунад. Ин масъала на нишонаи занзалилӣ аст, на нишонаи мардсолорӣ, балки нишонаи булуғ ва рушди фикрӣ мебошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.