Рафтори нек бо ҳамсар

172

Рафтори нек бо ҳамсар

Оини ҳамсардорӣ дар Ислом

Рафтори писандида, шоистаи ҳар мусалмон аст ва инсон бояд бархурди дуруст ва ҳамроҳ бо такриму таъзим дошта бошад.

Ба хусус дар бархурд бо зердастон ва касоне, ки бо инсон иртиботи шабонарӯзӣ доранд, бояд рафтори нек ва ҳамроҳ бо меҳру муҳаббат дошт ва аз онон дилҷӯӣ намуд. Чаро ки рафтори дуруст бар шахсияти афрод таъсири зиёде бар робитаи дутарафаи онҳо дорад.

Дар муҳити хонавода низ рафтори мо ҳамроҳ бо эҳтиром, пайванд миёни аъзои хонаводаро тақвият кунад. Аз ин рӯ, Паёмбари Акрам(с) мардумро ба рафтори нек бо хонавода ва ба хусус бо ҳамсар супориш мекарданд ва мефармуданд:

“Беҳтарини шумо касест, ки бо хонаводааш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман дар рафтор нисбат ба хонавода беҳтарини шумо ҳастам”.

Бешак Паёмбари Акрам(с) беҳтарин сармашқ дар ҳамаи масоили зиндагӣ аст ва дар заминаи рафтор бо хонавода низ усваи ҳасана мебошад.

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

“Ҳарчӣ имони банда зиёд бишавад, муҳаббати вай ба занҳо (ҳамсараш) низ зиёд мешавад”.

Ривояте аз Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармуд:

“Ҳамеша бо ҳамсарат мудоро кун ва бо ӯ ба некӣ рафтор кун то зиндагиат босафо шавад”.

Паёмбари Акрам(с) дар ривояте фармудаанд:

“Беҳтарин мардони уммати ман он касоне ҳастанд, ки нисбат ба хонаводаи худ хашину мутакаббир набошанд ва бар онҳо бо тараҳҳуму меҳрубонӣ ва навозиш рафтор кунанд ва ба онон озор нарасонанд”.

Дар як ривояти дигаре низ ҳазрати Расули Акрам(с) дар мавриди изҳори муҳаббат ва дӯстӣ ба ҳамсар фармудаанд:

“Ин сухани мард, ки ба ҳамсараш бигӯяд: “ман туро дӯст медорам”, ҳаргиз аз қалби зан берун намеравад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.