Писарам! Намозро барпо дор

160

Қуръони Карим дар оёти фаровоне ба ин амри муҳим ва сарнавиштсоз таъкиди фаровон намуда ва аз забони Луқмони Ҳаким ба фарзандаш нақл мекунад, ки фармуд:

يا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلاةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ اصْبِرْ عَلى‏ ما أَصابَكَ إِنَّ ذلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ

“Эй писаракам! Намозро барпо дор ва ба [кори] писандида фармон деҳ ва аз [кори] нопасанд манъ кун ва дар баробари он чи (аз мушкилот), ки ба ту мерасад, шакибо бош, ки ин [ҳокӣ] аз тасмими устувори (шумо дар) корҳост”.[1]

Устоди муҳақиқ оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар зайли ояти <أَقِمِ الصَّلاةَ > менависад:

[Луқмон] «Баъд аз таҳкими пояҳои мабдаъ ва маод, ки асоси ҳамаи эътиқодоти мактабист ба муҳимтарин аъмол, яъне масъалаи намоз пардохта мегӯяд: “Писарам! Намозро барпо дор” чаро ки намоз муҳимтарин пайванд бо холиқ аст. Намоз қалби туро бедор ва рӯҳи туро мусаффо ва зиндагии туро равшан месозад. Осори гуноҳро аз ҷонат мешуяд, нури имонро дар сарои қалбат партавафкан месозад ва туро аз фаҳшо ва мункар боз медорад».[2]

Бинобар ин, бар падарону модарон аст, ки фарзандони хешро аз даврони кӯдакӣ бо ин вазифаи хатир ва муҳимми Илоҳӣ ошно созанд ва ононро нисбат ба хатароти оянда, ваксина ва суғурта созанд, то аз инҳироф ва фасод дар амон бимонанд.

Он гоҳ ки ҳазрати Иброҳим(а) ба ҳамроҳи фарзандаш, хонаи Худоро бунён ниҳод ва корро ба итмом расонид, дастҳоро ба сӯи осмон баланд кард ва аз Худованд чунин хост:

<رَبِّ اجْعَلْني‏ مُقيمَ الصَّلاةِ وَ مِنْ ذُرِّيَّتي> “Парвардигоро! Ман ва бархе аз фарзандонамро барпокунандаи намоз қарор деҳ”.[3]

 Намоз сутуни дин

Ҳазрати Алӣ(а) дар охирин васияти худ ба фарзандонаш чунин суфориш мефармояд:

[اللَّهَ اللَّهَ فِي الصَّلَاةِ فَإِنَّهَا خَيْرُ الْعَمَلِ إِنَّهَا عَمُودُ دِينِكُم]

“Худоро Худоро, дар бораи намоз, ки намоз беҳтарин амал ва сутуни дини шумост”.[4]

Луқмони Ҳаким ба фарзандаш чунин васият кард:

 يَا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ فَإِنَّ مَثَلَ الصَّلَاةِ فِي دِينِ اللَّهِ كَمَثَلِ عَمُودِ الْفُسْطَاطِ فَإِنَّ الْعَمُودَ إِذَا اسْتَقَامَ نَفَعَتِ الْأَطْنَابَ وَ الْأَوْتَادَ وَ الظِّلَالَ وَ إِنْ لَمْ يَسْتَقِمْ لَمْ يَنْفَعْ وَتِدٌ وَ لَا طُنُبٌ وَ لَا ظِلَال‏

“Фарзандам! Намозро барпо дор, зеро масали намоз дар дини Худо, ҳамонанди сутуни хайма аст, агар сутун барпо бошад, хайма барпо хоҳад буд ва таноб ва мех ва сояҳои хайма судманд хоҳад афтод, аммо агар сутуни хайма барпо набошад, аз мех ва таноб ва соя баҳрае намебарӣ”.[5]

 Намози аввали вақт

Ҳазрати Алӣ(а) ба фарзанди худ имом Ҳасани Муҷтабо(а) чунин суфориш мекунад:

[أُوصِيْكَ يَا بُنَيَّ بِالصَّلَاةِ عِنْدَ وَقْتِهَا] “Фарзандам! Туро ба хондани намоз дар аввали вақт супориш мекунам”.[6]

 Е) Омодасозии фарзандон барои намоз ва рӯза

Даврони кӯдакӣ беҳтарин ва муносибтарин замони асаргузорӣ дар ақл ва андеша ва рӯҳу равони инсон аст.

Ба далели ин омодагӣ ва пазириши фаровон аст, ки душман дар ин синин рӯи кӯдакон сармоягузорӣ мекунад, то бо барномарезии дақиқ, қолибҳои фикрӣ ва вижагиҳои рафтории онҳоро дигаргун созад. Аз назари мазҳабӣ ҳам базри ҳувияти динӣ ва маънавии инсон дар бистари кӯдакӣ кошта мешавад ва бо гузашти замон ва рушди синни кӯдак, шох, барг, мева ва самар медиҳад ва решаҳояш низ устувортар мегардад. Кӯдакон аз оғоз, дарси диндорӣ ва ибодат ва намозро аз мушоҳидоти мустақими худ дар зиндагии рӯзмарраи хонаводагӣ ба ирс мебаранд. Агар дар мадраса ва муҳитҳои омӯзишӣ низ заминаи алоқамандӣ ба намоз ва ибодат фароҳам бошад, гироиши навҷавон ба ин умур дучандон мешавад, зеро муаллим ва мураббӣ ва дӯстони синфи худро низ ҳамонанди волидайнаш ҷӯёи бандагии Худо мебинад ва дар хона бо падар ва дар мадраса пӯшти сари мураббии худ ба намоз меистад ва ба ин гуна дижҳои мустаҳками имон сохта ва побарҷо мегардад.

Оре ҳамон гуна ки Қуръони Карим фармуд: “Намоз аз фаҳшо пешгирӣ мекунад” Агар кӯдаки шумо, аз кӯдакӣ ба намоз алоқаманд шуд ва рӯ ба Худо овард, пешбинии Қуръон дар бораи ӯ сад дар сад ба самар хоҳад нишаст ва шумо инсони солеҳе ба ҷомеъа таҳвил хоҳед дод, чаро ки аъмоли солеҳ ва намоз ва ибодат ва паёмҳоӣ Қуръон дар фазои дили кӯдак бозтоб хоҳад ёфт ва нури илоҳӣ бар дилаш ҳукумат хоҳад кард. Ривоёти зиёде (дар ҳудуди сӣ ривоят) аз Аҳли байт(а) нақл шудааст, ки фарзандони худро ба намоз водор кунед, вале ин ки дар чи синне кӯдакро водор ба намоз кунанд, дар ривоёт ихтилоф аст. Солҳое, ки ба ин манзур зикр шуда ба таври мутафовитанд. Аз синни шаш то сездаҳсолагӣ аст, ки аз маҷмӯи ривоёт ва ҷамъбандии онҳо метавон натиҷа гирифт: Волидайн вазифа доранд, ки қабл аз булуғи фарзанд бо шеваҳои мухталифи тарбиятӣ, ӯро ба хондани намоз водоранд ва агар аҳёнан дар хондани намоз сӯстӣ ва бе эътиноӣ кард, метавонанд ӯро танбеҳ кунанд. (Дар ҳадди маъқул).

Синини қабл аз булуғ, аз ҳафт, то понздаҳсолагӣ дар писарон ва то нуҳсолагӣ дар духтаронро шомил мешавад ва наметавон дақиқан мушаххас кард, ки дар чи синне бояд кӯдакро ‑агар чи бо танбеҳ‐ ба намоз водошт, аммо ба назар мерасад, ки синни ҳафтсолагӣ мурод бошад, ҳам чунон ки бештари ривоёт муайид ва нишонгари ин нукта аст.

 Сираи маъсумин(а) нисбат ба намози кӯдакон

Равиши Аҳли байт(а) бар ин буда, ки фарзандони худро аз синини панҷсолагӣ ба намоз во медоштанд, аммо худашон мефармуданд: Лозим нест шумо фарзандони худро дар панҷсолагӣ водор ба намоз кунед, балки ононро дар синни ҳафтсолагӣ ба намоз ташвиқ кунед. Ҳалабӣ аз имоми Содиқ(а) аз падараш чунин ривоят мекунад:

إِنَّا نَأْمُرُ صِبْيَانَنَا بِالصَّلَاةِ إِذَا كَانُوا بَنِي خَمْسِ سِنِينَ فَمُرُوا صِبْيَانَكُمْ بِالصَّلَاةِ إِذَا كَانُوا بَنِي سَبْعِ سِنِينَ وَ نَحْنُ نَأْمُرُ

“Мо фарзандони худро дар синни панҷсолагӣ, ба намоз водор мекунем, вале шумо фарзандонатонро дар синни ҳафтсолагӣ ба намоз водор созед”.[7]

Аз омӯзиш то танбеҳ

Ривоёте, ки дар заминаи омӯзиши намоз, дастур ба хондани он ва танбеҳи фарзанд барои намоз, ворид шуда фаровон аст, ки ба се даста тақсим мешаванд:

1‐ Омӯзиши намоз

Омухтани намоз ба кӯдакон, аз вазоифи аввалияи падарону модарон аст.

Субра аз Паёмбар(с) ривоят мекунад:

   [اْلصََّبِىَّ الصَّلَاةَ ابْنَ سَبْعِ سِنِيْنَ وَاضْرِبُوْهُ عَلَيْها ابْنَ عَشْرِ سِنِيْن عَلِّمُوا] “Ба кӯдакон дар синини ҳафтсолагӣ, намоз ёд даҳед ва дар даҳ солагӣ ӯро (дар сурати сӯстӣ) барои намоз танбеҳ кунед”.[8]

2‐ Дастур ба намоз

Дуввумин марҳала пас аз омӯзиши намоз, марҳалаи илзом ва водоштани кӯдакон ба хондани намоз аст. Дар ин марҳала низ синини мутааддиде, аз шаш то даҳсалагӣ матраҳ гардида аст, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

[اِذَا عَرَفَ اْلغُلامُ يَمِيْنَهُ مِنْ شِمالِهِ فَمُرُّوْهُ بِالصَّلاۀِ] “Агар писар дасти рост ва чапи худро аз ҳам ташхис дод, ба ӯ дастур диҳед (ва ӯро водоред) то намоз бихонад”.[9]

Ҳамчунин Паёмбар(с) фармуданд:

[مُرُوا صِبْيَانَكُمْ بِالصَّلَاةِ إِذَا كَانُوا أَبْنَاءَ سِتِّ سِنِينَ] “Фарзандони худро дар шашсолагӣ ба намоз дастур диҳед”.[10]

Имом Содиқ(а) фармуд:

[مُرُوا صِبْيَانَكُمْ بِالصَّلَاةِ إِذَا بَلَغُوا سَبْعَ سِنِين] “Агар фарзандонатон ба синни ҳафтсол расиданд, ба намоз водорашон кунед”.[11]

Имом Алӣ(к) фармуд:

[بِها اِذَا بَلَغُوْا ثَمانِىَ سِنِيْنَ عَلِّمُوْا صِبْيَانَكُمْ الصَّلاۀَ وَ خُذُوْهُمْ] “Фарзандони худро намоз таълим диҳед ва дар синни ҳашт солагӣ онҳоро ба намоз хондан водоред”.[12]

Имом Содиқ(а) фармуд:

[مُرُوا صِبْيَانَكُمْ بِالصَّلَاةِ إِذَا كَانُوا أَبْنَاءَ عَشْرِ سِنِينَ] “Ба фарзандонатон дар синни даҳсолагӣ дастур диҳед, то намоз бихонанд”.[13]

3‐ Танбеҳ барои хондани намоз

Охирин марҳалае, ки дар бораи намоз дар ривоёт ба чашм мехурад, масъалаи танбеҳ ва задани кӯдак ба хотири сӯстӣ дар амри намоз аст, ки пеш аз ин ривоятҳое дар ин бора зикр шуд.

Албатта аз он ҷое, ки ин ривоёт дар водоштани кӯдакон ба намоз ба мароҳиле ишора дорад ‐ки аз таъдиби забонӣ оғоз мешавад ва дар ниҳоят ба танбеҳи амалӣ меанҷомад‐ падарону модарон ҳатман ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки дар синини поин танҳо бояд бо ташвиқ ва нармӣ ва меҳру муҳаббат, фарзандони худро ба намоз водоранд ва бар онон сахт нагиранд, ки якбора аз намоз бурида ва аз он безор шаванд. Аммо ҳар чи синни онҳо болотар меравад қадре лаҳни омирона ба худ бигиранд ва ба таври куллӣ дар задани фарзандон ба далели кӯтоҳӣ дар намоз ‐ба вижа дар синини камтар аз сездаҳсолагӣ‐ бо эҳтиёт ва дурандешии бештар амал кунанд ва танбеҳро на аввалин, ки охарин роҳи ҳал талаққӣ кунанд ва яқин дошта бошанд, ки роҳҳои тарбиятии беҳтар ва муассиртаре низ ҳаст, ки метавонанд бо касби огоҳии бештар ва мутолиъаи китобҳои тарбиятӣ ва гуфтугӯ бо фарзандон ва мушовира бо мураббиён ва огоҳони амри тарбият ва ҳамчунин тааммул ва тафаккури шоиста ба онҳо пай бибаранд.

Истимдод ва ёрӣ хостан аз Худованди Мутаол низ дар ин миён метавонад нақши босазое дошта бошад.

Ё) Аҳамият додан ба рӯзаи фарзандон

Дар ривоёти Исломӣ ба рӯза низ суфоришҳои фаровоне шудааст аз ҷумла фармудаанд дар моҳи Рамазон агар кӯдак тоқати рӯзагирифтан дошта бошад ӯро ба рӯзагирифтан ташвиқ кунед ва агар васати рӯз гуруснагӣ ба ӯ фишор оварад ифторашон диҳед. Чаро ки рӯза дар моҳи мубораки Рамазон сипари оташ аст ва бояд фарзандони худро аз оташи сузони ҷаҳаннам ҳифз кунем.[14]

Ҳазрати Алӣ(к) дар зимни суфорише ба имом Ҳасани Муҷтабо(а) мефармояд:

[اللَّهَ اللَّهَ فِي صِيَامِ شَهْرِ رَمَضَانَ فَإِنَّ صِيَامَهُ جُنَّةٌ مِنَ النَّار] “Худоро Худоро дар бораи рӯзаи моҳи Рамазон, зеро рӯзаи ин моҳ сипари оташи ҷаҳаннам аст”.[15]

Алломаи Маҷлисӣ аз Амолии шайхи Тусӣ нақл мекунад, ки Мисмаӣ гӯяд:

عَنِ الْمِسْمَعِيِّ: أَنَّهُ سَمِعَ أَبَا عَبْدِ اللَّهِ يُوصِي وُلْدَهُ إِذَا دَخَلَ شَهْرُ رَمَضَانَ: فَأَجْهِدُوا أَنْفُسَكُمْ فَإِنَّ فِيهِ تُقْسَمُ الْأَرْزَاقُ وَ تُكْتَبُ الْآجَالُ وَ فِيهِ يُكْتَبُ وَفْدُ اللَّهِ الَّذِينَ يَفِدُونَ إِلَيْهِ وَ فِيهِ لَيْلَةٌ الْعَمَلُ فِيهَا خَيْرٌ مِنَ الْعَمَلِ فِي أَلْفِ شَهْرٍ

“Ҳар гоҳ моҳи Рамазон фаро мерасид садои имоми Содиқ(а)-ро мешунидем, ки фарзандони худро ба аҳаммият додан ба моҳи мубораки Рамазон суфориш мефармуд ва мегуфт: Пас бо нафси худ биситезед, зеро дар ин моҳ ризқу рӯзии шумо тақсим мешавад ва лаҳазоти марги ҳар кас муайян мешавад.

Ҳамчунин дар ин моҳ меҳмонони Худоро, ки бар ӯ ворид мешаванд менависанд ва дар ин моҳ шабе ҳаст, ки амал дар он баробар аст бо амали ҳазор моҳ”.[16]

Муовия ибни Ваҳаб мегӯяд аз имоми Содиқ(а) пурсидам: Дар чандсолагӣ фарзандони худро ба рӯза водор кунем? Имом фармуд:

مَا بَيْنَهُ وَ بَيْنَ خَمْسَ عَشْرَةَ سَنَةً وَ أَرْبَعَ عَشْرَةَ سَنَةً فَإِنْ هُوَ صَامَ قَبْلَ ذَلِكَ فَدَعْهُ، وَ لَقَدْ صَامَ   ابْنِي فُلَانٌ قَبْلَ ذَلِكَ فَتَرَكْتُهُ

“Байни понздаҳ ва чаҳордаҳсолагӣ ва агар пеш аз расидан ба ин син ҳам рӯза гирифт ӯро ба ҳоли худ бигзор ва монеи рӯзаи ӯ нашав. Яке аз фарзандонам, пеш аз расидан ба ин син рӯза гирифт ва ман ӯро ба ҳоли худ гузоштам ва монеаш нашудам”.[17]

Ҳалабӣ аз имоми Содиқ(а) ривоят карда, ки ҳазрат фармуд:

الْحَلَبِيِّ عَنْ أَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَنْ أَبِيهِ G قَال: نَحْنُ نَأْمُرُ صِبْيَانَنَا بِالصَّوْمِ إِذَا كَانُوا بَنِي سَبْعِ سِنِينَ بِمَا أَطَاقُوا مِنْ صِيَامِ الْيَوْمِ إِنْ كَانَ إِلَى نِصْفِ النَّهَارِ أَوْ أَكْثَرَ مِنْ ذَلِكَ أَوْ أَقَلَّ فَإِذَا غَلَبَهُمُ الْعَطَشُ وَ الْغَرَثُ أَفْطَرُوا حَتَّى يَتَعَوَّدُوا الصَّوْمَ وَ يُطِيقُوهُ فَمُرُوا صِبْيَانَكُمْ إِذَا كَانُوا بَنِي تِسْعِ سِنِينَ بِالصَّوْمِ مَا اسْتَطَاعُوا مِنْ صِيَامِ الْيَوْمِ: فَإِذَا غَلَبَهُمُ الْعَطَشُ أَفْطَرُوا

“Мо фарзандони худро дар синни ҳафтсолагӣ дар ҳадде, ки тобу тавони онро доранд ба рӯзагирифтан вомедорем, гарчи то васати рӯз ё беш аз он ва ё камтар аз он, ва ҳар гоҳ ташнагӣ ва гуруснагӣ бар онҳо ғалаба кард, ифтор мекарданд (ва ин дастур ба рӯза ба хотири он буд, ки) ба рӯза гирифтан унс ва одат ва тавоноӣ пайдо кунанд. Пас шумо фарзандони худро дар синни нуҳсолагӣ ба рӯза гирифтан водоред ва ба ҳар андоза, ки тавонистанд рӯза бигиранд ва агар ташнагӣ бар онҳо ғалаба кард ифтор кунанд”.[18]

[1]. Сураи Луқмон, ояти 17.

[2]. Тафсири Намуна, ҷ.17, саҳ. 52.

[3]. Сураи Иброҳим, ояти 40.

[4]. Усули Кофӣ, ҷ.7, саҳ. 51.

[5]. Биҳоруланвор, ҷ.13, саҳ. 432.

[6]. Мустадрак, ҷ.3, саҳ. 96.

[7]. Усули Кофӣ, ҷ.3, саҳ. 409.

[8]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 593.

[9]. Ҳамон, ҷ.16, саҳ. 592.

[10]. Мустадрак, ҷ.3, саҳ. 18.

[11]. Ҳамон, ҷ.14, саҳ. 288.

[12]. Туҳафулуқул, саҳ. 115.

[13]. Мустадрак, ҷ.3, саҳ. 19.

[14]. Ҳуқуқи фарзандон дар мактаби Аҳли байт(а), саҳ. 168‐189, (бо талхис).

[15]. Манлояҳзуруҳулфақеҳ, ҷ.4, саҳ. 189.

[16]. Биҳоруланвор, ҷ.93, саҳ. 375.

[17]. Усули Кофӣ, ҷ.4, саҳ. 125.

[18]. Усули Кофӣ, ҷ.3, саҳ. 409.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.