Ваҳшатноктарин ҷумлаҳои як зан ба шавҳараш

166

Пеш омадани баҳсу ҷанҷол барои ҳамаи ҳамсарон дар зиндагии муштарак амри табиӣ аст, аммо муҳим ин аст, ки талош намоед ин масъала дар зиндагии шумо такрор ва оддӣ нашавад.

Ҷанги ҳамсарон

Албатта бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки мард ҳеҷгоҳ аз занаш ин чизҳоро шунидан намехоҳад мисли: “Биёед ба харид равем” яке аз онҳост. Бо шунидани чунин суханон, шумо мефаҳмед, ки чанд соати умри шумо сарфи интихоби либоси хонум мешавад.

“Ту мисли падарат ҳастӣ” як ибораи ногувори дигар ҳаст ва аз он бадтар шунидани “Ту мисли падарам рафтор мекунӣ”  аст, ки мардонро шадидан озор медиҳад.

Истифодаи ҳамешагӣ аз баъзе ҷумлаҳо на танҳо ба беҳтар шудани вазъи зиндагиятон кӯмак намекунад, балки бо ин кор зиндагиятон  дӯчори баҳсҳои доимӣ ва бефоида мешавад. Пас кӯшиш кунед,  ки онҳоро дар ҷойҳое, ки лозим нест, нагӯед.

Дар ин ҷо чанд намунае аз суханҳои даҳшатноку дардовареро, ки занон ба шавҳарашон мегӯянд, мисол мезанем.

-Мо бояд бо ҳам сӯҳбат кунем: Ба хотир дошта бошед, ки ин иборат маънои хуберо намерасонад, чун ин иборат вайроншавии робита ва ё доштани баҳси дурударозро мефаҳмонад. Ин иборат зарбаи шикастро ба фард медиҳад. Тасаввур кунед, ки ӯ (занатон) баъд аз баёни “Мо бояд сӯҳбат кунем”  аз шумо савол кунад: “Ба фикрат ман фарбеҳ шудаам”? Ҳеҷ чиз бадтар аз ин намешавад. Дар ҳар ҳол муроқиби ҷумлаҳоятон бошед, то сабаби озори ҳамсаратон нашавед.

Кай ба кори дигар машғул мешавӣ? Пеш аз ин ки ин саволро кунед, аз худатон пурсед, ки аз чӣ кор ва амали шавҳаратон шикоят доред? Ба ҷои сарзаниши доимии ҳамсаратон беҳтар аст, ки бо ҳам ҳамсӯҳбат шавед, то фикру иттилооти худро дар бораи имкониятҳои нави корӣ баён кунед.

Ба ҷуз он ки кори мардон барои онҳо обрӯманд аст дар хотир доред, ки то ҳадди имкон даромади ками ҳамсаратонро бо талошҳои нокофии ӯ дар таъмини оила баробар накунед. Агар шумо худ соҳибкор ҳастед дар бораи кори худ сӯҳбат кунед, аммо аз ҳамсаратон саволҳои ноҷо напурсед, то дар ҷавоб доданашон озурда шавад.

Шумо хонаводагӣ ҳамингуна ҳастед? Ту ҳам мисли падарат ҳастӣ? Агар шавҳаратон бетартибӣ мекунад ё рӯзҳои муҳимми зиндагиятонро фаромӯш мекунад, ин масъаларо бе он ки падару бародараш ё ҳар фарди дигареро ба ӯ ташбеҳ кунед, ин масъаларо таври дигар ҳал кунед.

Бо чунин суханҳо шавҳаратон эҳсоси таҳқир мекунад. Аён аст, ки истифодаи чунин ҷумлаҳо ба заъфҳое, ки шумо дар оилаи ҳамсаратон мушоҳида кардед ишора мекунад.

-Модарам ё фалонӣ гуфт, ки мехоҳед ин корро кунед? Баъди гуфтани ин ҷумла шавҳаратон фикр мекунад, ки шумо мушкилиҳои оилавии худатонро ба дигарон мегӯед.  Бе он ки гапҳои дигаронро ба ҳамсаратон гӯед онро аз тарафи худ баён кунед.

Мушкилро дақиқ гӯед ва мубҳам сӯҳбат накунед. Ин ҳам одатҳои хурокхӯрии шумост, ин кори шумост… . Бо ин гапҳо шумо  ҳамсаратонро дар иштибоҳ меандозед, ки чӣ чизе сабабии  ташвиши шумо шудааст. Ёд гиред, ки фақат он мушкиле, ки шуморо озор медиҳад баён кунед, ин беҳтар аз он аст, ки барои чизҳои нофаҳмо ва беаҳаммият баҳсу кашмакаш роҳ андозед. Ин беҳтарин роҳ барои доштани зиндагии ором ҳаст.

-Дӯстам ҳомила шудааст. Шояд ин сухан дар нигоҳи аввал бехатар ба назар ояд, вале то замоне ки садои шумо паст шуда ва ноумед шуданатонро ба ҳамсаратон расонад, ки ин маънои онро дорад “Мо кай кӯдакдор мешавем”?, дар ин ҳангом шумо ҳамаи чизро фаҳмед ва қабул кунед, вале мутаассифона ҳеҷ коре наметавонед кунед, то он ки рӯзе ба назди шумо омада бигӯяд, ки ҳомила шудааст.

Ба чӣ фикр мекунед? Занон мехоҳанд ҳамеша аз фикр, эҳсос ва ақидаи шумо бохабар бошанд, вале мардон ин тавр нестанд ва дӯст намедоранд, ки дар бораи ҳама чиз савол пурсед ва сукуту оромишро бештар меписанданд.

-Ҳамсари пешинаам ин корро намекард. Сухан гуфтан дар бораи гузаштаи худ, метавонад робитаатонро ба ҷои ҳассос кашонад. Ҳеҷ гоҳ дар бораи зиндагии гузаштаи худ ҳарф назанед ва онро ба зиндагии ҳозираи худ муқоиса накунед.

-Падару модарам мехоҳанд туро бубинанд. Ин ҷумла баёнгари ду чиз аст:

– Робитаи шумо комилан ҷиддӣ мешавад ва чизҳои муҳим рӯй медиҳад.

– Мушкилоти равонии шумо зери микроскопи психологияи оилавӣ баррасӣ мешавад.

-Мард бош! Шубҳа андохтан дар ин бора барои мардон дардовар аст. Бо мӯйлаб (риш) метавонед ба осонӣ мардонагии худро нишон диҳед! Исбот кунед ва ин тавр ӯро шарманда кунед.

Аммо агар намехоҳед кор ба ин ҷо кашонда шавад, шумо метавонед мавзӯъро иваз кунед. Масалан, “Оё шумо зани комил ҳастед? Шояд барои ҳамин ин қадр шикоят мекунед”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.