Чигуна дар муқобили ҳамсари худ сабуртар бошем?

34

Оё ишқ барои идомаи як робита кифоят мекунад? Гоҳе ду нафар якдигарро бисёр дӯст доранд аммо худро ҳамеша дар ҳоли даъво мебинанд. Даъво метавонад як робитаро ба самти нобудӣ бикашад. Барои муроқибат аз робита ва ишқи худ бояд каме сабуртар бошед.

Сабру аз худгузаштагӣ беҳтарин ҳадя дар як робита аст аммо савол ин аст, ки чигуна метавон дар як робитаи дунафара сабуртар буд?

Асаби нашавед

Агар ҳамсаратон барои омода шудан вақти зиёдеро талаф мекунад асабӣ нашавед ба ин фикр кунед, ки ӯ талош мекунад беҳтарин зоҳирашро барои шумо дуруст кунад . Агар асабӣ шавед аз меҳмони ҳам наметавонед хотираи хубе дошта бошед ва шодии гирифтани дастҳои ҳамсаратонро дар  меҳмонӣ аз даст хоҳед дод.

Шумо як тим ҳастед

Талош накунед ҳамсари худро тағйир диҳед. Мумкин аст аз фикр кардан ба корҳое, ки ҳамсаратон дар онҳо ба хубии шумо нест асабонӣ шавед. Масалан ӯ мисли шумо дар масирёбӣ тасмимгири сареъ ё муназзам будан хуб нест? Оё асабоният ва пархошгарӣ ва ёдоварии ин масоил ба вай сабаби тағйир мешавад? Албатта, ки на! Пас ин тафовутро қабул кунеду шод ба зиндагии худ идома диҳед.

Ҳамсаратон қарор нест бе нақс бошад қарор аст шумо дар канори ҳам якдигарро такмил кунед. Ба ҷойи тамаркуз бар нуқоти заъфи якдигар ба нуқоти қуввати ҳамдигар фикр кунед. Шумо  як тим ҳастед.

Ҳаркас шахсияти худашро дорад

Ҳунари “мувофиқат бо мухолифат”ро ёд бигиред. Шумо ҳар ду ошиқи ҳамдигар ҳастед аммо ҳар ду фарди мунҳасир бафард ҳастед. Интизор надошта бошед, ки мисли ҳам фикр кунед. Ду нафар метавонанд ба ду сурати мутафовит фикр кунанд ва ҳар ду ҳам ҳақ дошта бошанд. Ин ки ҳамсаратон таври дигари дар бораи як мавзуъ фикр мекунад набояд сабаби хашми шумо шавад. Ҳеч чизе арзиши асабонияти шумо аз ҳамсаратонро надорад.

Мусолиҳа кунед

Иртибот барқарор кунед. Шумо ҳам фикр мекунед бархе аз одатҳои ҳамсаратон озордиҳанда аст аммо саъй мекунед ба онҳо бе тавваҷуҳ бошед?

Мутмаиннан наметавонед то охири умр таҳаммул кунед. Як умр замони тулонӣ аст ва наметавонед ҳамеша ҳамаи чизро нодида гиред  бинобар ин пеши ҳамсаратон равед ва бо ӯ дар ин маврид суҳбат кунед. Албата калимаҳо ва гуфтаи худро бо диққату мулоимат интихоб кунед.

Бо ӯ дар мавриди коре, ки шуморо нороҳат мекунад суҳбат кунед ва ба роҳи барои мусолиҳа бирасед. Ба ёд дошта бошед, ки лозим нест аз ҳамсаратон бихоҳед одати худро тағйир диҳад фақат ба шакли дуруст масаларо бо ӯ дар миён гузоред. Ӯ худ манзур ва мақсади шуморо мефамад.

Ба саломатии худ аҳамият диҳед

Бархе тасаввур мекунанд, ки сабр яъне ин ки даст болои даст бигзорем ва ба интизор биншинем, то мушкиламон ҳал шавад ҳол он ки чунин нест.

Дар зиндагии муштарак хушунати хонагиро таҳаммул накунед. Муҳим нест, ки чӣ қадр тарафи муқобилро дӯст доред муҳим нест чиқадар сабур ҳастед хушунати хонагӣ як ҷурми ҷидди аст ва ҳеҷ кас набояд онро ба ҳеҷ қимати таҳаммул кунад. Агар ин мушкил барои шумо пеш омад  билофосила маҳалро тарк кунед ва ба ҷоёи амнӣ биравед.

Набуди сабру шакибоӣ дар ҳамсаратон ҳаргиз баҳонае барои иъмоли хушунат нест ва ин амр дар асл нишонае аз тамоюл надоштани вай барои тағйир аст. Ин вазъият даст шумо нест ва дар дараҷаи аввал бояд ба фикри саломатии худ бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.