Коҳиши изтироб дар хонавода

25

Коҳиши изтироб дар хонавода

Авомили истресзо ва коҳиши истрес (стресс) ва изтироб

Истресҳо ва изтироб дар хонавода билахира пеш меояд ва аз он ҷои гурез нест, аммо чӣ кор кунем, ки ҳадди ақал аз изтироб ва мушкилот коста шавад ва зеҳнамон даргири ин гуна масоил нагардад?

Дар як хонавода иттифоқот ва пешомадҳои талху ширини зиёде рух медиҳад, аммо рухдодҳои талх изтиробу истресси бештаре ба одам ворид мекунанд, ки паёмадҳои ногувореро метавонад ба ҳамроҳ дошта бошад.

Мушкилоте мисли беморӣ, хашм, ноумедӣ, афсурдагӣ ва монанди он метавонад аз паёмадҳои изтироби зиёд дар хонавода бошад, ки афроди хонаводаро даргир кунад.

Кадом омилҳо метавонад изтиробро дар хонавода эҷод кунад?

1 – Талоқу ҷудоӣ

2 – Беморӣ

3 – Мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ

4 – Бекорӣ ё тағйири маҳалли кор

5 – Ҳатто ба дунё омадани навзод…

Роҳҳои пешгирӣ аз изтиробу истрес ва коҳиши онҳо кадом аст?

1 – Шиносоии аломатҳои изтиробу истрес дар хонавода

2 – Таваҷҷуҳи аъзои хонавода ба ҳамдигар

3 – Танаффуси амиқ (чуқур нафас гирифтан), тамрини оромишҳои зеҳнӣ

4 – Огоҳӣ аз масоил ва мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо

5 – Доштани хоби кофӣ

6 – Тақвияти отифа, эҳсосот ва меҳрубонӣ дар фазои хонавода

7 – Ҳифзи ниру ва энержӣ, мудирияти хашм

8 – Тамаркуз ва диққат намудан ба саломатии ҷисмӣ

9 – Муроҷиати бамавқеъ ба равоншинос

10 – Барномарезӣ дар зиндагӣ ва анҷом додани корҳо дар вақт ва замони худаш

11 – Кӯмак гирифтан аз намозу дуову таваккул кардан ва супурдани умур ба дасти қудрати Худованд…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.