Зану шавҳар – шарики зиндагӣ

44

Оини ҳамсардорӣ

Зану шавҳар – шарики зиндагӣ

Аз ҷумла ҳуқуқ ва вазифаҳои зану шавҳар, шарики самимии зиндагӣ барои ҳам будан аст.

Ҳамаи равобити инсонӣ бо самимият тақвият меёбад,  аммо як робитаи ошиқона ба зану шавҳар имкон медиҳад, ки самимиятро ба як шакли беҳтару комилтар таҷриба кунанд.

Ба унвони мисол, мардум одатан даст рӯи дасти ҳамкори худ намегузоранд, аммо зану шавҳар агар ҳамкор ҳам бошанд, ин коро мекунанд. Издивоҷ робитаест, ки ҳам самимият меоварад ва ҳам лаззатҳои ҷинсӣ ва ошиқона дар пай дорад.

Ишқ дар воқеъ асоси аслии издивоҷ аст. Шарики самимӣ будан, ҳосили ишқварзӣ аст, ки байни зану шавҳар мубодила мешавад.

Ин хусусиёт метавонад омили аслии пазириш ва эҳтироми дутарафа байни завҷайн бошад ва низ заминаи риояти ҳуқуқ ва вазифаҳои дуҷонибаро муҳайё созад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.