Чигуна конуни хонаводаро гарм нигаҳ дорем?

75

 

Барои гарм нигаҳ доштани конуни Хонавода нишот ва оромишро дар манзил ҳифз кунед; Бо фарзандон ва ҳамсари хеш бо табассум ва дар айни ҳол бо виқор рафтор кунед, ва изтироби хотир ва нигарониро аз муҳити хона дӯр кунед. Ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мушкилот ва ғаму ғуссаҳои беҷо қотеъона бархурд кунед ва бедиранг онҳоро аз байн бибаред. Бидонед агар ғам ва ғусса ва бенишотиро, ки чун мору ақраб аст, аз миён набаред, онҳо саранҷом шуморо аз миён хоҳанд бурд. Муроқиби забонатон бошед. Мабодо бо як захми забон самимият ва сафо ва гармиро аз хонаи худ дӯр созед. Ҳаргиз дили ҳамсар ва фарзандон ва дӯстонтонро нашиканед.

Ба ҳамсар ва фарзандатон муҳаббат кунед. Бо калимоти оташин ва муҳаббатомез қулуби сартосар отифаи ҳамсарони худро ҷазб кунед, ки расули гиромии Ислом(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) фармудааст:

«Сухани мард ба ҳамсараш, ки «туро дӯст дорам» ҳеҷ гоҳ аз қалби ӯ берун намешавад ва асароти меҳрофарин ва бисёр мусбати он ҳамвора боқӣ мемонад» (1)

Бо гуфтани ҳамин як ҷумлаи кӯтоҳ метавон тамоми хастагӣ ва мушкилот ва сангинии бори зиндагӣ ва масъулияти занро ҷуброн намуда то зан бо нишот ва омодагӣ ва неруи бештар ба зиндагӣ ва тарбияти фарзандон идома диҳад.

Бидонед асоси истеҳком ва тасбити низоми хонаводагӣ бар пояи муҳаббат ва эҳтироми дутарафаи зану мард аст. Шӯълаҳои пурфуруғи раъфат ва меҳрубониро дар дилҳои якдигар равшан нигоҳ доред. Фарзандон онқадар, ки аз ихтилофот ва дугонагӣ ва бенишотӣ ва набудани маънавият ва меҳрубонӣ ва утуфат ва сафову самимият ранҷ мебаранд, аз камбуд ва фақри модӣ ранҷ намебаранд. Меҳрубонӣ ва раъфат ҳатман ҷойи фақр ва камбудҳои модиро пур хоҳанд намуд.

Эй азизон бидонед агар дӯстӣ ва рафоқат ва самимияти зану мард дар зиндагӣ ва дилсӯзии онҳо нисбат ба фарзандон ва муҳаббати афроди башар ба якдигар намебуд башарият ва иҷтимоъоти инсонҳо суқут мекард ва нобуд мешуд.

Чунонки мебинем вуҷуди ин ҳама ҷиноёти тарснок, зулмҳо, тааддиҳо, одамкушиҳо, қатл ва ғоратҳо, ин ҳама талоқҳо ва ихтилофот дар шарқу ғарб ва дар шарқзадаҳо ва ғарбзадаҳо, ба хотири набуди сафо ва самимият ва рӯҳи маънавивят аст. Онҳо табдил ба ашёи мошинӣ ва берӯҳ шудаанд, ки дар вуҷудашон на аз ишқ ва сафо ва самимият асаре ёфт намешавад.

 Муҳаббат, маншаи иффат

Агар дили зан дар гарави ишқ ва муҳаббати ҳамсараш бошад, ҳеҷ омил ва сабабе наметавонад занро аз масири иффат ва покӣ хориҷ созад. Бисёре аз ихтилофҳо ва инҳирофҳо ва носозгориҳои занон ва фарзандон аз ҳамин нуқта оғоз мешавад, ки мардон нисбат ба зан ва фарзандони худ муҳаббати лозимро нишон намедиҳанд. Шаки нест, ки ҳар фарде бар асоси фитрат эҳтиёҷ ба муҳаббат дорад (2) ва ин ниёз дар зан ба маротиб бештар ва қавитар аст. Мард дар хона бояд ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ ва инояти хосс намояд, аз ҳар тариқи мумкин ба ҳамсари худ муҳаббат варзад ва эътимоди ӯро ҷалб кунад, ба тавре ки зан, ҳамсари худро дилсӯз ва меҳрубон ва фидокор биёбад. Ин амр барои устувор нигоҳ доштани низоми хонавода бисёр муассир аст чунонки бузургони мо ба он таваҷҷуҳи комил менамуданд. Имом Содиқ (алайҳиссалом) мефрмоианд:

«Муҳаббат варзидан ба ҳамсарон аз ҷумлаи авсоф ва ахлоқи Паёмбарон аст». (3)

Дар ҳадиси дигар ин гуна мефармоянд:

«Ҳар касе муҳаббаташ ба ҳамсари худ бештар бошад имонаш ба Худо бештар аст(4)». Ва «Касе бар мо аҳлу байт меҳрубонтар аст, ки бар ҳамсари хеш меҳрубонтар бошад (5)» низ, Расули гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармоянд:

«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки барои ҳамсарони худ беҳтаранд, ва ман беҳтарини шумо барои занони худ ҳастам».(6)

Имомони бузургвори мо бо ин тавсияҳои омӯзнда мехоҳанд конуни хонаро ба маҳалли амн ва осоиш табдил кунанд ва низоми хонаводагиро истеҳком бахшанд чӣ истимрори низомҳои бузурги иҷтимоӣ дар рӯйи замин аз хонаводаҳо нашъат гирифта ва аз нобудӣ ва фасод ва табоҳии низоми хонаводагӣ боиси фасод ва аз байн рафтани иҷтимоъоти бузурги башарӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.