Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон

88

6666

Савол: Ба шавҳарам гӯфтам, ки манро бештар дӯст дорӣ ё модаратро? Ӯ бидуни фолиса гуфт: Модарамро дӯст дорам. Аз он рӯзе, ки ин ҷумларо гуфт дорам оташ мегираму месузам. Оё ин ҳарфи ӯ дуруст буд?

Ҷавоб: Посухи эшон посухи хубӣ набудааст. Агар ҳамсари шумо заншинос буданд ин ҳарфро намезаданд. Мегӯфтанд, ки ҳамсари азизам ин чӣ сухане аст, ки шумо мезанед ман ҳам шуморо ва ҳам модарамро дӯст дорам. Ҳар гуле бӯе дорад ва ин як бархурди мантиқӣ аст. Албатта саволи хонумҳам хуб набудааст. Шумо вақте, ки издивоҷ кардед набояд саволҳои бехудию беҷо ва иштибоҳ бикунед. Масалан напурсед, ки хонум шумо қабл аз издивоҷ иртибот доштаед? Ин саволи шумоҳам саволи беҷоӣ будааст. Қуръони карим мефармояд: “Аз чизе, ки шуморо нороҳат мекунад савол накунед. Шавҳари шумо модарашро дӯст дорад ва ин як чизи табии аст. Вале ӯ шумороҳам дӯст дорад. Агар шавҳари шумо ба шумо ин тавр ҷавоб додааст ба хотири паёмҳои манфӣ будааст, ки саволи шумо ба ҳамсаратон додааст. Агар шумо хонум мард шинос будед то эшон мегӯфт, ки ман модарамро бештар дӯст дорам, шумо мегуфтед, ки боядҳам ҳаминтавр бошад, шумо модари манро дуст дори яъне модари шумо модари манҳам ҳаст. Баъд медидед, ки ин бархурд муъҷиза мекунад. Ва шавҳари шумо ба хотри гуфтани ин ҷумла эҳсоси гуноҳ мекунад ва паёмҳои мусбати баъдиро ба дунбол дорад. Ва ошиқоана шуморо дӯстатон хоҳад дошт. Ҳоло иштибоҳ кардаед ва бояд аз иштибоҳатон дарс бигиред. Бо ин эҳсос, ки доред месузед муқобила кунед. Зеро дигарон, ки шуморо мебинанд мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки шумо доред месӯзед, ҳатто агар чизи нагӯед. Ин афкор дар рафтори шумо асар хоҳад гузошт. Мумкин аст, ки шумо ҳуқуқи ҳамсаратонро риоят накунед ва ин сабаби нооромӣ бишавад. Ин қазияро комилан фаромӯш кунед ва ин хотираро аз зеҳни худатон дӯр кунед. Нагузоред ин масъала сабаби ихтилоф дар зиндагии шумо бишавад. Худованди мутаол ҳисси рақобатро барои рушд қарор додааст вале агар ин ҳисси рақобат табдил ба ҳасодат бишавад, ки паёмадҳои манфӣ дорад ва бунёни хонаводаро баҳам мезанад. Ҳеч ақли солиме ин корро намеписандад. Бояд эҳсосоту ғароизро мудирият бикунед. Агар мудирият кунанд чунин мушкилоте пеш намеояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.