Авомили эҷоди ихтилоф байни зану шавҳар

111

25

Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон

Авомили эҷоди ихтилоф байни зану шавҳар

Савол: Ба хотири азияту озорҳои хуштоманам хело аз ӯ метарсам. Ҳар вақт ба хонаи мо занг мезанад ё меояд ба шиддат дучори изтиробу тарс мешавам. Роҳнамоӣ бифармоед.

Ҷавоб:Ин хел хуштоманҳоҳам ҳастанд вале теъдодашон кам аст. Ман ба ин хуштомани арус мегӯям, ки шумо дӯст доред, ки фарзандатон, ки зан гирифтааст зиндагии ороме дошта бошад? Ин хостаҳои ҳар модаре аст, ки ниёзҳои фарзандаш бароварда бишавад. Вақте, ки шумо аруси худатонро озор медаҳед, нишоти ӯро мегиред ва дучори афсурдагӣ мешавад ва дигар наметавонад ниёзҳои фарзанди шумо ва ҳуқуқи ӯро риоят кунад. Ва фалсафаи издивоҷ зери савол меравад, зеро фалсафаи издивоҷ оромиш аст. Вақте шумо ӯро озор медаҳед ӯ наметавонад ба фарзанди шумо оромиш бидиҳад. Ман ба тамоми хуштоманҳо мегуям ба солҳои қабл баргардед, ки шумо худатон арус ҷавон будед. Интизор доштед, ки хуштоманатон бо шумо чи бархурде бикунад, аруси шумоҳам ҳамон интизорро аз шумо дорад. Шумо ба ин бовар бирасед, ки шумо барои як насли дигари ҳастед ва арусхонуми шумо барои насли дигар аст. Шумо барои ду насл ҳастед. Агар эътиқодоти шумоҳам мисли ҳам бошад ақидаҳоятон бо ҳам фарқ мекунад, салиқаатон бо ҳам фарқ мекунад. Пас талош накунед, ки салиқаҳоятонро бар арусатон бор кунед. Дигар инки шумо арусхонум ба дидаи фарзандонатон нигоҳ кунед. Қатъан ин асаргузор хоҳад буд. Агар рафтори мо бузургтарҳо дуруст бошанд фарзандон барои тули умри мо дуо мекунанд вале агар рафтори мо иштибоҳ бошад онҳо дучори истиресу изтироб мешаванд. Онҳо вақте моро мебинанд бояд дучори оромиш бишаванд. Вақте онҳо дучори истиресу истироб бишаванд мумкин аст, ки моро нафрин кунанд. Дар баъзе смсҳо мо дорем, ки барои хуштоманҳо орзуи марг мекунад. Чаро бояд инхели бошад? Ба арусхонумҳо ҳам мегӯем, ки ҳоло хуштомани шумо иштибоҳ мекунад, таъкиди ман ин аст, ки шумо муқобила ба монанди он накунед. Ин хело хатарнок аст. Мутмаинан рӯз ба рӯз кинаҳо ва душманиҳо бештар мешавад. Шумо муҳаббату меҳрубони кунед. Ӯ инсон аст ва Худо дар мо нафсӣ ба номи”лаввома” қарор додааст, ки моро сарзаниш мекунад. Достоне аст, ки арусхонуме қасд кард, ки хуштоманашро, ки хело ӯро озор медод аз байн барад. Ӯ пеши дӯстаташ, ки инсони фарихтае буд рафту гуфт: Доруи бидеҳ, то хуштоманамро аз байн бибарам. Ӯ гуфт, ки чун ҳама медонанд, ки шумо бо он мушкил доред ва агар доруи ба он бидаҳӣ ва ӯ бимирад ҳама мефаҳманд, ки кори ту аст ва туро мегиранд ва мекӯшанд. Дӯсташ гуфт, ки ман тарҳе дорам, ки ӯро оҳиста оҳиста аз байн бибарӣ. Ман як доруи медиҳам, ки дар муддати се моҳ бидеҳ то аз байн биравад. Вале аз вақте, ки ин доруро медаҳӣ ба ӯ муҳаббат кун, ки касе мутаваҷҷеҳи ин кори ту нашвад ва ангушти иттиҳом ба тарафи шумо набошад. Арусхонум қабул кард ва ин корро кард. Ду ҳафта баъд ӯ пеши дӯсташ омад, ки доруе бидеҳ, ки асари ин доруро аз байн барад, зеро хуштомани ман хело хуб аст ва ман ӯро хело дӯст дорам. Дӯсташ гуфт, ки ман медонистам, ки ту ба инҷо мераси ва он дору хатарнок набудааст. Пас аз муҳаббат хорҳо гул мешавад, дуруст аст. Бо унсури отифӣ метавонед ин мушкилро ҳал кунед.

You might also like
1 Comment
  1. купбон says

    Хело Оли ташакури зиед
    ташакур ба шумо хонандаи муҳтарам.

Leave A Reply

Your email address will not be published.