ЧӢ ГУНА ПӮСТИНРО (ПАЛТОРО) АЗ ЧИРК ТОЗА НАМУД

98

8

Чӣ бояд кард, агар шумо дар пӯстини  (пальтои) худ чиркро мебинед ва барои бурдан ба козургарии химиявӣ (химчистка)  ва интизори кашидан чанд вақте, ки онро шуста қоқ карда медиҳанд надоред ва на хоҳишу  на имкон доред. Шустани ин гуна либосро дар мошинаи либосшӯи манъ кардаанд, пас аз ин бармеояд, ки мо бояд  мустақилона чиркашро тоза намоем.

 Дастурамал:

Дар аввал гузоред, то доғи либос хушк гардад, баъд аз он метавонед чиркро бо ёрии чӯткаи оддӣ ва ё аз исфанҷе, ки бо он пойафзоли чарми нарми бахмалмонандро тоза мекунанд, истифода кунед. Агар доғ  пай монда бошад ва онро бо ёрии чӯтка ва исфанҷ   тоза карда натавонем, пас,  мо бояд аз омехтаи намак ва ҷавҳари навшодир (чор бар як) истифода намоем.  Аввал  латтаро ба ин омехта тар мекунем ва бо он доғро пок  намуда баъд бо оби тоза обгардон мекунем. Барои нест кардани доғ мо метавонем аз бензин низ  истифода намоем, аммо фақат дар он вақт, ки дигар илоҷи тоза кардани доғ намбошад.  Латтаро тар намуда бо он доғро  тоза мекунем, баъд аз ин намак ё талқ мепошем ва  чанд соат онро мегузорем ва баъд аз он пӯстинро бо чӯткаи пашмаш сахт тоза менамоем. Чирк ва  доғро бо ёрии собуни глитсеринӣ ва ё бо маҳлули косаву табақшӯӣ  низ тоза намудан мумкин. Аз ёд набароред, ки пеш аз он, ки аз маҳлулҳо истифода баред, дар аввал бояд дар як ҷои номаълуми пӯстин онро каме резед ва ним соат нигоҳ доред. Баъд аз он, ки ранги пӯстин тағйир наёбад, шумо метавонед аз он маҳлул истифода намоед. Аз хокаи либосшӯӣ  низ метавон истифода намуд ва онро ҳам пеш аз истифода кардан бо усули зикршуда санҷед ва баъд истифода баред.Қабл аз истифода бурдани ҳар гуна маҳлулҳои тамизкунанда ҳатман ба дастури дар либос буда , ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи он пешниҳод шудааст, диққат диҳед, зеро истифодаи маҳлулҳои кимиёви метавонанд сифати матоъро коҳиш диҳанд.Баъзеҳо барои тоза кардани  доғҳои либосҳои худ аз маҳлули спирту содда ва ғайра истифода мебаранд. Истифодаи чунин усулҳо ҳам бе санҷиш метавонанд сифати либоси шуморо коҳиш диҳанд.

 Чигуна палтои аз матои драп бударо тоза намуд?

Пӯстини аз матои драп буда шуморо аз сардӣ ва шамоли сахт хело хуб гарм нигоҳ медорад. Ҳангоми хуб нигоҳубин  шумо онро муддати чанд сол метавонед истифода намоед. Вале ҳама вақт дар чунин болопӯш  чанг, ришта ва ғайра зуд мечаспанд. Баъзе вақт барои тоза намудани пӯстин метавонед аз чӯтка истифода баред. Дар ҳолати аз ҳад зиёд чиркин  шудани пӯстин воситаҳои дигарро ба кор баред.

 Маводҳои лозимӣ:

  • Либосовезак
  • Чӯтка
  • Исфанҷ
  • Об
  • Хокаи либосшӯи барои либосҳои пашмин
  • Маҳлул барои тоза намудани чарми нарми бахмалмонанд ва ё марҳам барои қатрон кардани либос
  • Чӯтка аз пашми сахт ва мулоим
  • Дарзмоли буғӣ  ва ё дарзмоли  дастӣ бо латтаи тар

 Дастурамал:

Палтои драпро ба либосовезак овехта бо чӯтка аз тарафи хобаш тоза намоед. Хеле қулай аст агар аз чӯткаи тухмшакл (овальный) истифода бурдан. Агар баъд аз чӯтка намудан боз ягон патчаҳо монда бошад, кафи дастатонро тар намуда тоза намоед.  Метавонед аз исфанҷи мулоим истифода баред. Хокаи либосшӯиро ба рӯйи палто бипошед ва бо чӯткаи нам онро пок намоед. Одатан ингуна либосшӯии хушк ба матои драп тароват мебахшад. Чӯткаро дар марҳами либосшӯи тар намуда бо он матоъи драпро тоза намоед. Баъд  онро ба либосовезак овехта чӯткаро дар оби тоза обгардон намуда боз маротибаи дигар матоъро аз тарафи хобаш тоза менамоем.

Ба назар гиред, ки баъзе палтоҳои драпро дар мошинаи либосшӯӣ бо истифода аз хокаи махсуси либосшӯӣ тоза мекунанд. Аммо мумкин баъд аз шустани палтои драп ченаки он хурд гардад. Агар либосшӯии бо тарзи хушк ва нам чирки онро тоза нанамояд, пас, онро мебояд ба козургарии химиявӣ (химчистка) супорид. Бисёре аз матоъи палтоҳо бо моддаҳои ҳалкунанда  тез тоза мешаванд ва сифаташон  дигар намешавад.

 Манбаъ: Бонувони тоҷик

Фотима С.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.