Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 8

107

000000000000000000000000000000076bgf_260_220Савол: Модаршавҳари ман байни ман ва келинҳои дигараш хеле фарқ мегузорад ва ин сабаб шуда, ки ман ӯро бад бубинам ва ин бадбинӣ зиндагиямро таҳти таъсир қарор дода аст. Робитаам бо шавҳарам вайрон шудааст. Оё рафтори модаршавҳари ман дуруст аст? Ман бояд чикор кунам?.

Ҷавоб: Қатъан ин рафтори модаршавҳар дуруст нест ва сабаб мешавад, ки ҳам келин аз дасти модаршавҳар кина ба дил бигирад ва ҳам сабаб мешавад, ки робитаи ин келин бо дигар занои ҳевараш вайрон бишавад. Ва сабаби бавуҷуд омадани кина бишавад. Имом Боқир (а) мефармуданд: ки ман Содиқро бештар аз ҳамаи фарзандонам дӯст медорам вале ба ӯ таваҷҷӯҳи вижа намекунам. Имом Боқир (а) дуто писар ва панҷто духтар доштанд, имом мефармуд, ки ман байни Содиқ ва дигар фарзандонам фарқе намегузорам зеро метарсам, ки ҳамон балое, ки бародарони Юсуф барсари Юсуф оварданд бародарони Содиқ сари Содиқ биёваранд. Ин калом диққати имомро мерасонад. Муҳаббати қалбӣ дасти худи инсон нест ва ғайри иродӣ аст. Инсон наметавонад худашро маҷбур кунад, ки дигаронро бештар дӯст дошта бошад. Дар зоҳир набояд табъиз қоил шуд. Мо бояд мисли хуршед бошем, ки бидуни табъиз бар ҳама битобем.Мо дорем мардоне, ки бахотири ин хонаводаи зан ба домоди ҷадид хеле аҳмият медиҳанд ва аз назари ҷаҳизия байни онҳо фарқ гузоштаанд, аз хонаводаи зан кина бадаст гирифтааст. Мумкин аст, ки хонаводаҳое барои духтари аввалашон ҷаҳизияи хеле зиёде надодаанд ва тавони молӣ надоштаанд ва ба духтари охирияшон ҷаҳизияи бештаре додаанд, ин хонаводаҳо бояд навъе ин камбудро бо хариди ҳадя барои духтари аввалашон ҷуброн кунанд. Гоҳе шумо бо адабиёт ва лаҳни калом байни арусҳо фарқ мегузоред. Гоҳе чеҳраи шумоҳам байни онҳо фарқ мегузорад. Шумо бо забони бадан байни келинҳо фарқ мегузоред яъне ба яке лабханд мезанед ва ба дигари қавоқ меандозед. Пайғамбар (с) вақте иддае назди эшон буданд ба ҳама яксон нигоҳ мекарданд ва лаҳзаҳояшонро байни онҳо тақсим мекарданд. Мо бояд омузаҳои динии худамонро улгу қарор диҳем. Ҳаркас вазифае дорад. Модаршавҳар набояд байни келинҳояш табъиз қоил бишавад вале шумо хонуми азизҳам бояд дилатонро дарёитар кунед. Агар дили инсон дарёи бишавад, ин чизҳо дили инсонро такон намедиҳад. Агар як ҳавопаймои бузург дар дарё биюфтад ҳеҷчиз намешвад вале агар як кафш шумо дар ҷуб биюфтад комилан маълум мешавад. Мо бояд тамрин кунем ва ҳассосияти зиёде нишон надиҳем. Ҳарқадар сиаи садри мо бештар бишавад таҳаммули ин масоил барои мо осонтар мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.