Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 9

142

images_IntrestnothingСавол: Зани ҳевари ман ба зиндагии ман хеле ҳасодат мекунад ва борҳо қасд карда, ки робитаи самимии ман ва ҳамсар ва модаршавҳарамро баҳам бизанад. Ман қасд кардам, ки дигар бо ӯ ҳеҷ рафтуомаде надошта бошам. Роҳнамои бифармоед.

Ҷавоб: Ҳасодат як сифати разила ва нописанд аст, ки қабл аз инки шахси ҳасуд ба шумо зарба бизанад ба худаш зарар мезанад. Ҳасодати офатҳо дорад ва асари физиюлужӣ рӯи инсон дорад зеро ҳасодат рӯи системи асабии инсон асар мегузорад ва инсони ҳасуд ҳеҷгуна оромиш надорад.

Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: ҳасад, ҷасадро азбайн мебарад. Рафтори зани ҳевари шумо дуруст нест вале инки шумоҳам бихоҳед бо ӯ рафтуомад накунед кори дурусте нест. Агар шумо робитаи хонаводагиятонро қатъ кунед ин қатъи раҳм ба ҳисоб меояд ва зарарҳои зиёде дорад ва дудаш ба чашми шумо меравад. Агар шумо робита надошта бошед ва ба ҳамсаратон бигуед, ки ту танҳо бирав, ки инҳам кори хубе нест. Хуб аст, ки шумо равобитро мудирият кунед. Шумо робитаро камтар кунед вале қатъ накунед ва бо инкор заминаи ҳасодат камтар мешавад. Ин зан бояд шириниҳои зиндагияшро ба зани ҳевараш нагуяд. Агар Худо неъматҳое ба шумо дода аст шумо нагуед. Ин омузаҳои динӣ аст. Пайғамбар Акрам (с) мефармоянд: Агар Худо ҳоҷатҳои шуморо бартараф мекунад онро бипушонед зеро ҳар инсоне, ки соҳиби неъмат аст, дигарон ба ӯ ҳасад мекунанд. Ман мувофиқ нестам, ки робатаатонро қатъ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.