Омӯзиши фарзанд

74

images

Аҳаммияти омӯзиш:

Аҳамияти илм дар Ислом бар касе пӯшида нест, ба гунае ки агар шахсе танҳо овозае аз Исломро шунида бошад, қадр ва манзалати бисёр волои илм ва олимро тасдиқ хоҳад кард, зеро Худои Доно дар аввалин иртиботи каломии худ бо Паёмбари Гиромии Ислом(с), ба хондан амр мекунад ва худро ба сифати муаллиме меситояд, ки ба инсон он чиро намедонист омухт:

اقْرَأ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذي خَلَقَ * خَلَقَ الْإِنْسانَ مِنْ عَلَقٍ * اقْرَأْ وَ رَبُّكَ الْأَكْرَمُ * الَّذي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ عَلَّمَ الْإِنْسانَ ما لَمْ يَعْلَمْ

“Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳама чизро) офарид. Инсонро аз (хуни бастаи) овезон офарид. Бихон дар ҳоле ки Парвардигорат арҷумандтар аст, (ҳамон) касе, ки бо қалам биёмӯхт, ба инсон он чиро намедонист омӯхт”[1].

Дониш ва донишомухтан дар ислом он қадр аҳаммият дорад, ки Худованд дар Қуръони Карим ба қалам савганд ёд кардааст:

<ن وَ الْقَلَمِ وَ ما يَسْطُرُونَ> “Нун, савганд ба қалам ва он чи менависанд!”.[2]

Дар ояи дигар бартарии илм ва олимро назди виҷдони инсонҳо собит медонад ва мепурсад:

<هَلْ يَسْتَوِي الَّذينَ يَعْلَمُونَ وَ الَّذينَ لا يَعْلَمُون> “Оё касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд яксонанд?!”.[3]

Паёмбари Акрам(с) дар оғози рисолат бар аҳаммияти илм ва илмомӯзи таъкид ва мардумро ба он ташвиқ мекард, чунон ки дар ҳадисе омадааст.

وَ خَرَجَ3 فَإِذَا فِي الْمَسْجِدِ مَجْلِسَانِ مَجْلِسٌ يَتَفَقَّهُونَ وَ مَجْلِسٌ يَدْعُونَ اللَّهَ وَ يَسْأَلُونَهُ فَقَالَ كِلَا الْمَجْلِسَيْنِ إِلَى خَيْرٍ أَمَّا هَؤُلَاءِ فَيَدْعُونَ اللَّهَ وَ أَمَّا هَؤُلَاءِ فَيَتَعَلَّمُونَ وَ يُفَقِّهُونَ الْجَاهِلَ هَؤُلَاءِ أَفْضَلُ بِالتَّعْلِيمِ أُرْسِلْتُ ثُمَّ قَعَدَ مَعَهُمْ

“Ҳазрат рӯзе вориди масҷид шуданд ва бо ду ҳалқаи ҷамъият мувоҷеҳ шуданд: дастае ба баҳси илмӣ пардохта ва дастаи дигар ба ибодат машғул буданд. Ҳазрат фармуданд: Ҳарду гурӯҳ бар савобанд, аммо ман барои таълим фиристода шудаам ва худ ба гурӯҳи аввал пайвастанд.”

Ин ба сабаби эҳтимоме буд, ки Ислом ва Паёмбари Акрам(с) ба амри таълиму тарбият ба вижа таълиму тарбияти кӯдакон доштанд, ба гунае ки ҳатто аз асирони ҷангӣ дар ин замина баҳра мебурд.

Муқризӣ нақл мекунад:

وَكانَ فِي اْلاَسْرى مَنْ يَكْتَُبْ، وَلَمْ يَكُنْ فِي اْلاَنْصارِ مَنْ يَحْسُنُ اْلكِتابَةَ، وَكانَ مِنْهُمْ مَنْ لا مالَ لَهُ، فَيُقْبَلُ مِنْهُمْ أنْ يُعَّلِمَ عَشْرَةَ مِنْ اْلغِلْمانِ، وَيَخْلِي سَبِيْلَهُ، فَيَوْمَئِذٍ تَعَّلَمَ زَيْدُ بْنُ ثابِتْ اْلكِتابَةَ فِيْ جَماعَةٍ مِنْ غِلْمانِ اْلاَنْصارِ…

“Дар миёни асирони ҷанги ”Бадр” бархе бо савод буданд, вале дар миёни ансор касе, ки саводи комиле дошта бошад набуд. Бархе аз ин асирон молу маноле надоштанд, ки дар баробари озодии худ бипардозанд. Паёмбар(с) фармуданд: Ин идда аз асирон метавонанд дар баробари озодии худ, ба даҳ нафар аз кӯдакони ансор савод биёмузанд. Зайд ибни Собит аз касоне буд, ки дар миёни ин кӯдакон аз асирон савод омӯхт”.[5]

Бинобар ин, аз он чи баён шуд рӯшан мешавад, ки аҳаммияти илм ва омӯзиш дар Ислом қадр ва манзалати бисёр волое дорад.[6]

 

[1]. Сураи Алақ, ояти 1‑ 5.

[2]. Сураи Қалам, ояти 1.

[3]. Сураи Зумар, ояти 9.

[5]. Сайидҷаъфари Муртазо, Ассаҳеҳ мин сиратин Набийил Аъзам(с), ҷ.5, саҳ.129.

[6]. Сайидалӣ Ҳусейнизода, Тарбияти фарзанд, саҳ. 155.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.