Дуо дар ҳаққи фарзандон

168

2552245188261522452532122513414221201148

Падару модар аз онҷое ки фарзандро самараи ҳаёти худ медонанд барои хушбахтӣ ва саодати ӯ талош мекунанд. Яке аз ин талошҳо дуо кардан дар ҳаққи онҳост ва Ислом нақши бисёр муассире барои дуои волидайн дар хуб ё бад шудани оқибати кори фарзандон қоил аст ва онро яке аз мавориди дуои мустаҷоб шумурдааст. Паёмбари Акрам(с) ва Аҳли байт(а), ин дарсро амалан ба мо омӯхтаанд. Онон барои хубии сарнавишти ояндаи фарзандонашон аз Худо кӯмак мехостанд ва ба ниёиш мепардохтанд.

Ҳазрати Иброҳим(а) барои худ ва фарзандонаш чунин дуо мекунад:

<رَبَّنا وَ اجْعَلْنا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَ مِنْ ذُرِّيَّتِنا أُمَّةً مُسْلِمَةً لَك>‏ََ “[Эй] Парвардигори мо! Моро таслими худ қарор деҳ ва аз насли мо, уммати фармонбардори худ (падид ор)”.[1]

Ҳоло ки ба аҳаммияти дуои волидайн барои саломатӣ ва саодати фарзандон воқиф шудем, ин воқеиятро дар сира ва суханони Паёмбар(с) ва Аҳли байт(а) ҷустуҷу мекунем:

Дуои Паёмбар(с) барои кӯдакон:

Оиша(рз) гӯяд:

[كَانَ رَسُوْلُ اللّه يُؤْتى بِالصِّبْيانِ فَيَدْعُوْ لَهُمْ وَ يُبَرِّ كُ عَلَيْهِمْ…]

“Равиши Паёмбар(с) ин буд, ки кӯдаконро ба маҳзараш меоварданд ва он ҳазрат барои онон дуо ва талаби хайру баракат мефармуд”.[2]

Се дуо мустаҷоб аст:

Имоми Содиқ(а) мефармояд:

[ثَلَاثُ دَعَوَاتٍ لَا يُحْجَبْنَ عَنِ اللَّهِ، دُعَاءُ الْوَالِدِ لِوَلَدِهِ إِذَا بَرَّهُ وَ دَعْوَتُهُ عَلَيْهِ إِذَا عَقَّه…‏ ]

“Се дуост, ки аз лутф ва раҳмат ва истиҷобати Илоҳӣ маҳрум намемонад, ки яке аз он дуои падар барои фарзанди худ аст, дар сурате ки ба падар некӣ карда бошад ва нафринаш дар сурате ки ба падар бе меҳрӣ ва аз ӯ нофармонӣ карда бошад”.[3]

 Иртиқои дараҷа бо истиғфори волидайн:

Абулқосими Куфӣ аз Паёмбари Акрам(с) ривоят мекунад, ки фармуд:

[إِنَّ الْعَبْدَ لَيُرْفَعُ لَهُ دَرَجَةٌ فِي الْجَنَّةِ لَا يَعْرِفُهَا مِنْ أَعْمَالِهِ فَيَقُولُ: رَبِّ أَنَّى لِي هَذِهِ؟ فَيَقُولُ: بِاسْتِغْفَارِ وَالِدَيْكَ لَكَ مِنْ بَعْدِكَ]

“Бандаеро дар биҳишт як дараҷа болотар мебаранд, ки онро дастоварди аъмоли худ намедонад. Ба Парвардигор арз мекунад: Парвардигоро! Ин дараҷа аз куҷо ба ман дода шудааст? Худованд мефармояд: Ба хотири талаби омурзише, ки падару модарат пас аз ту бароят анҷом доданд”.[4]

Ҳазрати Иброҳим(а) ва дуоҳои созандаи ӯ барои худ ва фарзандонаш:

Дар оёти Қуръони Карим, шахсияти ҳазрати Иброҳим(а) хадамоти ӯ ва қисмате аз тақозоҳои ӯ, ки шомили ҷанбаҳои моддӣ ва маънавӣ буд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз маҷмуи баҳсҳои матраҳ шуда дар Қуръон, метавон истифода кард, ки ин паёмбари бузург метавонад ба унвони улгуӣ барҷаста барои ҳамаи ҳақталабон қарор гирад ва мактабаш ба унвони як мактаби инсонсоз метавонад мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирад.

Гарчи дар Қуръон мустақиман мавоизе аз ҳазрати Иброҳим(а) нақл нашудааст, аммо дуоҳо ва дархостҳои ӯ нисбат ба фарзандон ва зуррияаш ҳикоят аз рӯҳияи хайрхоҳонаи ӯ нисбат ба онон дошта ва моҳияти ҳамчун мавоизи падарона дар ҳакқи фарзандонашон дорад.  Ҳамчунин диққат дар маъно ва мафҳуми ин дуоҳо метавонад эҳтимоми фаровони ин шахсияти илоҳиро ба мавзӯоти мавриди дархосташ нишон диҳад. Аз ин ру, ба баёни онҳо пардохта мешавад.

 А: Дархости тавфиқ бар иҷтиноб аз бутпарастӣ:

Яке аз дуоҳои ҳазрати Иброҳим(а) он аст, ки ӯ ва фарзандонашро аз парастиши бутҳо ҳифз кунад. Чунон ки Худованд дар Қуръони Маҷид мефармояд:

 <وَ إِذْ قالَ إِبْراهيمُ رَبِّ اجْعَلْ هَذَا الْبَلَدَ آمِناً وَ اجْنُبْني‏ وَ بَنِيَّ أَنْ نَعْبُدَ الأَصْنامَ>

“Ва (ёд кун) ҳангомеро ки Иброҳим гӯфт: Парвардигоро! Ин сарзамин (Макка)-ро амн қарор деҳ ва ман ва писаронамро аз парастиши бутҳо дур дор”.[5]

Дар тафсири ин оя гӯфта шудааст, ки: «Дархости Иброҳим(а), “ки ӯ ва фарзандонашро аз парастиши бутҳо нигаҳ дор” паноҳандагии ӯст ба Худои Таоло аз шарри гумроҳкардане, ки ӯ ба бутҳо нисбат додааст. Албатта ин дур кардан ба он ҳад нест, ки бандаро беихтиёр созад, чун чунин дур кардане камол нест, ки шахсе мисли Иброҳим(а) онро аз Худо масъалат намояд».[6]

Ба иборати дигар ӯ аз Худо мехоҳад, ки худ ва фарзандонашро аз парастиши бутҳо ҳифз кунад, дар сурате ки худ онҳоро бихоҳанд, на ин ки онҳоро ҳифз кунад, чи бихоҳанд ва чи нахоҳанд ва далили ин матлаб низ дар ояти баъд омадааст. Он ҷо ки мефармояд:

<…فَمَنْ تَبِعَني‏ فَإِنَّهُ مِنِّي وَ مَنْ عَصاني‏ فَإِنَّكَ غَفُورٌ رَحيمٌ> “… Ва ҳар кас аз ман пайравӣ кунад, пас дар воқеъ ӯ аз манаст ва ҳар кас маро нофармонӣ кунад, пас баростӣ, ки ту бисёр омурзандаи меҳрварзи”.[7]

Бо ин баён гӯё хостааст бигӯяд: Ҳар кӣ дар амал ба шариат ва роҳу равиши ман амал кунад ӯ ба манзалаи фарзандони ман аст ва ҳар кӣ дар амал бар хилофи шариатам рафтор намояд, чи аз фарзандонам бошад ё набошад, машмули дуоҳои ман намешавад балки, ӯро ба мағфират ва раҳмати худат месупорам.

Б: Дархости убудияти холисонаи худ ва фарзандонаш:

Бахши дуввуми дуои ҳазрати Иброҳим(а), ки фарзандонашро дар он ширкат додааст ин оя мебошад:

<رَبِّ اجْعَلْني‏ مُقيمَ الصَّلاةِ وَ مِنْ ذُرِّيَّتي‏…> “Парвардигор! Ман ва бархе аз фарзандонамро барпокунандаи намоз қарор деҳ”.[8]

Дар тафсири ин оя гуфта шудааст, ки дуои ҳазрати Иброҳим(а) ба даргоҳи Парвардигор барои тавфиқ ёфтани худ ва фарзандонаш, барои эҳёи фаризаи намоз дар ҷомеа будааст.[9]

Ҳамчунин ҳазрати Иброҳим(а) дар ояти 37 ҳамин сура, ҳадафи худ аз искон додани бархе аз фарзандонаш дар канори хонаи Худоро тавфиқ ёфтани онон барои барпо крдани намоз ва убудияти холисонаи Парвардигор баён намуд.[10]

 Ҳалимҷон Саид

[1]. Сураи Бақара, ояти 128.

[2]. Муснади Абияъло, ҷ.8, саҳ. 88, Канзулуммол, ҷ.7, саҳ. 296.

[3]. Шайхи Тусӣ, Аламолӣ, саҳ. 280.

[4]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ. 175.

[5]. Сураи Иброҳим, ояти 35.

[6]. Тафсири Алмизон, ҷ.12, саҳ. 99.

[7]. Сураи Иброҳим, ояти 36.

[8]. Сураи Иброҳим, ояти 40.

[9]. Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, тафсири Роҳнамо, ҷ.9, саҳ. 128.

[10]. Ҳамон, ҷ.9, саҳ. 119.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.