Ҷавонӣ

87

images5

Таърифи «Ҷавонӣ»

Вожаи «ҷавонӣ» ё «барно» дар забони форсӣ ба маънои ҳар чизе аст, ки аз умри он чандон нагузашта бошад;[1] аммо дар фарҳанги арабӣ, ду таъбири роиҷ дар мавриди ҷавон вуҷуд дорад: яке «фато»[2] ва дигарӣ «шобб». Аввалӣ аз решаи «фато/фатв (таровату шодобӣ)» ва дуввумӣ аз решаи «шабаб (шукуфоӣ ва бархўрдорӣ аз ҳарорат)» аст.

Нуктаи қобили таваҷҷўҳ ин ки наметавон муайян кард, ки даврони ҷавонӣ аз кай оғоз мешавад ва кай поён меёбад. Дар ин бора омадааст:

Аз назари ҳуқуқӣ ду давраи синнӣ ба расмият шинохта шудааст: туфулият ва бузургсолӣ. Дар ин миён давраи навҷавонӣ ва ҷавонӣ ношинохта аст ва ба ҳамин далел наметавон таърифи дақиқе аз навҷавон ва ҷавон ироа намуд.[3]

Ҳамчунин дар китобе, ки ахиран тавассути ҷамъе аз барҷастатарин пажўҳишгарони ҳавзаи ҷавонон таҳия шуда, дар таърифи «ҷавонӣ» омадааст:

Истилоҳи «ҷавонӣ» бо таваҷҷўҳ ба заминаи он, маъноҳои мухталифе дорад. Ин нукта махсусан дар мавриди ин гузориш мисдоқ дорад. Дар бахши нахуст, «ҷавонон» ба унвони як рақами оморӣ талаққӣ мешаванд ва афродеро, ки синни онҳо байни 15 то 24 сол аст дар бар мегирад. Ин тақсимбандӣ барои суҳулати муқоиса анҷом шудааст, зеро ин гурўҳи синнӣ гурўҳе аст, ки дар мавриди он, иттилооти қобили дастрас тадорук дида шудаанд. Дар ҳар ҳол ҳангоме ки истифода аз истилоҳи «ҷавон» бар мабнои кишвари хоссе мадди назар қарор мегирад, маҳдудаи синнии фавқ ағлаб хеле кўчак аст. Барои мисол гузориши тавсиаи инсонии барномаи умрони милали муттаҳид дар соли 2000 барои Урдун бар ин нукта таъкид дорад, ки: «Ҷавон касе аст, ки синни ў байни 15 то 29 сол бошад».[4]

Он чӣ дар гузориши тавсиаи инсонии барнома милали муттаҳид дар таъйини синни ҷавон омадааст, ҳамонҳанг бо ривояте аз Имом Содиқ (а) дар ин бора аст, ки мефармояд:

Ҳангоме ки синни мард аз 30 сол гузашт, «каҳл (миёнсол)» аст ва вақте ки аз чиҳил гузашт, «шайх (пир)» номида мешавад.[5]

Мафҳуми ин сухан он аст, ки даврони ҷавонӣ бо булуғ, яъне 15 солагӣ оғоз мешавад ва то 30 солагӣ идома дорад.

Бар пояи он чӣ гузашт, даврони ҷавониро ба даврони рушд, шукуфоӣ, шодобӣ ва гармии зиндагӣ метавон таъриф кард. Бинобар ин, таърифи даврони ҷавонӣ мумкин аст дар аъсори мухталифи таърих мутафовит бошад, чунон чи шоири араб дар асре, ки нерў ва шодобии ҷавонон тўлони будааст, сурудааст:

Вақте ки ҷавон дусад сол умр кунад,

Хушруиву шодобӣ аз байн биравад.[6]

Бинобар таърифи ёдшуда метавон гуфт, ки ҷавонӣ дар афроди мухталиф низ мутафовит аст ва ба ин тартиб ихтилофи вожашиносон дар таъйин маҳдудаи даврони ҷавонӣ низ қобили тавҷеҳ аст.[7]

[1] Дар Луғатномаи Деҳхудо ва Фарҳанги Амид, ҷавон чунин маъно шудааст: инсон ё ҳайвон ё дарахт, ки ба ҳадди миёнаи умри табиии худ расида бошад.

[2] Дар забони араб, инсон аз ҳангоме, ки дар раҳими модар аст то ҳангоми пирӣ номҳое ба тартиби ин шарҳ дорад: 1.Пеш аз таваллуд: ҷанин, 2.Пас аз таваллуд: валид, 3.Ширхорагӣ: разиъ, 4.Аз шир гирифта шуда: фатим, 5.Бо дасту по роҳ меравад: дориҷ, 6.Ба панҷ ваҷаб расида: хумосӣ, 7.Дандонҳояш афтода: масғур, 8.Дандонҳояш рўида: мусағғар, 9.Болотар аз даҳсолагӣ: мутараъраъ ва ношӣ, 10.Наздики эҳтилом ё расидан ба ин син: ёфаъ ва мароҳиқ, 11.Пас аз эҳтилом ва барўмандӣ: ҳарур (ва дар ҳамаи ин ҳолот ба вай «ғулом» гуфта мешавад), 12.Сабзаҳои мўйлабаш рўида: қад бақала ваҷҳуҳ, 13.Ҳангоме ки чеҳрааш тароват ёфта: фато ва шорих, 14.Ба ниҳояти ҷавонӣ расида: муҷтамаъ, 15.Мобайни сисолагӣ ва чиҳилсолагӣ: шоб, 16.Аз чиҳилсола то шастсолаг: каҳл (ва гуфта шуда аз 34 то 51 сола каҳл аст), 17.Аз ин ба баъд: шайх. (Биҳор-ул-анвор, ҷ. 60, саҳ. 351, ба нақл аз Сирр-ул-адаб).

[3] Гузориши миллии ҷавонон, соли 1381, саҳ. 490.

[4] Гузориши вазъияти ҷаҳонии ҷавонон, 2003, саҳ. 81.

[5] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 75, саҳ. 253.

[6] Мўъҷаму мақойис-ил-луғат, ҷ. 4, саҳ. 474.

[7] Ниг: Луғатномаи Деҳхудо, вожаҳои «шоб» ва «куҳул».

You might also like
1 Comment
  1. Amir Emri tjk says

    Бисёр оличаноб ташаккури зиёд ба масули ин расона!

Leave A Reply

Your email address will not be published.