Рӯзадорӣ ва хоб

96

4fcd16c9f549614d115080eaa17891e6_L

Тағйири шеваи зиндагӣ дар моҳи Рамазон мунҷар ба таъхир дар вақти хобу бедорӣ ва коҳиши хоби амиқ мешавад. Авомили гуногуне, аз ҷумла улгӯи дарёфти ғизоӣ ва тағйири замони хоб метавонад вақту сифати хобро дар моҳи Рамазон тағйир диҳад.

Ба гузориши ИРНА, ба манзури коҳиши омилҳои халалрасони хобе, ки боиси тағйири шеваи зиндагӣ дар моҳи Рамазон мешавад, риояти мавориди зер тавсия мегардад:

– коҳиши масрафи ғизоҳое, ки кабӯдӣ доранд;

– қабл аз хоб камтар хӯрдани қаланфур ва нӯшобаҳои таҳрикдиҳанда, мисли қаҳва;

– афзоиши фосилаи замонӣ байни охирин вақти хӯрокхӯрӣ ва хоб;

– саъй дар хобидан дар як соати муайян дар шабҳои моҳи Рамазон (масалан, ҳар шаб соати 10 бихобед).

Чӣ авомиле хоби шабонаро дар моҳи Рамазон ба таъхир меандозад?

Ба ҷуз ғизоҳои муҳаррик ва наздик будани замони сарфи ғизо бо замони хоб мувоҷеҳ шудан бо равшанӣ, ҳатто нури маснӯӣ қабл аз хоб ва варзиш кардан дар соатҳои поёнии рӯз хобро ба таъхир  меандозад. Ба ҳамин иллат аст, ки дар моҳи Рамазон бархе афрод, замоне ки бояд хоб бошанд, бедор мемонанд ва дар натиҷа, кулли замони хоб коҳиш меёбад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.