Дуои моҳи мубораки Рамазон.

110

Дуои моҳи мубораки Рамазон. Худоё, ба мурдагон ва а ҳли қабристон шодиву сурур ворид кун! Худоё, ҳар фақиреро бениёз кун! Худоё, ҳар гуруснаеро сер гардон! Худоё, ҳар бараҳнаеро бипӯшон! Худоё, қарзи ҳар қарздореро адо кун! Худоё, андӯҳи ҳар ғамгинеро бартараф намо! Худоё, ҳар ғариберо ба ватан бозгардон! Худоё, ҳар асиреро озод кун! Худоё, ҳар фасодеро, ки дар кори мусулмонон ҳаст ислоҳ фармо! Худоё, ҳамаи беморонро шифо бидеҳ! Худоё, роҳи нуфузи фақр дар зиндагии моро бо бениёзиат бибанд! Худоё, ҳоли бади моро бо хубии ҳоли худ тағйир бидеҳ! Худоё, қарзи мо адо ва моро аз фақр бениёз кун! Дар ҳақиқат ту бар ҳар чизе тавоноӣ!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.