Таъсири бозӣ

65

 

Кӯдакон ҳадияҳои Илоҳӣ ҳастанд, ки бо сиришти пок, по ба ҷаҳони ҳастӣ мегузоранд. Аз онҷо, ки кӯдакон фитрати пок доранд, бар уҳдаи волидайн ва мурабиён аст то бо тарбияти саҳеҳ, онҳоро аз инҳироф дур нигоҳ доранд.

 Асарот боварнакардании бозӣ

Меҳрубонӣ ва унс бо кӯдак, нақши муҳимме дар тарбият ва шукуфоии истеъдодҳои дарунии ӯ дорад. Кӯдакон дар ҳар сину соле, ниёзманди таваҷҷуҳ ва эҳтиром ҳастанд. Аз ин рӯ волидайн бояд бо диққат хостаи онҳоро посух гӯянд. Рӯҳи зариф ва ҳассоси кӯдакон бо рафторҳои насанҷида, нороҳат ва пажмурда мешавад.

Бинобарин бояд аз ҳаргуна таҳқир ва тамасхури онҳо ва ба забон овардани айбҳо ва хатоҳояшон хусусан дар миёни ҷамъ, парҳез кард. Гуфтаанд рӯзе марде дар назди Паёмбар(с), ба хотири коре, ки фарзандаш анҷом дода буд, аз ӯ айбҷӯӣ кард. Паёмбар(с) аз ин масъала нороҳат шуд ва фармуд: «Фарзандат тире аз тирҳои туст.»

Яъне фарзандат сармоя ва захираи ояндаи туст ва ту бо иҳонат ба шахсияти ӯ ҳам ба худат зарба мезанӣ ва ҳам фарзандеро таҳқир мекуни, ки дар оянда мададкор ва пуштибони ту мешавад. Паёмбари Ислом (с) дар сухане фармуд: «Фарзандони худро эҳтиром кунед то аз омурзиши илоҳӣ бархурдор шавед.»

Яке аз омӯзаҳои Ислом, меҳрварзӣ ба кӯдакон ва нишотбахшӣ ба онҳост. Ҳамроҳии падару модар дар бозии кӯдак, харидани пӯшоки муносиб барои ӯ, қисса гуфтан ҳангоми хоб ва ё додани ҳадия, фарзандро шод ва хушнуд мекунад.

Кӯдак ончиро, ки дар анҷоми бозӣ ёд мегирад, бар хеш меафзояд ва ин омӯзиш дар рушди шинохтӣ ва отифии ӯ муассир аст. Аз бозӣ барои таълим ва омӯзиши мавзӯоти илмӣ, маҳоратҳои иҷтимоӣ ва усули ахлоқӣ метавон истифода кард.

Аз назари Ислом, масъулияти падару модар танҳо идораи зиндагии модӣ ва таъмини ниёзҳои ҷисмонии кӯдак нест.

Посухгӯӣ ба ниёзҳои отифӣ ва равонии кӯдак ва таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои тарбиятии ӯ низ бар ӯҳдаи волидайн аст. Вазифаи волидайн дар баробари фарзандон он чунон ҳассос аст, ки Имом Саҷҷод(ъ) дар ҷиҳати анҷоми ин масъулият, аз Худованд кумак металабад ва чунин дархост мекунад, ки: «Худо маро дар тарбият ва бо адаб кардани фарзандонам ёрӣ ва мадад фармо.»

Агар волидайн битавонанд аз ибтидои кӯдакӣ, робитаи хубе бо фарзандони худ барқарор кунанд, дар таъмини ниёзҳои отифӣ ва равонии онҳо муваффақ мешавад. Бешак, дар даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ низ иртиботи беҳтар ва солимтаре бо онҳо хоҳанд дошт.

Аз онҷо, ки вазифаи аслии волидайн, шукуфосозии истеъдодҳои кӯдакон аст, Ислом ҳар ончиро барои расидан ба ин ҳадаф муфид бошад, пазируфтааст ва аз волидайн мехоҳад, ки заминаи рушди кӯдакро фароҳам кунанд.

 Бозӣ ва истифода аз асбоббозӣ

Бозӣ ва истифода аз асбоббозӣ (бозича) азҷумла заминаҳои рушд барои кӯдак аст ва ба ӯ фурсат медиҳад то ҷанбаҳои ҷисмӣ, отифӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсияти худро тақвият кунад.

Ба бовари равоншиносон ва ҷомеашиносон, бозӣ ва асбоббозӣ, дар рӯҳия ва шахсияти кӯдакон таъсири зиёд мегузорад. Кӯдакон ва навҷавонон аз тариқи бозӣ, нақшҳои иҷтимоиро меомӯзанд ва бо улгуҳо ва ҳанҷорҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи худ ошно мешаванд.

Бинобар таҷруба ва пажӯҳишҳои равоншиносоне чун Жан Пиаже, кӯдак ончиро, ки дар ҳангоми бозӣ ёд мегирад, бар хеш меафзояд ва ин омӯзиш дар рушди шинохтӣ ва отифии ӯ саъсиргузор аст.

Бози муассиртарин ва аслитарин роҳи ёдгирӣ барои кӯдакон аст. Аз ин рӯ метавон бо барномарезии аз пеш таъйин шуда, аз бозӣ барои таълим ва омӯзиши мавзӯоти илмӣ, маҳоратҳои иҷтимоӣ ва усули ахлоқӣ баҳра бурд.

Бозӣ ниёзи табии кӯдак аст ва агар нисбат ба он беаҳаммиятӣ шавад, кӯдак рушди солим намекунад.

Бозӣ нақши муҳимме дар парвариш ва шукуфоии истеъдодҳои кӯдак дорад ва баъзе аз ниёзҳои асосии ӯро бартараф мекунад. Кӯдак лабрез аз энергия аст ва ниёз дорад, ки ин энергияҳоро ба шакле сарф кунад. Вақте дар муҳити зиндагии кӯдак, заминаҳои мусбат ва созандае барои сарфи ин энергиҳо вуҷуд надошта бошад, ба беқарорӣ ва ноҳанҷорӣ дар кӯдак меанҷомад.

Аммо агар аз ин энергиҳо ба гунаи мусбат ва созанда истифода шавад, даруни кӯдак монанди як генератори фаъол шурӯъ ба бозтавонӣ ва тавлиди дубораи энергӣ мекунад. Ин масъала метавонад сабаби рушди халлоқияти кӯдак шавад. Бозӣ беҳтарин васила барои парвариши ҳаяҷонҳо ва авотиф аст.

Кӯдак дар ҳангоми бозӣ, чигунагии ошкор кардани авотиф, кантрол ва ирзои муносиби онҳоро ёд мегирад. Кӯдаконе, ки фурсати бозиҳои гурӯҳиро доранд, эҳсосҳои ҳамдилонаи бештаре аз худ нишон медиҳанд. Бозӣ аз назари ҷисмӣ низ сабаби ҳамоҳангии азулот ва аъзои бадан мешавад.

Кӯдаконе, ки фурсати бозӣ дошта бошанд, чолоктаранд ва бештар барои рӯёрӯӣ бо сахтиҳои зиндагӣ омода мешаванд. Кӯдакон дар мавриди афроде, ки заминаи лаззат ва саргармӣ ва тафреҳи онҳоро фароҳам мекунанд, эҳсосоти беҳтаре доранд. Агар волидайн муҳити амн ва сарршор аз нишотро барои кӯдакон фароҳам оваранд, эҳсоси ноамнӣ дар онон камтар мешавад.

Масъалаи озод гузоштани кӯдак барои бозӣ, ҳам дар омӯзаҳои тарбиятии Ислом ва ҳам дар дидгоҳҳои равоншиносӣ, пазируфта шудааст. Албатта озод будан дар бозӣ ба маънои бе бандуборӣ ва иҷоза доштан барои анҷоми ҳар коре нест ва бояд дар бози ҳам қонунҳои лозимро риоят кард ва барномарезии дуруст дошт.

Аммо гоҳе дахолатҳои беҷо ва ғайримантиқии бузургтарҳо дар дунёи ширини кӯдак, сабаби озор дидани кудак мешавад. Агар мо ба кудак ҳақи интихоби навъи бозиро надиҳем ва худамон ба зур барои ӯ бозӣ ва бозичаро интихоб кунем, ин кори мо боис мешавад, ки ӯ дар фардои на чандон дӯр, худбовариро аз даст медиҳад ва вобаста ба дигарон бошад.

Паёмбари Ислом (с) дар сухане мефармояд: «Фарзанди худро то сини ҳафтсолагӣ озод бигузор то бозӣ кунад.» Эшон ҳатто кӯдаконро дар синини болотар низ ба бозӣ ташвиқ мекард. Имрӯза равоншиносон ошкоро кардаанд, ки бозӣ ба гунаи бовар накарднӣ дар рушди ҷисмӣ ва зеҳнии кӯдак ва шакл додани шахсияти ӯ муассир аст.

Ба назари бештари равоншиносон асос ва пояи шахсияти як бузургсол, ба бозӣ дар даврони кӯдакии ӯ иртибот дорад.

Имом Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд: «Бозӣ ихтисос ба давраи кӯдакӣ надорад. Балки фарзанд дар даврони навҷавонӣ низ пас аз мутолиа китоб, бояд бозӣ кунад, то хастагии ӯ биравад. Маҷбур кардани кӯдак ба мутолиаи доимии дарс, сабаби хастагии зеҳни ӯ мешавад. Бинобар ин кӯдак талош мекунад, ки аз мутолиа ва дарс бигурезад.»

Вазифаи волидайн дар баробари фарзандон он чунон ҳассос аст, ки имом Саҷҷод (ъ) дар ҷиҳати анҷоми ин масъулият, аз Худованд кумак металабад ва чунин дархост мекунад, ки: «Худоё маро дар тарбият ва боадаб кардани фарзандонам ёрӣ ва мадад фармо.»

Равоншиносон,  манъ кардани кӯдак аз бозиро, боиси ихтилол дар рушди ӯ ва низ саркӯби ғароиз ва пайдоиши уқдаҳои равонӣ медонанд. Албатта ҳамонтавр, ки гуфтем, бозии кӯдакон бояд санҷида ва мутаносиб бо сини онҳо бошад.

 

 Сира ва равиши Паёмбар дар рубару шудан бо кӯдакон

Аз нукоти муҳимм дар бозӣ ва ҳамнишинӣ бо кӯдакон ин аст, ки худро ҳамсони онҳо қарор диҳем то онҳо беҳтар моро дарк кунанд.

Дар сираи Паёмбари Ислом (с) омадааст, ки эшон бо кӯдакон унс мегирифт ва дар бозии онҳо иштирок мекард. Расули Худо(с), он чунон меҳрубон ва мутавозеъ буд, ки ҳар замон кӯдакон он ҳазратро медиданд, иҷоза намедоданд, ки аз наздашон бигузарад магар инки чанд дақиқае бо бозии онҳо ҳамроҳ шавад.

Бо достоне аз рафтори маваддат омези Паёмбар(с) бо кӯдакон, ин суханро ба поён мебарем. Рӯзе Паёмбари Ислом (с) ба масҷид мерафт. Дар роҳ бо гурӯҳе аз кӯдакон, ки саргарми бозӣ буданд, рӯ ба рӯ шуд. Кӯдакон то он ҳазратро диданд, гирди эшон ҷамъ шуданд ва аз паёмбар хостанд, ки дар бозии онҳо иштирок кунад.

Паёмбар (с) аз як су намехост онҳоро биранҷоанад ва аз сӯи дигар бояд худро барои иқомаи намоз ба масҷид мерасонд. Он ҳазрат, маслиҳат донист то чанд лаҳза бо кӯдакон ҳамроҳ шавад ва аз онон дилҷӯӣ кунад. Дар ин ҳол, Билоли ҳабашӣ аз масҷид берун омад ва ба ҷустуҷӯи Паёмбар(с) пардохт.

Вақте он ҳазратро канори гурӯҳе аз кӯдакон ёфт, аз сабаби дер кардани Паёмбар(с) огоҳ шуд.

Билол хост кӯдаконро сарзаниш кунад. Аммо Паёмбар(с) ӯро аз ин кор наҳи кард ва ба вай фармуд: Ба хона бирав ва миқдоре чормағз ва хурмо барои онҳо биовар. Билол чунин кард. Паёмбар, ҷормағзҳоро миёни кӯдакон тақсим кард ва ин гуна кӯдакон розӣ шуданд, ки Паёмбар онҳоро тарк кунад ва ба масҷид биравад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.