Бузургтарин айб

108

Оё медонед бузургтарин айби мо инсонҳо чист?

قالَ عَلِی علیه السلام: أَكْبَرُ الْعَيْبِ أَنْ تَعِيبَ مَا فِيکَ مِثْلُهُ

«Бузургтарин айб он аст, ки айбе, ки худат ҳам дорӣ дар дигарон айб ҳисоб кунӣ». (Васоил, ҳадиси 353)

Шарҳ: касоне ҳастанд айберо, ки дар аъмолу рафтори худашон вуҷуд дорад, намебинанд ва ба ҳисоб намеоваранд, аммо ҳаминки он айбро дар шахси дигар бубинанд, забон ба айбҷӯӣ ва танқид боз мекунанд ва ҳамаҷо ва пеши ҳамакас аз айби он шахс сухан мегӯянд.

Барои мисол: гоҳе касеро мебинем, ки барои ҳуқуқ инсонии дигарон арзиш қоил нест, ҳаққи мардумро поймол мекунад, аммо ҳамин шахс, ба маҳзи онки дигаркас, камтарин ҳаққи ӯро поймол кунад ё дастмуздашро як дирам камтар ё як рӯз дертар диҳад, фарёдаш ба осмон меравад ва ҳама ҷо аз он шахс айбҷӯӣ ва интиқод мекунад. Шоир дар ҳамин маъно гуфтааст:

Бибари моли мусулмону чу молат бибаранд

Доду фарёд бар орӣ, ки мусулмоне нест!

Бар асоси ҳадис ин худ, бузургтарин айб аст, ки ту айберо дар мардум бубинӣ ва онро зишту нописанд ҳисоб кунӣ ва забон ба танқид бигушоӣ, дар ҳоле ки худат низ шабеҳи ҳамон айбро дошта бошӣ, вале ба он таваҷҷӯҳ накунӣ.

Албатта, мақсади Имом Алӣ (а) ин нест, ки вақте дар дигарон айберо дидӣ, ки худат низ шабеҳи он айбро дорӣ, ҳамин кифоят мекунад, ки айби дигаронро ба забон наёварӣ, ва дар иваз айби худат низ сари ҷояш боқӣ бимонад, балки манзур ин аст, ки вақте айби дигарон сабаби нороҳатии мо шуд ҳушёр бошем ва фавран ба худ оем ва бубинем, ки оё худи мо ҳам он айбро дорем ё на? Ва агар дидем, ки худамон ҳам дорои ҳамон айб ҳастем, дар талош барои рафъ кардани он шавем, зеро он айб ҳамонтавр, ки дар вуҷуди дигарон моро нороҳат кардааст, дар вуҷуди мо ҳам сабаби нороҳатии дигарон хоҳад шуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.