Хосиятҳои рӯза аз нигоҳи коршиносон “2”

118

 

 

Ба 5 мавриди хосияти рӯза ишора шуд ва дар ин қисмат ба қисматҳои дигари хосияти рӯза ва рӯзадорӣ пардохте мешавад

6- рӯза боиси беҳбуди улгуи ғизоӣ мешавад

Рӯза метавонад барои касоне, ки ба пурхӯрӣ ва зиёдаравӣ дар хӯрдан ва ошомидан дучор ҳастанд бисёр муфид бошад. Дар воқеъ рӯза боис мешавад то афрод бидуни онки ғизо бихӯранд ба фаъолиятҳои рӯзонаи худ бипардозанд, ки метавонад тамрини бисёр хубе барои афроде, ки ба пурхӯрӣ одат доранд бошад ва табдил ба як сабки зиндагии ҷадид шавад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки баъд аз ифтор кардан барои ҷуброн талош накунанд ва ба андозаи ниёзи воқеӣ баданамон ғизо ва нӯшиданӣ масраф кунем.

 7- Беҳбуди амалкардипӯ мағз

Нотон мегӯяд: таҳқиқот нишон дода, ки рӯзадорӣ боиси беҳбуди амалкарди мағз мешавад. Дар воқеъ рӯза боиси суръат бахшидан ба тавлиди як протеин ба номи (BDNF (brain-derived neurotrophic factor мешавад, ки ба саломати мағз фоида мерасонад.

 8- Беҳбуди эминии бадан

Рӯза боиси коҳиши осебҳои родиколҳои озод мешавад, шароити илтиҳобии баданро танзим мекунад ва боиси таваққуфи ташкили силлулҳои саратонӣ мешавад. Боз хуб аст бидонем, ки дар дунёи табиат замоне, ки ҳайвонот бемор мешаванд, ғизо хӯрданро мутаваққиф мекунанд ва тамаркузи худро бар рӯи истироҳат мегузоранд. Дар воқеъ ин амал яке аз аввалину муҳимтарин ғаризаҳои ҳайвонот аст, ки боис мешавад изтироби даруни бадани онҳо коҳиш ёбад ва бадан битавонад бо мушкилоту уфунатҳо мубориза кунад. Инсонҳо ҳам метавонанд аз ин вежагӣ истифода кунанд.

 9- Кӯмак ба худшиносӣ

Нотон бар ин бовар аст, ки системи гувориш ва ғизо хӯрдан яке аз роҳҳои таъмини энержӣ барои бадан аст. Яъне роҳҳои дигаре низ барои таъмини энержӣ барои бадан вуҷуд дорад, ки метавон бо мутолиа кардан, варзиш кардан, варзиш, тамаркуз ва с равишҳои дигар ба онҳо даст ёфт. Нотон бовар дорад, ки рӯза гирифтан метавонад ин эҳсосро тақвият кунад. Рӯза гирифтан боис мешавад, ки эҳсоси беҳтаре аз ҷиҳати фикрӣ ва физикӣ ба инсон даст диҳад. Ба баёни дигар бо як бадани сабуктар ва мағзу зеҳни поктар, афрод нисбат ба муҳити атрофу неъматҳое, ки дар ихтиёрашон аст огоҳтар ва шукргузортар хоҳанд буд.

 10- Поксозии пӯст ва дафъи захрҳои бадан

Рӯза  ба поксозии пӯст кӯмак мекунад. Дар воқеъ бо холӣ будани системи гувориши инсон, бадан ин фурсатро меёбад то тамаркузи худро бар рӯй бозсозии қисматҳои дигар бигузорад. Таҳқиқот нишон додааст, ки ғизо нахӯрдан дар тӯли як рӯз(мисл рӯза гирифтан дар моҳи Рамазон) кӯмаки қобили таваҷҷӯҳе ба бадан дар дафъи заҳрҳо ва танзим кардани амалкарди қисматҳои мухталифи бадан кунад.

Мавориде, ки баён шуд шояд танҳо гӯшае аз хосиятҳои як тавсия ва амри илоҳӣ бошад ва Худованд ҳеҷгоҳ инсонро ба анҷоми кори беҳуда тавсия намекунад. Бинобарин Худовандро шукр мегӯем, ки моро ба рафторе, ки ба нафъи худи мо аст тавсия ва амр кардааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.