Хосиятҳои рӯза аз нигоҳи коршиносон “1”

76

 

Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост, аммо бархе мегӯянд чаро дар ин меҳмонӣ бояд бархе аз соатҳоро гурусна ва ташна бошем? Дар посух бояд бигӯем, ки рӯза гирифтан, илова бар хосиятҳои нафсонӣ, таъсироти пурфоидаи бисёре барои ҷисму саломатии инсон дорад.

Бар мусулмонон воҷиб аст, ки як моҳ аз сол (моҳи Рамазон)-ро рӯза бигиранд ва соатҳое аз рӯзро аз хӯрдану ошомидан парҳез кунанд. Рӯзадорӣ хосиятҳои шинохташуда ва ношинохтаи бисёре дорад, ки асароти муфиде барои ҷисму рӯҳи инсон ҳам доранд.

Нуктаи ҷолиб дар мавриди рӯза гирифтан ин аст, ки коршиносони ғайри мусулмон ба дастабандии хосиятҳои рӯзадорӣ пардохта ва афродро ба гирифтани рӯза ба шакли давраӣ (мақсуд аз давраӣ мушаххас будани соати шурӯъ ва поёни рӯза гирифтан аст) тавсия мекунанд. Нуктаи ҷолиби дигаре, ки дар тавсияҳои ин пажӯҳишгарон ба чашм мехӯрад ин аст, ки рӯза гирифтанро бо режими ғизоӣ муқоиса намекунанд ва мӯътақиданд рӯза гирифтан нисбат ба режимҳои ғизоӣ сахту тӯлонимуддат бисёр пуртаъсиру пурфоида аст.

Дар ин матлаб ба 10 маврид аз хосиятҳои рӯза гирифтан ишора мекунем, ки на тавассути мусулмонон балки тавассути Нотон Ҳуйт коршиноси коҳиши вазн нашр шудааст.

Вай бар ин бовар аст, ки мадорики бисёр зиёде дар исботи муфид будани рӯзадорӣ ба таври давраӣ ва на ҳамеша вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин мегӯяд: рӯза гирифтан дар солҳои ахир байни мардум (манзур мардуми ғайр мусулмон аст) ва ба хусус афроде, ки ба беҳдошт, саломат ва таносуби андоми худ аҳамият медиҳанд ривоҷ ёфтааст. 10 хосияти рӯза гирифтан аз дидгоҳи Нотонро дар зер метавонед мушоҳида кунед.

 1- Таъсири рӯза бар коҳиши вазн

Тибқи таҳқиқоту мутолиоти анҷомшуда рӯза гирифтан яке аз эминтарин равишҳо барои коҳиши вазн аст. Ин таҳқиқот нишон додаанд, ки рӯза гирифтан ба шакли давраӣ (мақсуд аз давраӣ рӯзае аст, ки соати шурӯъ ва поёни он мушаххас бошад яъне дақиқан шабеҳи рӯза гирифтани мусулмонон) ин имконро барои бадан фароҳам месозад, ки силлулҳои чарбиро бисёр муассиртар аз режимҳои ғизоии маъмулӣ бисӯзонад.

 2- Беҳбуди ҳасосият ба ансулин

Нотон муддаӣ аст, ки таҳқиқот нишон додааст рӯза гирифтан метавонад таъсироти мусбате рӯи “ҳасосият ба ансолин” дар бадани инсон дошта бошад, ки дар воқеъ ба муқовамати бештари бадан дар муқобили қандҳо мунҷар хоҳад шуд. Манзур аз “ҳасосият ба ансулин” мизони ниёзи афрод ба ансулин барои поин овардани сатҳи қанди хун аст. Ба баёни дигар касе, ки мизони “ҳасосият ба ансулин” беҳтарн дорад, барои коҳиши сатҳи қанди хуни худ ниёз ба ансулини камтаре хоҳад дошт ва таъсири ансулин дар бадани ӯ бештару беҳтар хоҳад буд.

 3- Афзоиши метабулисм

Рӯза гирифтан ба системи гуворишии инсон фурсате ҷиҳати истироҳат медиҳад, ки ин иттифоқ боиси афзоиши фаъолияти метабулисм барои сӯзондани вазни изофаи мешавад. Агар системи гувориши заифе доред бояд бидонед, ки рӯза гирифтан метавонад рӯи қобилияти метобулисм кардани ғизоҳо ва сӯзондани чарбиҳо таъсир бигузорад. Рӯза гирифтан метавонад гуворишро танзим кунад ва амалкарди рӯдаро беҳбуд бахшд ва бинобарин амалкарди метобулик ва метабулисми баданро беҳбуд хоҳад бахшид.

 4- Рӯза гирифтан тӯли умрро зиёд мекунад

Бовар кунед ё на, ҳар чиқадар камтар бихӯрем, бештар умр хоҳем кард. Мутолиоти мухталифе рӯи миллатҳо ва фарҳангҳои мухталиф ва режими ғизоии онон анҷом шуда, ки таъсироти режимҳои ғизоиро рӯи тӯли умри афрод исбот кардааст. Яке аз таъсироти аввалияи солхурдагӣ, метабулисм оҳистатар аст. Инсонҳо вақте ҷавонтар ҳастанд метабулисми сареътару пуртаъсиртар доранд. Бинобарин ҳарчи камтар бихӯрем, фишори камтре бар рӯи метабулисму системи гувориш ворид хоҳад шуд.

 5- Беҳбуди шароити гуруснагӣ

Нотон мегӯяд: агар шахсе ҳар 3 ё 4 соат якбор як ваъдаи ғизоӣ бихӯрад, оё метавонад эҳсоси гуруснагии воқеиро таҷриба кунад?

табиӣ аст, ки ҳеҷ кас бо ин шароит гурусна нахоҳад шуд. Ба баёни дигар эҳсоси як гуруснагии воқеӣ байни 12 то 24 соат тӯл хоҳад кашид.

Рӯза гирифтан боис мешавад, ки бадани инсон танзим шавад ва ин имконро фароҳам хоҳад сохт то инсон гуруснагӣ воқеиро таҷриба кунад ва аз гуруснагиҳои дурӯғ дӯр бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.