Шоистаи ҳидояти илоҳӣ

104

Як инсон ва бандаи Худованд чигуна шоистаи ҳидояти илоҳӣ мешавад?

يَهْدي بِهِ اللَّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوانَهُ سُبُلَ السَّلامِ وَ يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُماتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ وَ يَهْديهِمْ إِلى‏ صِراطٍ مُسْتَقيمٍ

“Худован ба баракати он (Қуъон) ҳаркасеро, ки дар пайи хушнудияш бошад ба роҳҳои бегазанд роҳнамоӣ мекунад ва бо хосту иродаи хеш онҳоро аз торикӣ ба сӯи равшаниҳо мебарад ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад”. Сураи Моида, ояти 16

Нури Худо ва китоби Ӯ ва дину ойини Ӯ ба касе суд мерасонд, ки аз роҳе, ки хушнудии Худо дар он аст пайравӣ кунад. Ва ҳар касе, ки аз он роҳ каҷ ё хориҷ шавад, аз сӯи Худо нуре ба қалби ӯ наме‏тобад ва роҳи зиндагии ӯ равшан намешавад.

Агар инсон дарку фаҳмро талаб дорад бояд ба сӯи васоилу асбоби фаҳм ҳаракат кунад ва дар роҳи он талош кунад, дар ҷустуҷӯи илм биравад ва ҳаргоҳ ба илм даст ёфт ба он амал кунад.

Аммо касе, ки илм биёмӯзад ва ба он таваҷҷӯҳе накунад ва ба он амал накунад ва ба роҳи ҳидояти он наравад, он илм аз назди ӯ хоҳад рафт. Дар ҳадис омадааст, ки «илм амалро нидо медиҳад; агар посухаш гуфт мемонад ва агар посухаш нагуфт кӯч мекунад».

Пас ҳидояти илоҳӣ ба касе арзонӣ мешавад, ки ба он амал кунад ва агар чунин кунад дарҳои саломат дар арса‏ҳои гуногуни ҳаёт ба рӯи ӯ боз мешавад. Даре аз саломат дар ҷомеа ва даре дар сиёсат ва даре дар иқтисод ва дарҳои дигар дар арса‏ҳои дигар.

Ба дарҳои саломат, ҷуз амалкунандагон ба илму ҳидоят намерсанд ва ҳамаи роҳҳои саломат ба як роҳи рост мерасад, ки на дар он каҷӣ аст ва на инҳироф ва ҳамин роҳ аст, ки инсони кӯшо худро ба биҳишт мерасонад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.