Розҳое ки ҳар зане бояд онҳоро бидонад! [3]

98

Барои шавҳаратон, модарӣ накунед!

Чигуна модарӣ кардан барои номзад ё ҳамсаратон мӯҷиби вайронии робитаи шумо мешавад

Дар ибтидо модарӣ кардан барои номзад ё ҳамсаратон метавонад хубиҳое дошта бошад, аммо дар дарозмуддат асароти бисёр вайронгареро бар рӯи робитаи шумо мегузорад:

1) Ҳамсаратон аз шумо мунзаҷир шуда ва бар зидди шумо туғён дар оянда мекунад. Дар фасли як, дар бораи ин ниёзи равонии кудакон, ки мабни бар истиқлол ва тамоюз аз модар ба манзур касби ҳувияти ҷудогона ва мардона буд; Сӯҳбат кардем. Ҳангоме, ки дар ҳаққи номзад ё ҳамсаратон модарӣ мекунед, ӯ аз шумо безору мунзаҷир шуда ва дар охир бар зиддатон туғён хоҳад кард. Мумкин аст аз рафторатон шикояте надошта бошад, ҳатто мумкин аст пофишорӣ кунад ба ин коратон идома бидиҳед, аммо як чиз ҳатмӣ аст: ӯ як рӯз бар зидди шумо шӯриш хоҳад кард, ҳамонгуна, ки тамоми писарбачаҳо дӯст доранд рӯзе аз модарашон ҷудо шаванд ва хонаро тарк намоянд.

Зани 52 сола рӯзе барои мушовира назди ман омад. Ў наметавонист бифаҳмад, чаро шавҳараш ба ӯ хиёнат карда ва бо муншии 24 солааш робитаи номашрӯъ барқарор кардааст.

Он зан чунин тавзеҳ дод: Шавҳарам ҳамеша розӣ ба назар мерасид. Медонам худам харобаш кардам. Ӯ ҳамеша мегуфт, модараш ҳаргиз ба ин хубӣ бо ӯ рафтор накарда буд ва мегуфт, ки дӯст дорад нозу навозишаш кунам ва мувозибаш бошам, аммо ҳоло мегуяд тамоми муддат эҳсоси ба дом афтодагӣ ва хафагӣ мекунам ва мехоҳам каме озод бошам. Ў тайи 27 соли гузашта ҳеҷ шикояте надошт, наметавонам бифҳмам чӣ иттифоқе афтодааст.

Вақте бо Шавҳараш ҳамсӯҳбат шудам шак ва тардидам ба яқин табдил шуд. Ӯ эҳсос мекард, ки бо барқарории иртибот бо як духтари ҷавонтар, модарашро бо як маъшуқа иваз карда ва ӯ калимотеро, ки як писарбчаи кӯчак, ҳангоме, ки барои тарки хона рӯзшуморӣ мекунад ба кор мебарад. Монанди ба дом афтода, эҳсоси хфагӣ ва ташна барои озодӣ. Тамоми вақт зан фикр мекард бо модарӣ кардан барои шавҳар, ҳамсари хубе барояш будааст, аммо натиҷае, ки насибаш гардид, ин буд, ки ин тарзи тафаккур боис шуд шавҳарашро аз даст бидиҳд.

2) Бо номзад ё ҳамсаратон доиман тавре рафтор мекунед, ки гӯӣ ӯ белиёқат аст. Ба дунболи чунин рафторе ӯ низ эҳсоси нотавонӣ ва белиёқатӣ хоҳад кард ва дар натиҷа худбовариаш поин омада ва рафтораш низ кӯдаконатар менамояд. Ин ба навбати худ боиси ба вуҷуд омадани як чархаи зиндагии маъюб хоҳад шуд.

Ҳангоме, ки як мард эҳсоси хубе нисбат ба худаш надорад, шуморо низ камтар дӯст хоҳад дошт.

Эҳсоси иззати нафси як мард бастагӣ ба эҳсоси тавонмандии ӯ дорад. Ҳангоме, ки марде эҳсос мекунад корҳоро ба дурустӣ анҷом намедиҳад, ба сахтӣ метавонад бо шумо ва ё худаш меҳрубон бошад. Рафтор бо мардҳо ба монанди писарбачаҳо ва ба рух кашидани заъфҳо ва нотавоноиҳои онҳо рӯи қобилияти ишқварзии марди шумо таъсири бад мегузорд.

Ҷиҳати дигари ин қазия ин аст, ки ҳар чӣ марде дар назари шумо нотавонтар ва заифтар ҷилва кунад, аз лиҳози ҷинсӣ нисбат ба ӯ сард хоҳед шуд. Тавоноӣ ва қобилиятҳои мард боиси таҳрики занҳо мешавад. Бинобарин ҳар чӣ марде нотавонтар ҷилва кунад аз ҷаззобияти ӯ барои шумо коста хоҳад шуд.

 

3) Ишқ, ҳарорат ва шӯру ҳоли робитаи худро хоҳед кушт.

Сареътарин роҳи мумкин барои куштани ишқ, шӯру ҳол ва ҳарорати як робита, модарӣ кардан дар ҳаққи номзад ё ҳамсаратон аст.

Ҳар чӣ бо як мард бештар ба монанди модараш рафтор кунед, ӯ низ ба шумо бештар фарзандгуна посух хоҳад дод. Аммо мавзӯъ ин ҷост, ки ҳеҷ марде моил нест бо модараш ҳамбистар шавад. Мамнуъияти ҷозибаи ҷинсӣ нисбат ба шахсияти муаннас бо энергияи модарона, чунон дар шахсияти бархе аз мардҳо реша давонда, ки тақрибан барои он мард ғайримумкин хоҳад буд, битавонад шуморо ба тарзи шаҳавонӣ ва романтик бубинад. Корҳое монанди: мураттаб кардани либосҳояш, ёдоварии корҳояш ба ӯ ва рафтори монанди писаратон бо ӯ доштан.

Аз тарафи дигар агар бо номзад ё ҳамсаратон рафтори кӯдакона дошта бошед, ин рафторатон боис мешавад, ки шумо аз лиҳози ҷинсӣ нисбат ба ӯ сард шавед. Охир магар чиқадар метавонед нисбат ба марде ҷозибаи романтик ва ҷисмонӣ дошта бошед? Ҳангоме, ки дар поёни рӯз вақте ӯро мебинед пеши худатон бигӯед: имрӯз ҷӯробҳояшро натавонист пайдо кунад, калидҳояшро дубора гум карда буд; Дубора маҷбӯр будам ба сантехник занг бизанам, чун фаромӯш карда буд ин корро бикунад. Охир магар як писарбчаи се сола чиқадар метавонад бароятон ҳаяҷон эҷод кунад.

Ба эътиқоди ман анҷоми иштибоҳи шумораи як, яке аз далелҳои норизоятии ҷинсӣ дар бисёре аз издивоҷҳо мебошад. Бист сол зиндагии муштарак ба ҳамроҳи анвои мушкилоти хонаводагӣ, иқтисодӣ ва ғайра, ҳамагӣ аз ҷумлаи далоиле ҳастанд, ки дар тавлиди таниш ва сард шудани шӯру ҳарорати равобит, саҳим ҳастанд, аммо ҳеҷ як аз инҳо дар муқоиса бо ҳолате, ки зан ва шавҳар ба як модару писар табдил шуда бошанд, хатарнок нест.

 

 Роҳи ҳал:

Чигуна аз модарӣ кардан дар ҳаққи мардон даст бардорем?

Дар зер роҳ орҳое ироа шуда, ки дар тағйири нақши шумо аз як модар ба як маъшуқи хуб барои номзад ё ҳамсаратон, муфид хоҳанд буд:

1) Аз анҷом додани корҳое, ки ҳамсаратон метавонад худаш анҷом диҳад, парҳез кунед. Рафтори модарона доштан дар ҳаққи ҳамсаратон ба монанди эътиёд аст. Ҳамон тавр, ки дар мавриди тамоми эътиёдҳо низ сидқ мекунад ва танҳо роҳи наҷот, тарк кардан аст. Ин бадон маъност, ки вақте ҳамсаратон мепурсад, калидҳоям куҷост? Ба ӯ бигӯед намедонам. Иҷоза диҳед худаш думболи онҳо бигардад. Ҳангоме, ки барои муносибати вежае мехоҳад худаш либосашро интихоб кунад, нагӯед, ки мебоист кадом либосро бипушад. Ҳангоме, ки либосҳояшро рӯи замин меандозад, онҳоро барояш ҷамъ накунед.

Чунонки ҳамсаратон одат дорад корҳояшро барояш анҷом диҳед, мумкин аст каме тӯл бикашад то худашро бо ин рафтори нав мувофиқ кунад. Дар ибтидо имкон дорад барояш мушкил бошад. Мумкин аст ноумедиҳо ва нороҳатиҳояшро таҳаммул кунед, чаро, ки муддате тӯл хоҳад кашид то корҳоеро, ки солҳо барои худаш анҷом надода анҷом бидиҳад. Агар зиндагиатон гиҷкунандатар ва мағшуштар ба назар омад, тааҷҷуб накунед. Эҳтимол дорад дар ибтидо ба меҳмониҳо дертар бирасед, чаро, ки ӯ наметавонад калидҳояшро биёбад. Мебинад ҳар бор, ки ба думболи калидҳояш мегардад ва онҳоро пайдо намекунад, чиқадар нороҳат ва ноумед мешавад, бинобар ин меомӯзад ҳар шаб онҳоро дар ҷои махсусе бигузорад. Меомӯзад аз ин пас қабл аз хориҷ шудан аз хона дар оина худашро ворасӣ кунад. Ба иборати дигар бузург шуда ва ёд мегирад чигуна аз худаш муроқибат кунад.

Албатта ин бадон маъно нест, ки чунон чӣ ҳамсаратон пурсид, калидҳояш куҷо аст? Шумо ҷавоб бидиҳед: “худат пайдош кун, ман, ки модари ту нестам”, ҳатто дар инҷо ҳам тавсия ин нест, ки мебоист дар ҳаққи ҳамсаратон меҳрубон ва ҳимоятгар набошед, балки ҳадаф фақат ба ин маъност, ки чигуна бештар ба монанди як ҳамсар ва маъшуқ ва камтар ба монанди як модар бо ӯ рафтор кунед.

2) Бо номзад ё ҳамсаратон ба монанди шахси лоиқ, доно, тавоно ва қобили эътимод рафтор кунед. Иттилооте, ки худаш мебоист ба хотир дошта бошадро ба ӯ ёдоварӣ накунед. Саъй нанамоед ба ҷояш фикр кунед ва ё тақвимаш бошед. Балки ба гунае рафтор кунед, ки дарёбад бузургсоли фаҳмида ва тавоно аст, ки шумо ҳамеша метавонед рӯи ӯ ҳисоб кунед. Ба хотир дошта бошед аз онҷо, ки муддатҳо дар ҳаққаш модарӣ мекардед ва барномаҳҳояшро тартиб медодед, каме танбал шудааст. Ба тарзи нохудогоҳ мумкин аст дар ба хотир сипурдани қарори мулоқотҳо ва масъулият ҳояш ба шумо такя кунад. Бинобарин табиӣ аст ҳангоме, ки аз ин кор даст мекашед, баъзе аз корҳояшро фаромӯш кунад. Дар ин гуна вақтҳо сарзанишаш накарда ва аз ӯ интиқод накунед, балки бо ӯ ҳамдардӣ карда ва ба думболи кори худ биравед.

Ба унвони мисол фарз кунед ҳамсаратон рӯзи панҷшанбе як вақт барои дандонпизишкӣ дорад. Субҳ ҳангоме, ки мехоҳад ба сари кор биравад бе инки чизе бигӯед бо ӯ худоҳофизӣ кунед. Аср ҳангоме, ки ба хона бармегардад, мегӯяд: “хеле аз дасти худам асабониям, муншии доктор ба маҳалли корам телефон кард ва гуфт: “барои имрӯз вақти доктор доштӣ”, ба куллӣ фаромӯш карда будам. Дар ин мавқеъ ба ӯ бигӯед: “Ой азизам хеле бад шуд аммо масалае нест, мутмаинам дубора метавонӣ як вақти дигар бигирӣ”. Ҳангоме, ки ба дафаоти кофӣ ин қарори мулоқотҳо фаромӯш шавад, ҳамсаратон ба тарзи табиӣ меомӯзад, ки чигуна барномаҳояшро ба хотир бисупорад.

3) Онгуна, ки модарҳо бо бачаҳояшон сӯҳбат мекунанд бо ӯ сӯҳбат накунед. Ба худатон қавл бидиҳед бо номзад ё ҳамсаратон тавре сӯҳбат накунед, гӯё ӯ як писарбчаи панҷсола мебошад. Ин ба он маъно аст, ки аслан ӯро сарзаниш накунед. Иродае надорад агар бигӯед аз дасташ нороҳат ва асабонӣ ҳастед, аммо ин корро ба гунае, ки як бузургсол бо бузургсоли дигар анҷом медиҳад, анҷом диҳед на мисли як модари асабонӣ, ки аз дасти писарбчааш ба сутӯҳ омадааст.

Ҳарфҳои кӯдакона задан читавр? Ба ақидаи ман каме бо лаҳни кӯдакона ҳарф задан комилан табиӣ мебошад. Чаро, ки ин роҳе аст бисёр саҳеҳ барои дирамён гузоштани эҳсосоти осеб пазирамон, аммо чунончи бо номзад ё ҳамсаратон ҳарфҳои кӯдаконае мезанед, хусусан дар ҷои хоб ва ё дар ҳангоми робита ҷинсӣ, ин як мушкил маҳсуб мешавад. Вақти он расида, ки рафтори болиғона дошта бошед.

4) Масъулиятҳоеро, ки дӯст доред ба ӯҳда бигирад ба ӯ вогузор кунед ва чунон чӣ иштибоҳҳое муртакиб мешавад, масъулиятҳоро аз ӯ салб накунед. Медонам ин кор барои баъзе аз шумо то чӣ хадд мушкил аст. Ин ба он маъност, ки контрол кардани ҳама чизро раҳо намоед ва бовар кунед. Ҳама чиз ба хубӣ пеш хоҳад рафт, ҳатто ҳангоме, ки ҳамаи маворид он тавр, ки мехостед, пеш намераванд. Ба унвони мисол: Вақте қарор аст соати 16 кореро бароятон анҷом диҳад вале ба шумо телефон мезанад ва мегӯяд муваффақ нашудааст. Шумо ба ӯ мегӯед: хеле бад шуд, ман тибқи қарори қаблиамон омадаам ва мутмаинам, ки метавони. Соати ҳашт мебинамат, Худо нигаҳдор. Ҳамсаратон аз ин, ки дар анҷоми кораш шикаст хӯрдааст, эҳсоси бад хоҳад кард, аммо аз ин, ки сарзанишаш накардаед аз шумо миннатдор шуда ва бори дигар, ки қарор аст кори дигаре бикунад, ин мавзӯъро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.