Ҳуқуқи хонавода[4]

180

Фарзандон

Фарзандон амонати илоҳӣ неъмат ва нишонаҳои Худо ҳастанд. Волидайн дар бораи саломат, рушд, таълиму тарбияти онон масъуланд ва дар баробари тарбияти хуб подош ва дар баробари тарбияти бади онон ҷазо хоҳанд дид.

Ривоёти Аҳли байт(а) барои фарзанд, ҳуқуқеро бар уҳдаи волидайн донистаанд, ки иборатанд аз:

1.Интихоби номи некӯ барои ӯ.  2. Сарзинда ва гиромӣ доштани модари ӯ. 3.Таваҷҷуҳ ба нисбаташ ба волидайн. 4. Беҳдошт (назофат ва хатна)-и ӯ. 5. Тағзияи муносиби вай. 6. Таълим ва тарбияти ӯ. 7. Меҳрварзӣ ба вай. 8.Икроми ӯ. 9. Ёрӣ карданаш ба корҳои нек.

Расули гиромӣ(с) фармуд:

Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки модарашро сарзинда ва гиромӣ бидорад ва номи некӯ бар фарзанд ниҳад ва агар писар бошад Қуръон бар вай биомузад ва ӯро пок (хатна) кунад ва шино кардан омузад ва агар духтар бошад сураи Нурро ба вай омузиш диҳад, сураи  Юсуфро ба вай наёмузад ва ӯро дар ғурфае (болохонаҳо) сокин накунад (киноя аз ин ки муҳити таҳсил ва кор ва зиндагии ӯ дар маърази дид ва иртиботи номаҳрамон набошад) ва дар издивоҷи ӯ шитоб кунад).[1]

Эмом Саҷод(а) мефармояд:

Ҳаққи фарзанд ин аст, ки бидонӣ ӯ аз туст ва дар ин дунё хуб ва бадаш ба ту вобаста аст.[2]

Бетаваҷҷуҳии хонавода ба фарзандон

Хонаводае ки дар он фарзандон мавриди бемеҳрии падар ё модар ё ҳар дуи эшон қарор мегиранд, ва волидайн ҳаргиз отифа ва меҳрашонро бар кудаки хеш арзонӣ намедоранд, мавриди нафрат қарор мегиранд. Чунин рафтор муҷиби пайдоиши осори хатарноке дар рафтори кудак хоҳад шуд, ва оқибати баде дар пай хоҳад дошт, чаро ки ӯ ҳаргиз дар хона эҳсоси амният нахоҳад кард.

Гоҳе ҳам рафтор ва кирдори ӯ дар бузургсолӣ ё навҷавонӣ интиқомҷуёна хоҳад буд.

Хусусиятҳои қобили пешбинии кудаконе, ки бо онҳо бо хашм ва танаффур бархурд шуда аст:

а) Хашм ва рафтори интиқомҷуёна

б) Қазоват ва бераҳмӣ

в) Дуздӣ

г) Беҳудакорӣ

Таваҷҷуҳ ва муҳабати хонавода ба фарзанд

Хонаводае, ки дар равони кудак тухми муҳаббат мепошад ва бо кудак рафтори неку дарад фарзандон ҳам некукор хоҳанд шуд. Равоншиносон чунин баён доранд, ки кудак бештари корҳоро аз падар ва модари худ тақлид мекунад бинобар ин чунон, ки рафтори онон неку бошад ӯ низ ба суи некӣ ва поки роҳнамои мешавад, аммо агар кирдор ва рафтори онҳо зишт бошад, ӯ низ ба суи бадӣ ва шарорат кашида хоҳад шуд. Зарури аст, ки фарзандонамонро аз хурдсолӣ ба рафтор ва кирдарҳои хуб аз ҷумла бо муҳаббат ва меҳрубонӣ, ростгуӣ, дустӣ бо дигарон, вафодорӣ ва дигар сифати хубе, ки бо онон шукуфо ва саъодатманд мешавад, рушд диҳем. Албатта лозим ба зикр мебошад муҳаббат ҳам бояд дар ҳади миёна бошад то фарзандон дар оянда ба мушкил рубару нашаванд.

Паёмбари акрам(с) фармуд:

«جُعِلَتِ القلوبُ عَلی حُبِّ مَن أََحسَنَ اِلَیها، وَ بُغضِ مَن أَساءَ اِلَیها»؛

Дили одамӣ бар ин саришта шуда аст, ки ҳар кас ба ӯ некӣ кунад ӯро дуст бидорад ва ҳар кас ба ӯ бадӣ кунад ба ӯ душманӣ варзад.[3]

Эмом Алӣ(а) фармуд:

«… ولیَرْأَفُ کبیرُکم بصغیرِکم»؛

Бояд бузургтарҳо нисбати хурдсолон меҳрубонӣ кунанд … [4]

Риояти ҳуқуқи фарзандон

Ҳамонгуна ки мумкин аст фарзандон ба дАлӣли риоят накардани ҳуқуқу ҳурмати падару модар ва озор расондан ба онон, оқи падар ва модар хоҳанд шуд, падар ва модар ҳам ба дАлӣли риоя накардани ҳуқуқ ва ҳурмати фарзандон мумкин аст, оқи фарзанд бишаванд, пас бояд муроқиб буд ва якҷониба қизоват накард!

Эмом Алӣ(а) фармуд:                                                         «مِنَ العُقُوقِ اِضاعَــةُ الحُقُوقُ»؛

Нодида гирифтани ҳуқуқ (аз ҷумла ҳуқуқи фарзанд) озор расондан ва оқ шудан аст.[5]

Эмом Ҳусайн(а)  фармуд:

«ِانَّ رَسُولُ الله(ص) أَوصِی إِلی أَمیرِالمُؤمِنینَ(ع) … وَ کانَ فیما أَوصِی بِهِ… و َأَن تَقْبَلَ الحَقَّ مِمّن جاءَ به، صغیراً کان أو کبیراً».

Паёмбар(с) ба Амири муъминон(а) суфоришҳое кард, аз он ҷумла ин буд: Ҳақро аз ҳар ҳақгуе бипазир. Хурдсол бошад ё бузург (ва ҳаққи ҳар касро адо кун, хурд бошад ё бузург!)[6]

Эмом Саҷод(а) фармуд:

­­­­­­­­­«اَلعاقِلُ مَن کانَ ذَلُولاً عِندَ اِجابَــةِ الحَقِّ، مُنصِفاً بِقَولِهِ…»؛

Хирадманд касе аст, ки дар баробари ҳақ сар фуру оварад ва дар кирдори худ инсофро риоя кунад.[7]

Таъмини саломати равонии фарзанд

Рафтори солим аз инсони солим сар мезанад, зеро амли одамӣ маҳсули вуҷуди одамӣ аст, махсусан бахши аслии вуҷуд; яъне руҳу равон, ки хостгоҳи ҷиҳатгириҳо, гироиш ва гузинишҳои инсон аст, саломат ва бемории он дар навъи амалӣ ва ҳаракати одамӣ, таъсири инкорнопазир дорад.

Саломат ва беморӣ ба бадан ва равон тақсим мешавад ва ба шаке нест дар иртибот доштани тану равон, саломат ва бемории ҳар як дар дигарӣ асар мегузорад.

Бемориҳои равонӣ паёмадҳое доранд ва бегумон рафторҳоро таҳти таъсир қарор медаҳанд, чун набуди тарбияти дуруст дар бисёри аз мавқеъ, навъи беморӣ аст, ё саломатии равониро дучори хатар месозад, аз ин ру набуд ё заъфи тарбият метавонад заминасози бисёре аз ноҳанҷориҳои рафторӣ бошад. Шахсе ки ҳасад дар равонаш рахна кардааст, дид, нигоҳ ва шеваи рафтори иҷтимоӣро мушаххас мекунад ва бегумон омили рафторҳои ноҳанҷор мегардад. Бадин сон сиришти хашм, худбузургбинӣ, худхоҳӣ, кинатузӣ ё худкамбинӣ ва ғ.  инҳо ҳам ба ростӣ монанди бемориҳои равонӣ, саломатии фард ва саломати зисти иҷтимоии ӯро барҳам мезананд ва ҷомеаро дучори ноҳанҷориҳое месозад, ки дармони он ҷуз бо покии ахлоқ ва ба коргирии усули тарбиятии дуруст имконпазир нест.

Қуръони карим

«… وَ مَن یُعَظِّمْ شَعائِرَ الله فإنَّها مِن تَقوَی القُلُوبِ»؛

 

Бузургдошти шаоири илоҳӣ (аҳком ва осори динӣ), нишонаи тақво ва покии дилҳост (ва ба бо тақво шудан ва покии дилҳо ва равонҳо кумак мекунанд)[8]

Эмом Алӣ(а) фармуд:

«… وَ إِنََّهُ لاتَظهَرُ مَوَدَّتُهُم، اِلّا بِسَلامَــةِ صُدُورِهِم»؛

Дуст доштани мардум якдигарро ба вуҷуд намеояд магар бо саломати дилҳои эшон.[9]

Эмом Саҷод(а) фармуд:

«الهی… و اَصِحَّ لی … اَخلاقَهُم وَ عافِهِم اَلاَولادَ فی أَنفُسِهِم»؛

Худовандо! Ахлоқ ва руҳиёти фарзандонамро саҳиҳ ва солим бидор.[10]

Эмом Боқир(а) фармуд:

«… وَ لا سَلامَــةَ کَسَلامَــةِ القَلبِ»؛

Ҳеҷ саломатие, монанди саломат ва покии дил нест.[11]

 

Беҳдошти кудак

Беҳдошти ҷинсии кудак:

Эмом Саҷод(а) фармуд:

Касе набояд бо ҳамсараш дар утоқе, ки кудак ҳузур дорад омезиш (алоқаи ҷинсӣ) кунад, чун сабаби бероҳагии ҷинсии кудак мешавад.[12]

Пешгирӣ аз беморӣ:

Аз мавриди беҳдошти кудак, пешгирӣ аз бархе бемориҳост.

Расули гиромӣ(с) фармуд:

Омезиши мард бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз ҳаром аст ва агар чунин кард ва фарзанди мубтало ба бемории ҷузом ё песӣ ба дунё омад ҷуз худаш касеро сарзаниш накунад, макруҳ аст, ки марде пеш аз ғусли ҷанобат ва ё ғусли аз эҳтилом бо ҳамсараш даромезад ва агар чунин кард, фарзанд девона ба дунё омад ҷуз худаш касеро сарзаниш накунад.[13]

Аз мавориди пешгирӣ аз беморӣ, тарки омезиш дар замонҳои хос аст;

Расули акрам(с) дар ин бора низ фармуд:

Эй Алӣ! Дар шабҳои нима ва аввали моҳи қамарӣ бо ҳамсарат омезиш накун. Магар намебинӣ, ки девонагон дар шабҳои аввал ва нимаи моҳ бисёр ғаш мекунанд?[14]

Эмом Содиқ(а) низ фармуд:

Бо ҳамсарат дар оғоз ва нима ва поёни моҳи қамарӣ омезиш накун, зеро ҳар кас чунин кард, бояд сиқти фарзандашро бипазирад ва шояд фарзандаш девона шавад.[15]

Албатта бар пояи ривоёте аз Амирул муъминин шаби аввали моҳи Рамазонро ин наҳи шомил намешавад.[16]

Аз мавриди пешгирӣ аз бемориҳои кудак, тарки сухан гуфтан ҳангоми омезиш аст;

Расули Худо аз сухан гуфтан ба ҳангоми омезиш бо ҳамсар наҳи фармуд зеро ки сабаби гунгии фарзанд мешавад.[17]

Назофат:

Расули гиромӣ(с) фармуд:

Кудаконатонро аз олудагӣ бишуед, зеро шайтон олудагиро дуст дорад ва сабаби тарси кудак ва озори фариштагони ҳамроҳи кудак мешавад.[18]

Хатна кардани кудак дар рузи ҳафтум:

Аз мавориди беҳдошти кудак, суннати хатна аст. Аз маъсумон ривоят шуда аст:

Навзодони (писари) худро дар рузи ҳафтуми (таваллудашон) хатна кунед то пок бошанд.[19]

Пешгирӣ бо омилҳои маънавӣ:

Аз омилҳои пешгирии маънавӣ барои фарзандон азон гуфтан дар гуши рост ва қомат дар гуши чапи онҳост. Расули Худо(с) фармуд:

Эй Алӣ ! Ҳар гоҳ соҳиби писар ё духтар шуди дар гуши росташ азон ва дар гуши чапаш қомат бигу, ки шайтон (бо ин кор) ба вай зиёне намерасонад[20] ва фармуд:

Ё Алӣ! ҳар гоҳ бо ҳамсарат омезиш мекунӣ бигу:

«بِسْمِ الله اللّهُمَّ جَنِّبنا الشَّیطانَ وَ جَنِّبِ الشَّیطانَ مَا رَزَقْتَنی»،

Пас агар фарзанд рузии шумо бошад, шайтон ба он зиёне нарасонад.[21]

Хӯроки кудак

Ҳаққи хӯрок:

Хӯроки кудак хос дар замони ширхорагӣ мавриди таваҷҷуҳи шаръи муқаддас қарор гирифта ва барои он аҳкоме муқаррар карда аст. Дар Қуръони карим омада аст: Модарон ҳар чанд талоқ гирифта бошанд фарзандони худро ду сол шир бидиҳанд. Ин ҳукм барои касе аст, ки бихоҳад даврони ширхорагиро комил кунад ва хуроку пушоки модарон дар ҳадди урфӣ бар уҳдаи падари кудак аст.[22]

Подоши ширдиҳии кудак: Расули Худо(с) фармуд:

Ҳар гоҳ зан бордор шавад ҳамонанди рузадор ва намозгузор ва муҷоҳиде аст, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо меҷангад ва ҳар гоҳ таваллуд кунад, бузургии подоши вайро ҳеҷ кас намедонад!  Ҳар гоҳ шир медаҳад, ҳар маротиба макидани кудак баробар аст бо озод сохтани бардае аз фарзандони Исмоил ва ҳар гоҳ аз ширдиҳӣ фориғ мешавад фариштаи бузургворе ба паҳлуяш мезанад ва мегуяд: Худо туро омурзидааст, коратро аз нав оғоз кун.[23]

[1]. Усули кофӣ, ҷ 6, саҳ 49.

[2]. Алфақиҳ, ҷ 2, саҳ 622.

[3]. Туҳафул уқул, саҳ 37.

[4]. Наҳҷул балоға, 540.

[5]. Ғурарулҳикам, саҳ 302.

[6]. Хисол, саҳ 543.

[7]. Биҳорул анвор, ҷ 1, саҳ 130.

[8]. Сураи Ҳаҷ, ояти 32.

[9]. Наҳҷулбалоға, 1006.

[10]. Саҳифаи ҷомеи саҷҷодия, саҳ 128.

[11]. Биҳоруланвор, ҷ 78, саҳ 164.

[12]. Усули кофӣ, ҷ 5, саҳ 499.

[13]. Илалушароеъ, ҷ 2, саҳ 514.

[14]. Туҳафул уқул, саҳ 12.

[15]. Васоил, ҷ 20, саҳ 129.

[16]. Усули кофӣ, ҷ 4, саҳ 180.

[17]. Китобул хисол, саҳ 520.

[18]. Уюнул ахборур Ризо, ҷ 3, саҳ 69.

[19]. Усули кофӣ, ҷ 6, саҳ 35.

[20]. Туҳафул уқул, саҳ 13.

[21]. Туҳафул уқул, саҳ 12.

[22] . Сураи бақара, ояти 233.

[23]. Имолии Садуқ, саҳ 411.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.