Хушахлоқӣ

240

«Хушхулқӣ» ба маънои муоширати некӯ ва бархурди нек бо дигарон мебошад. Ин сифати арзанда яке аз беҳтарин авомили пешрафт барои фард ва ҷомеа аст, ки сабаби гармӣ ва сафо ва муҳаббат миёни инсонҳо шуда ва руҳи шахс ва касоне, ки бо ӯ муошират дорандро оромиш мебахшад. Худованд дар Қуръони маҷид, сураи муборакаи Қалам ояи 4 мефармояд:

«Ту ё расулаллоҳ дорои хулқи бузурге ҳастӣ».

Ва  ба мо мусулмонон низ дар сураи муборакаи Аҳзоб, ояи 21 дастур медиҳад, ки: «Ҳамоно паёмбар барои шумо улгуи зебост».

Аз  ин ду оя натиҷа мегирем, ки мо бояд дорои хулқу хуи бузург ва зебо бошем. Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи ва алиҳ) фармуд: Ҷабраил аз ҷониби Парвардигори оламиён бар ман нозил шуд ва гуфт: эй Муҳаммад барту бод ба хуш хулқе, ки хайри дунё ва охиритро ба поён бурда, сипас ҳазрати Расул(салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Бидонед, ки шабеҳтарин мардум ба ман касе аст, ки аз ҳама хушахлоқтар бошад. (1)

Имом Содиқ (алайҳиссалом) фармуд:

Хушхулқӣ соҳиби худро ба дараҷаи касе, ки рӯзҳо ва шабҳо ба ибодат машғул аст мерасонад.

Ва фармуд: Ахлоқи хуб гуноҳро зуб мекунад ҳамчунон ки хуршед яхро об мекунад.(2)

Паёмбари гиромӣ фармуд: Хушхулқӣ ниме аздин аст.3

Ва  ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом) фармуд: Сарлавҳаи номаи амали муъмин хушхулқии ӯст. (4)

 

 Хушхулқӣ ба чист?

Аз имом Содиқ (алайҳиссалом) савол шуд андоза чист? Ҳазрат фармуд: Мулоим ва фурӯтан бошӣ ва сухани худро покиза кунӣ ва бо бародарат бо рӯи зебо ва кушода мулоқот кунӣ. (5)

Барои расидан ба ин сифати илоҳӣ бояд ба фазилати ин сифати писандида ҳамчунон, ки зикр шуд таваҷҷуҳ кард ва сипас ба зарарҳои бади ахлоқӣ аз назари рӯҳӣ таваҷҷуҳ кард, ки чигуна инсонро дар миёни мардум мавриди танаффур қарор медиҳад. Рӯҳи одамиро ноором ва муташанниҷ карда ва одамиро аз неъмати муҳаббат ва унс бо дигарон ва лаззат бурдан аз дӯстон ва аз зиндагӣ маҳрум мекунад ва бадтар аз ҳама дар пешгоҳи илоҳӣ хор ва аъмоли ӯ низ камарзиш мешавад.

Сипас доиман бояд муроқиби суханон ва рафтори худ буда то мабодо ба тундӣ гироиш ёбад, ва яке аз беҳтарин роҳҳои хушхулқӣ, табассум намудан ҳамроҳ бо изҳори муҳаббат ва салом ва аҳволпурсии самимӣ кардан аст. Ин корҳо ба ҳеҷ ваҷҳ сахт ва ё дорои ҳазинаи молӣ нестанд вале ба шиддат мӯҷиби муҳаббат ва сафо ва ширинии зиндагӣ ва ризояти Худованд мешавад.

Касе, ки битавонад хашми худро контрол кунад то ҳадди бисёре аз неъмати хушхулқӣ баҳраманд хоҳад шуд.

  Накӯҳиши бадахлоқӣ

Паёмбари гиромии Ислом (с) фармуд: Бадахлоқӣ, аъмоли некро аз байн мебарад ҳамчунон ки сирка асалро фосид мекунад ва ба он ҳазрат хабар расид зане аст, ки рӯзҳо ва шабҳоро ба ибодат машғул аст вале бадахлоқ аст ва бо забони худ ҳамсоягонро озор медиҳад! Ҳазрат фармуд: дар ӯ амале нест ӯ аз аҳли ҷаҳаннам аст.(6)

   Симои хушхулқӣ

Хулқи хуши Муҳаммадӣ (с)

1- Рӯзе Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар масҷид нишаста буданд, ки хидматкори яке аз ансор ворид шуд ва гӯшаи либоси ҳазратро кашид! Паёмбари акрам (с) ба хотири ӯ аз ҷой бархост (то агар коре дорад) бигӯяд аммо ӯ чизе нагуфт Паёмбари акрам (с) низ чизе нафармуд (ва эътироз нанамуд) барои бори дувум ва севум низ ин кор такрор шуд, дар дафъаи чаҳорум, ки Паёмбар ба хотири он зан аз ҷой бархост, он зан аз гушаи либоси Ҳазрат риштае ҷудо кард ва баргашт!

Мардум, ки аз ҳаракоти ӯ ошуфта шуда буданд ба ӯ гуфтанд: Худо ба ту чунину чунон кунад, се мартаба Паёмбарро маътал кардӣ ва чизе нагуфтӣ ва ҳазрат низ ба ту чизе нагуфт ту бо Паёмбар чӣ кор дорӣ?

Зан гуфт: дар хонаи мо беморе аст ва хонаводаам маро фиристоданд то аз ҳошияи либоси ҳазрат риштае барои шифо баргирам, ҳар бор, ки хостам бигирам Ҳазрат аз ҷой бар мехост ва ман хиҷолат мекашидам дар муқобили диди Ҳазрат онро ҷудо кунам ва аз тарафе низ моил набудам, ки аз Ҳазрат дархост кунам, ин буд, ки худам (дар дафъаи чаҳорум) онро баргирифтам. (Усули кофӣ)

2- Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз бузургони таърихи илму адаб ва фарзонаи рӯзгор аст. Ӯ дар фалсафа ва калом ва риёзӣ ва илми ҳайъат ва дигар улуми роиҷи замон саромади рӯзгор буд. Рӯзе шахсе ба ӯ номае навишт ва дар нома ба вай ҷасорат карда навишта буд: эй саг писари саг! ин олими бузургвор бо камоли оромиш ва ахлоқи некӯ дар посухи вай навишт:

Аммо инки гуфтӣ эй саг писари саг, дуруст нест, зеро саг чаҳорпост ва порс мекунад ва нохунҳои дароз дорад вале ман қомати кашида дорам, пӯсти баданам пӯшида аз (мӯ нест) ва нохунҳоям низ паҳн аст на дароз, қувваи ақл ва ханда дорам (ки саг надорад) ин мушаххасот ғайр аз онҳост (ки дар саг аст) ва сипас дигар суханони вайро низ бо ҳамин мантиқ ва ахлоқи некӯ бе инки сухани баде бигӯяд посух гуфт!

3- Як нафар масеҳӣ ба имоми Боқир (алайҳиссалом) ҷасорат кард ва гуфт: ту бақар ҳастӣ! (бақар яъне гов) ҳазрат фармуд на ман Боқир (шикофндаи улум) ҳастам, ӯ идома дод, ки ту писари зани ошпаз ҳастӣ!

Ҳазрат фармуд: Ошпазӣ кори ӯст (ва оре нест)

Ӯ гуфт: ту писари зани сиёҳпӯсти баддаҳан ҳастӣ! ҳазрат фармуд агар рост мегӯӣ Худованд ӯро бибахшад ва агар дурӯғ мегӯӣ Худованд туро биёмурзад.

Оре ин аст ахлоқи хуши Аҳлибайт (алайҳимассалом) бо инки марди насронӣ дурӯғ балки бӯҳтон мезад чаро, ки модари ҳазрати Боқир (а) духтари имом Ҳасани Муҷтабо (алайҳиссалом) аст, ки имом Содиқ (а) фармуд ӯ сиддиқае буд, ки дар хонаводаи имом Ҳасани Муҷтабо (а) монанди ӯ наомадааст , вале ҳазрат чунон рафтори зебо ва некӯ бо ӯ нишон дод, ки насронӣ бо дидани ин ахлоқи некӯ мусулмон шуд. (7)

4- Паёмбари акрам (с) аз роҳе гузар мекрд, ки ногоҳ марди ғазабноке назди ҳазрат омад ва либоси ҳазратро гирифт ва маҳкам кашид яке аз ҳамроҳони ҳазрат мигуяд: ба гардани паёмбар нигоҳ кардам дидам, ки он либос, ки ғализ ҳам буд бар асари шиддати кашидан бар рӯи гардани эшон асар гузордааст он мард садо зад: эй Муҳаммад аз моли Худо, ки назди туст чизе ба ман бидеҳ! ҳазрат дар ҳоле, ки табассуме бар лаб дошт ба ӯ таваҷҷуҳ намуд ва фармуд то атое ба ӯ бидиҳанд. (8)

Ва  инчунин буд, ки ахлоқи Паёмбари акрам (с) ҳамонанди мӯъҷизаи ӯ мардумро ба Ислом даъват мекард ва дини ӯ бар дилҳо ҳукумат намуд ва ҷаҳонро таҳти таъсир қарор дод.

Моҳ  фурӯ монд аз ҷамоли Муҳаммад

Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад

Қадри фалакро камолу манзилте нест

Дар назари қадр бо камол Муҳаммад

Ваъдаи дидори ҳаркасе ба қиёмат

Лайлаи асро шаби висоли Муҳаммад

Одаму Нӯҳу Халилу Мӯсову Исо

Омада маҷмӯъ дар зилоли Муҳаммад

Арсаи гетӣ маҷоли ҳиммати ӯ нест

Рӯзи қиёмат нигар маҷоли Муҳаммад

Вонҳма пероя баста ҷаннати фирдавс

Бу, ки қабулаш кунад Билоли Муҳаммад

Ҳамчу замин хоҳад осмон, ки биафтад

Бидҳад бӯса бар ниоли Муҳаммад

Шамсу қамар дар замини ҳашр натобанд

Нур натобад магар ҷамоли Муҳаммад

Шояд агар офтобу моҳ натобад

Пеши ду абруи чун ҳилоли Муҳаммад

Чашми маро то ба хоб дида ҷамолаш

Хоб намегирад аз ҷамоли Муҳаммад

Саъди агар ошиқӣ кунӣ ва ҷавонӣ

Ишқи Муҳаммад бас асту оли Муҳаммад

 

Пайнавиштҳо :

1-Биҳоруланвор , ҷ 68 , с 387.

2- Биҳоруланвор, ҷ 68, с 395 ва 385

3- Биҳоруланвор, ҷ 68 , с 385

4- Биҳоруланвор, ҷ 68, с 393

5- Биҳоруланвор, ҷ 68, с 389

6- Биҳоруланвор, ҷ 68 , с 395

7- Фавоидурразавия , с 609

8- Лаолиюлахбор , ҷ 2, с 150

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.