Ҳуқуқи хонавода[6]

128

Некӣ ба бастагон

  1. Некӣ ба хоҳарон ва бародарон

Дар мавзуи пайванд бо хешовандон ба бародарони насабӣ таваҷҷуҳи хосе шуда аст.

Эмом Саҷод(а) мефармояд:

Ҳаққи бародарат бар ту ин аст, ки бидони ӯ даст (пуштибон) ва изату нерӯи туст, пас аз ӯ ба унвони силоҳ (абзор) дар ҷиҳати маъсияти Худо истифода накун ва ба унвони нерӯи кумакӣ дар ситам ба халқи Худо ба кумак нагир ва аз ёрӣ расондан ба ӯ дар баробари душманонаш ва хайрхоҳӣ барои ӯ даст набардор.[1]

Дар ривояте омадааст, ки ҳар кас бародарашро гиромӣ бидорад Худоро гиромӣ доштааст, пас гумони шумо дар бораи подоши касе ки Худоро гиромӣ бидорад чист?[2]

Ҳангоме ки синни мубораки Паёмбар ба ҳафтсолагӣ расид ба модараш (доя) Ҳалима фармуд: модар! Бародаронам куҷоянд? Гуфт: Эй дилбандам! Онон гусфандонро ба чарогоҳ бурданд, ки Худо онҳоро ба баракати ту ба мо ато фармуд.

Он ҳазрат фармуд: Эй модар! Бо ман ба инсоф рафтор накардаи! пурсид: чаро эй фарзандам? фармуд: Ман дар соя ҳастам ва бародаронам дар офтоб ва гармои шадид.[3]

Ҷойгоҳи бародари бузургтар

Ба фармудаи ҳазрати эмом Ризо(а) дар миёни бародарон бародари бузургтар дорои мақом ва манзалати хосае аст ва дар хонавода ҷойгоҳи падарро дорад.[4]

  1. Некӣ ба бародар ва хоҳари разоӣ

Эмом Содиқ(а) фармуд:

Хоҳари разоии Расули Худо(с) назди он ҳазрат омад. Паёмбар бо нигоҳ ба ӯ шодмон гашт ва ҷомаи худро барои вай паҳн кард ва ӯро бар он шинонд. Сипас бо вай ба гуфтугӯ пардохт ва дар чеҳрааш лабханд мезад. Сипас (хоҳари разоӣ) рафт ва бародараш омад, вале паёмбар рафторе, ки бо хоҳараш карда буд бо вай накард, аз у пурсида шуд: эй Расули Худо! Бо хоҳараш рафторе карди, ки бо вай накарди, дар ҳоле ки ӯ як мард аст. фармуд: Чун некии ин зан ба падар ва модар беш аз ин мард буд.[5]

Ин ҳадис, ҳам баёнгари асли силаи раҳми Паёмбари акрам(с) бо бародар ва хоҳари разоии хеш аст ва аҳмияти некӣ ба волидайнро нишон медиҳад.

  1. Некӣ ба дигар хешовандон

Дар баҳсҳои пешина аҳмият ва арзиши силаи раҳм ва иртибот бо ҳамаи хешовандони сабабии дур ва наздик дониста шуд. Дар ин қисмат баъзе нуктаҳо  дар бораи хешовандони дигар ёдоварӣ мешвад.

Эмом Содиқ(а) ба Зайди Шаҳом фармуд:

Саломи  маро ба касоне, ки аз ман пайравӣ ва ба суханонам амал мекунанд бирасон ва бигу, ки шуморо ба тақвои илоҳӣ суфориш мекунам. Бо хешовандони худ (гарчи дар мазҳаби дигар бошанд) силаи раҳм кунед. Дар ҷанозаи онон ҳозир шавед ва аз беморонашон аёдат кунед ва ҳуқуқи эшонро ба ҷо оваред… .(агар чунин кунед) гуфта мешавад: Ин мард Ҷаъфарӣ аст ва бо ин кор шумо маро шодмон мекунед.[6]

Подоши некӣ ба хола

Эмом Содиқ(а) мефармояд: Марде назди Паёмбар(с) омад ва гуфт духтаре доштам ва бузургаш кардам то ба синни булуғ расид, пас ба ӯ либосе пушонидам вайро ба зевар оростам. Сипас вайро ба чоҳе андохтам ва охирин сухане, ки аз духтарам шунидам ин буд, ки мегуфт: Падарҷон! кафораи ин гуноҳ чист? Расули Худо(с) фармуд: Оё модарат зинда аст? гуфт: на. Фармуд: Оё хола дорӣ?  гуфт: Оре.  Фармуд: пас ба холаат некӣ кун.  Ҳамоно ӯ ба манзалаи модар аст, балки некӣ бо вай каффораи гуноҳи ту мешавад.[7]

  1. Некӣ ба хешовандони сабабӣ

Яке аз пайвандҳои хешовандӣ, домодӣ аст, ки бо ақди заношӯӣ муҳаққақ мешавад ва мурод  аз хешовандон наздикони насабӣ ва сабабӣ аст, зеро дар бархе аз ривоёт ва хутбаҳои ақд,  хешовандони сабабӣ низ дар ҳукми хешованд зикр шудаанд… .  Аз хутбаи  ақди издивоҷи ҳазрати эмом Ҷавод(а) бармеояд,  ки Худои субҳон мусоҳира (домодӣ)-ро “насабулҳақ” медонад[8] пас инсон вазифадор аст пайванди худ бо хешовандони сабабиро низ қат накунад.

Худованд дар Қуръон фармуд:

Ӯст он ки аз об башаре офарид ва ӯро хешованди насабӣ ва домодӣ (сабабӣ) қарор дод ва Парвардигорат тавоност.[9]

Ҳазрати расул(с) вақте ба фармони Худо вазифадор шуд, то издивоҷи Фотима(а) ва Али(а)-ро анҷом диҳад дар хутба фармуд:

Худо домодиро пайванд қарор дода, ки сабаби пайвастани домод ба доираи хешовандон аст.[10] Ҳамчунин фармуд: Эй соҳибони қаробат (хешӣ)! Ҳамдигарро дидор кунед вале ҳамсоя нашавед ва ба ҳамдигар ҳадия диҳед, зеро ҳадия кинаро дур мекунад ва зиёрат дустиро маҳкам мекунад.[11]

Силаи раҳм шомили ҳамаи ақсоми хешовандӣ (насабӣ ва сабабӣ) мешавад, аз ин ру некӣ ба хешовандони сабабӣ ҳамонанди хешовандони насабӣ мавриди таъкид ва суфориш аст, гарчи ҳаққи пешӣ бо хешованди насабӣ аст, ҳамонгуна ки ки домод бо пайванди издивоҷ дар шумори хешовандони ҳамсар қарор мегирад, хешовандони сабабии ҳамсар (зан) падар ва модари вай дар доираи хешовандони шавҳар қарор мегирад.

  1. Бартарин хешовандӣ

Бузургтарин ходимони башарӣ Паёмбари акрам(с) ва аҳли байти ӯянд. Онҳо воситаи ҳаёти ҷовидонаи инсонҳоянд, аз ин ру ҳаққи ҳаёти маънавӣ бар инсонҳо  доранд ва маърифат ва итоат аз онон бартарин навъи силаи арҳом ва риояти ҳақи хешовандӣ аст.

 

Эмом Содиқ(а) фармуд:

… Худоё! Бипайванд, бо касеки бо ман пайваста аст ва канда кун аз касе, ки аз ман канда аст.[12]

Эҳтиром ва некӣ ба содот

Некӣ ба содот, ки наводагони Паёмбар(с) ҳастанд эҳтиром ба он ҳазрат шумурда мешавад, чунон, ки он гиромӣ фармуд:

Эҳтиром ба инсон аз роҳи риояти шаъни фарзандони ӯ ҳифз мешавад.[13]

Худо дар Қуръон фармуд:

Бигу ман ба расонидани рисолатам, ки шуморо ба чунин ҷойгоҳе мерасонад, ҳеҷ музде ҷуз дустӣ бо хешонам аз шумо намехоҳам .[14]

Ба гуфтаи ибни Абос, ҳангоме ки ин ойя нозил шуд аз Паёмбар(с) пурсиданд:

Эй Расули Худо! Онон ки  Худо ба дустдоштанашон фармон дода чӣ касонеанд? фармуд: Алӣ ва Фотима ва фарзандони он ду.[15]

Мисдоқи аслии ин оя эммомони Аҳлубайтанд;

Вале дигар фарзандони Паёмбар(с) аз насли ҳазрати Фотима дорои иҳтиром ва такрим ҳастанд, аз ин ру дар аҳкоми фиқҳ садақаи воҷиб яъне закот аз онрӯ, ки дар ривоёте аз он ба «أّوسَاخِ أَیدِی النَّاس» (яъне чирки дасти мардум) таъбир шуда бар ҳамаи содот ҳаром шуда аст,[16] чунон ки алломаи Ҳиллӣ (р) фармуд:

Ҳамаи олимон бар ҳурмати пардохтани закот ғайри бани Ҳошим ба бани Ҳошим (содот) иҷтимоъ доранд. [17]

Расули Худо(с) дар рузи Ғадири Хум фармуд: садақа (закот) на барои ман ҳалол аст ва на барои хонадонам.[18]

Эмом Содиқ(а) низ фармуд:

Садақа барои бани Ҳошим (содот) ҳалол нест, магар дар ду сурат:

Ташна бошанд ва ба об бирасанд, аз он бинушанд.

Садақаи баъзе аз бани Ҳошим барои баъзе дигари аз онон[19].

Подоши некӣ ба содот

Расули Худо(с) фармуд: Дар қиёмат барои чаҳор гуруҳ шафоат мекунам:

Икромкунандаи ба зуррияам(наводагонам) пас аз ман;

Бароварандаи ниёзҳояшон;

Он ки барои ислоҳи корҳояшон ба ҳангоми изтирори онон кушиш кунад;

Касе ки ононро бо дилу забон дуст бидорад;[20] ҳамчунин фармуд: Аёдат аз Бани Ҳошим фариза ва зиёрати онон, суннат аст.[21]

Эмом Ризо(а) низ фармуд: Нигаристан ба фарзандони мо ибодат аст. Ровӣ пурсид:

 

Нигоҳ ба эмомоне, ки аз насли шумоянд ё нигоҳ ба насли Паёмбар(с)? он ҳазрат фармуд: Балки нигоҳ бар ҳамаи фарзандони Паёмбар ибодат аст то вақте, ки аз равиши ӯ ҷудо нашуда ва худро дар гуноҳон наёлуда бошад.[22]

Расули Худо(с) фармуд:

Ҳар кас барои бархе аз фарзандонам кори неке анҷом диҳад ва ӯ подоши вайро надиҳад, ман некии ӯро подош медиҳам.[23]

Озор расондан ба хонадони Паёмбар низ ҷазо дорад; эмом Содиқ(а) аз ниёкони худ аз расули Худо чунин ривоят карда, ки ҳаргоҳ дар мақоми маҳмуд қарор гирифтам гунаҳкорони умматамро шафоат мекунам ва Худо шафоатамро дар бораи онон мепазирад ва ба Худо савганд барои озордиҳандаи наводагонам шафоат намекунам.[24]

 

[1]. Алфақиҳ, ҷ 2, саҳ 621.

[2]. Савобул аъмол, саҳ 287.

[3]. Биҳорул анвор, ҷ 15, саҳ 376.

[4]. Туҳафул уқул, саҳ 422.

[5]   Усули кофӣ, ҷ 2, саҳ 161.

[6] Усли кофӣ ҷ.2, саҳ. 636.

[7] Усли кофӣ, ҷ 2, саҳ 162.

[8] Маноқиби оли Абитолиб, ҷ 3, саҳ 350.

[9] Сураи Фурқон, ояти 54.

[10] Маноқиби оли Абитолиб, ҷ 3, саҳ 350.

[11] Алҷаъфариёт, саҳ 153.

[12] Усули кофӣ, ҷ 2, саҳ 151.

[13] Алиҳтиҷоҷ, саҳ 103.

[14] Сураи Шуро, ояти 23.

[15] Алъумада, саҳ 47.

[16] Усули кофӣ, ҷ 4,саҳ 58.

[17] Таҳрирул аҳком, ҷ 1, саҳ 69.

[18] Кашфулғумма, ҷ 1, саҳ 395.

[19] Китоби хисол, саҳ 62.

[20] Уюнул ахборур Ризо, ҷ 1, саҳ 254.

[21] Биҳорул анвор, ҷ 93, саҳ 234.

[22] Уюнул ахборур Ризо, ҷ 2, саҳ 51.

[23] Амолии, Тусӣ, саҳ 355.

[24] Амолии, Тусӣ, саҳ 294.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.