Ҳуқуқи хонавода[7]

120

Пайванд бо хешовандон ва силаи раҳм

Пайванд бо хешовандон ва некӣ ба онон ба вижа падару модар, аз роҳҳои муҳими рушд ва таоли ( дар ҳамаи заминаҳо)[1]  ва наздик шудан ба Худои субҳон аст[2]  ки пас аз эмон ба Худо аз бофазилаттарин амалҳои динӣ ба шумор меояд[3] ва аҷру подоши моддӣ ва маънавии фаровоне дорад.[4] Ин пайванд чунон муҳим аст, ки ба эътирофи олимон бар пояи далелҳои сегона; китоб, суннат ва ақл аз воҷиботи муҳимми динӣ шуморида шуда [5] ва барои дастёбӣ ба он, сафари яксола низ тавсия шуда аст.[6]

Қатъи иртибот бо хешовандон ҳам, навъи паймоншиканӣ бо Худои субҳон ба шумор меояд[7] ва ончунон назди Худо нафратовар аст, ки аз мусоҳибат ва ҳамроҳӣ бо қотии раҳм (касе, ки иртиботи бо хешовандонро қат кунад) наҳи шуда  [8]ва Худои субҳон дар се ҷои Қуръон ӯро лаън ва нафрин карда аст .[9]  Дар фиқҳ низ қатъи раҳм аз гуноҳони бузург ба шумор омада,[10] чунон, ки аз омилҳои фано ва нобудии башар ҳам муаррифӣ шуда аст.[11] Ҳамчунин гуфта шуд: Бӯи биҳишт, ки аз масофати ҳазорсола ба машом мерасад ба машоми қатъкунандаи раҳм нахоҳад расид.[12]

Дар ин қисмат ибтидо ба аҳмият, осор, авомил, масодиқ, марз ва маротиби силаи раҳм ва қатъи раҳм ба сурати куллӣ ва ихтисор ишора мешавад. Сипас мавориди силаи раҳм ба тафсил баён мешавад.

Аҳамияти силаи раҳм

Худои субҳон мефармояд: Ва ёд кун ҳангомеро, ки аз бани Исроил паймон гирифтам, ки ҷуз Худоро напарастам ва ба падару модар ва хешовандон некӣ кунанд.[13]

Паёмбари акрам(с) фармуд:

اَلا اَدُلُکُم عَلی خَیرِ اَخلاقِ الدُنیا و الاخِرَه؟ قالوا بَلی یا رَسُولَ الله قالَ: مَن وَصَلَ مَعَ مَن قَطَعَ.

Оё шуморо ба бартарин инсонҳои дунё ва охират аз назари ахлоқӣ роҳнамоӣ накунам?  гуфтанд: Оре. Фармуд: Касе аст, ки бо қатъкунандаи пайванд бо вай, бипайвандад.[14]

Силаи раҳм назди Худои субҳон чунон муҳим аст, ки онро аз ҷиҳати подош сариътарин ибодат қарор дода ва афзун бар подоши охиратӣ, подоши дунявӣ ва зудҳангоме барои он муқаррар дошта аст; ба гунае ки хонадони гунаҳкор  ҳам бо риояти силаи раҳм миёни худ, дороии онҳо низ зиёд мешавад ва бо некӣ ба якдигар бар умрашон афзуда мешавад.[15]

Дар ривояти дигар дар бораи аҳмияти он аз эмом Ризо(а) нақл шуда аст; Худо се чизро наздики се чиз сохт:  ба намоз ва закот фармон дод, ки ҳар кас закот напардозад намозаш пазируфта нест ва ба шукри Худо ва волидайн амр кард, пас ҳар кас шукри волидайнро ба ҷо наёварад, шукри Худо накарда аст.[16]

Расули Худо(с) фармуд:

Ҳамаи умматамро аз ҳозир ва ғоиб ва ба онон, ки то рузи қиёмат дар сулби мардон ва раҳми занон ҳастанд, суфориш мекунам ба силаи раҳм, агар чи як сол роҳ (миёни онон фосила) бошад ва ин аз дини Ислом аст.[17]

Осори силаи раҳм

Силаи раҳм подоши дунявӣ ва охиратии муҳим ва фаровоне дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

Паёмбари акрам(с) фармуд:

Ҳар кас аз таъхири аҷал ва густардагии рузии худ хушҳол мешавад, пас аз Худо битарсад ва силаи раҳм кунад.[18] Ҳамчунин фармуд: Ҳаркас ки аз умраш ҷуз се сол намонда бошад бо силаи раҳм, ба сию  се сол давом мебахшад.[19]

Дар ривояти дигар фармуд:

Ҳар кас барои ман як амалро замонат кунад, ман барояш чаҳор чизро зимонат мекунам: Ҳар кас силаи раҳм кунад, Худо ӯро дуст бидорад ва рузии вайро густариш диҳад ва умрашро зиёдӣ бахшад ва ӯро ба биҳишт дароварад, ки ваъда дода аст.[20]

Эмом Боқир(а) фармуд:  Силаи раҳм сабаби покии амалҳо, рушди дороӣ, дафъи бало,  осонии ҳисоб ва таъхири аҷал мешавад.[21]

Ҳазрати Мусо аз Худо пурсид: подоши касе ки силаи раҳм кунад чист? Фармуд: Аҷалашро ба таъхир андозам ва сахтии маргро ба ӯ осон кунам ва фариштагони биҳиштӣ ба вай нидо медиҳанд: ба сӯи мо биё ва ба ҳар даре, ки мехоҳӣ ворид шав.[22]

Эмом Содиқ(а) фармуд:

صِله ُالرَّحِمِ وَحُسنُ الجَوارِیَعمُرانِ الدِّیاری وَ یَزیدانِ فی الاَعمارِ.

Силаи раҳм ва ҳусни ҳамҷаворӣ, шаҳрҳоро обод ва умрҳоро тулонӣ мекунад.[23]

Осори қатъи раҳм

Эмом Ризо(а) фармуд: Худо тақвои илоҳиро ба силаи раҳм ҳамроҳ сохт, пас ҳар кас силаи раҳм накунад, тақвои илоҳӣ надорад,[24] дар натиҷа дигар амалҳои некаш пазируфта нест [25] ва кори ӯ паёмадҳои дунявӣ ва охиратӣ хоҳад дошт.

Паёмбари акрам(с) фармуд: Қатъи раҳм монеи дуо ва ҳиҷоби он мешавад;[26] ҳамчунин фармуд: ҳар гоҳ қатъи раҳм ҳамагонӣ шавад, дороӣ дар дасти ашрор қарор мегирад.[27]

Аз эмом Боқир(а) ривоят шуда аст:

Чаҳор чиз дорои кайфари зудрас аст … гусастани пайванд бо аҳли силаи раҳм.[28]

Аз эмом Содиқ(а) ҳам ривоят шуда аст.

Гуноҳе ки ба суръат нобуд мекунад, қатъи раҳм аст.[29]

Эмом Содиқ(а) фармуд:

Марде ки аз умраш сию се сол монда, қатъи раҳм мекунад, пас Худо онро ба се сол коҳиш медиҳад.[30]

Паёмбари акрам(с) фармуд:

Дар қиёмат марде, ки ба зоҳир дар роҳи хайр буда, ногаҳон касе ки вай пайванди худро бо ӯ гусаста буд бар ӯ ворид мешавад ва ӯро ба поёнтарин макони оташи дузах меафкананд;[31]

Баъзе аз авомили қатъи раҳм

Гусастани пайванди хешовандӣ ва пос надоштани ҳурмати волидайн осори гуногуне дорад; лекин ду осори муҳимми он, беҳаёӣ ва беиффатӣ ишора мешавад: эмом Содиқ(а) ба Муфаззал фармуд: бархе чунонанд, ки агар ҳаё набуд, ҳаққи падар ва модар ва силаи раҳмро риоят намекарданд.[32]

[1] Усули кофӣ, ҷ 2,  саҳ 157.

[2] Китобул хисол, саҳ 156.

[3] Сураи Бақара, ояти 83.

[4] Усули кофӣ, ҷ 2, саҳ 157.

[5] Мафотиҳул шароиъ, ҷ 2, саҳ7.

[6] Алфиқиҳ, ҷ 4, саҳ 361.

[7] Сураи Бақара, ояти 27.

[8] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 641.

[9] Сураи Бақара, ояти 27.

[10] Васила, ҷ 1, саҳ 274.

[11] Илалушшароеъ, саҳ 584.

[12] Усули Кофӣ, ҷ 6, саҳ 50.

[13] Сураи Бақара, ояти 83.

[14] Аззуҳд, саҳ 39.

[15] Китобул хисол, саҳ 124.

[16] Китобул хисол, саҳ 156.

[17] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 151.

[18] Аззуҳд, саҳ 39.

[19] Тафсири Аёшӣ, ҷ 2, саҳ 220.

[20] Уюнул ахборур Ризо, ҷ 2, саҳ 37.

[21] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 150.

[22] Равзатул воизин, ҷ 2, саҳ 370.

[23] Усули кофӣ, ҷ 2, саҳ 152.

[24] Китобул Хисол, саҳ 156.

[25] Сураи Моида, Ояти 27.

[26] Васоил, ҷ 15, саҳ 185.

[27] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 374.

[28] Китобул Хисол, саҳ 230.

[29] Илалушшароиъ, саҳ 584.

[30] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 153.

[31] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 153.

[32]  Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 349.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.