Хариди ҳадия барои хонавода

66

Расули Акрам(с) мефармоянд:

مَن دَخََلَ السُّوقَ فَاشتَریَ تُحفَهً فَحَمَلَهَا اِلَی عِیَالِهِ کَانَ کَحَامِلِ صَدَقَهٍ اِلَی قَومٍ مَحَاوِیجٍ وَلیَبدَأ قَبلَ الذُّکُورِ فَاِنَّ مَن فَرَّحَ اِبنَتِهِ فَکَاَنَّمَا اِعتَقَ رَقَبَهً مِن وُلدِ اِسمَاعیِل وَ مَن اَقَرَّ بِعَینِ اِبنٍ فَکَاَنَّمَا بَکَی مِن خَشیَهِ الله، وَ مَن بَکَی مِن خَشیَهِ الله اَدخَلَهُ الله جَنَّاتِ النَّعیِمِ

“Ҳар кас ба бозор равад ва барои хонаводааш ҳадия (туҳфа) харидорӣ кунад подоши ӯ монанди касе аст, ки барои ниёзмандон садақа мебарад. Вақте, ки ҳадияро ба хона бурд, аввал ба духтарон бидиҳад; зеро касе, ки духтарашро хушҳол кунад, монанди касе аст, ки як банда аз фарзандони Исмоил(а)-ро озод кардааст ва ҳар касе бо додани ҳадия чашми писареро равшан кунад, гӯё аз тарси Худо гиря кардааст ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, Худованд ӯро ба биҳиштҳои пур аз неъмат дохил мекунад”. (Мавоиз, ҷ7, саҳ314).

Яке аз суннатҳои исломӣ додани ҳадия мибошад. Ҳадия сабаби хушҳолӣ ва сафо ва самимият мешавад. Додани ҳадия ба ҳамсар аз рӯи сидқу сафои дил ва ба унвони ташаккуру қадрдонӣ аз неъматҳои илоҳӣ аз боризтарин намунаҳои эҳсону некӣ мебошад. Додани ҳадия дилҳоро ба ҳам наздику умедвор ва шодмон мекунад ва кина ва нафратро дӯр месозад.

Имом Боқир(а) фармуданд:

Барои якдигар ҳадия бибаред, ки бурдани ҳадия, кинаҳоро аз дилҳо берун мебарад ва интиқомгирӣ ва душманиҳоро бартараф месозад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.