Ҳиҷоб ва саломати равонии занон[2]

44

 

 4- Муҳофизат аз авотифи инсонии зан

Яке аз тафовут‏ҳои ошкори байни зан ва мард тафовут дар мизони авотиф ва эҳсосот аст. Худованди мутаол эҳсосот ва авотифи занро қави‏тар ва мутанаввеъ‏тар аз мард қарор додааст. Нақши ин авотиф дар зиндагии инсон бисёр муҳимм ва ҳаётӣ аст ба тавре, ки бидуни вуҷуди он, идомаи зиндагӣ номумкин ме‏шавад. Ин нақш ме‏тавонад ба ду ҷиҳат бошад: аввал манбаи муҳим ва омили аслӣ барои оромиш ва сукун дар зиндагии заношуӣ аст, (р.к: Рум, ояти.21). Ва дувум масъулияти модарӣ аст, ки офариниш бар ӯҳдаи зан қарор додааст. Ин масъулияти истеъдодии модарӣ замоне ме‏тавонад фаолият пайдо кунад, ки рӯҳ ва равони зан саршор аз отифа бошад, то бо тарбияти фарзандон, авотиф инсониро ба онҳо мунтақил кунад; Авотифе, ки ҷомеаи инсонӣ шадидан ба он ниёзманд аст ва тамоми масоиб ва мушкилоти дунёи кунунии башарият аз камбуди он нашъат мегирад.

Ончи дар инҷо таваҷҷуҳ ба он бисёр ҳоизи ҳамият аст, ин аст, ки чигуна бояд аз ин манбаи бисёр боарзиш ҳифозат кард ва дар рушд ва густариши он кӯшиш кард то харобӣ ва фасод дар он роҳ наёбад ва насли башарӣ зарар набинад? Ислом бо воҷиб кардани ҳиҷоб, беҳтарин роҳро барои ҳифз ва бақои авотиф ва эҳсосоти бо арзиш ва инсонии зан таъйин кардааст. Авотифе, ки агар дар зан нобуд шавад натанҳо ҳастаи равонии занро таҳдид мекунад ва ӯро дучори мушкилоти равонии ҳодд мекунад, балки ҷомеаи инсониро низ ба нобудӣ ме‏кашонад.

 5- Пойбандӣ ба усули ахлоқи инсони

Яке аз зарури‏тарин ниёзҳои башарият дар расидан ба саломати равонӣ, ахлоқ ва пойбандӣ ба усули он аст. Инсон замоне ме‏тавонад ба саломат ва оромиши равонӣ бирасад, ки дар сояи имон ва ахлоқ зиндагӣ кунад. Шарти аслии пойбандӣ ба ахлоқ, парҳез аз суқут дар партгоҳи шаҳвати ҳайвонӣ аст. Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), дар ҳадисе бузург‏тарин заминаи суқути ахлоқиро афтодани мардон ва занон дар доми шаҳавоти ҷинсӣ медонад.

Ҳамчунин имом Ризо (алайҳиссалом) вуҷуди равобити озоди байни зан ва мардро иллати бисёре аз ҷиноёт ва мафосиди ахлоқӣ муаррифӣ мекунад.

Бинобар ин ме‏тавон натиҷа гирифт, ҳифзи ахлоқ ва имони ҷавомеъ ва барқарории сулҳ ва сафо бастагии зиёде ба ҳифзи ҳиҷоб ва ҳарими зан ва мард дорад. Инҷост, ки мо ме‏тавонем ба арзиши ҳиҷоб ва пӯшиши зан пай бибарем ва онро ба унвони омили муҳим дар ҳифзи ахлоқ ва роҳе барои расидан ба саломати равонии занон ва ба дунболи он соири афрод маҳсуб кунем. Велтар (ба нақл аз Афкори ҷовидон) дар бораи нақши зан дар ҳифзи ахлоқ ме‏гуяд: вазифаи занон таҳзиби ахлоқи мардон аст. Ва низ ме‏гуяд: зан офарида шуд то шерозаи саодат ва иртиқои мавҷудот пайваста бимонад.

 6- Ҳифзи устувории хонавода

Яке дигар аз осор ва фавоиди ҳиҷоб, ки дар саломати равонии занон таъсир дорад, нақше аст, ки дар пойбандии ҳамсарон ба паймони муқаддаси издивоҷ дорад. Зеро ҳиҷоб ва пӯшиш боис ме‏шавад зан аз нигоҳ‏ҳои олудаи мардони ҳавас‏боз ва гирифтор шудан ба доми ишқ‏ҳои озод маҳфуз бимонад ва ба зиндагӣ ва хонаводаи худ вафодор бошад. Аз тарафи дигар шуюи бе‏ҳиҷобӣ ва бе‏бандуборӣ, боис ме‏шавад шавҳарон ба ҷойи таваҷҷуҳ ва муҳаббат ба ҳамсарона‏шон, ба думболи лаззат‏ҷӯӣ аз занони ороиш кардаи кӯча ва бозор бошанд ва занон низ аз ҷилва‏гарӣ ва таннозӣ барои ба дом андохтани мардони бегона, ибое надошта бошанд ва дар натиҷа ишқ ва алоқа байн ҳамсарон аз байн рафта ва боиси фурӯпошии хонавода шавад.

Озод шудан аз қайди хона ва хонавода, ба маънои аз даст додани оромиш ва амнияти равонӣ аст. Хонаро маскан гӯянд, зеро маҳалли сукунат ва оромиши рӯҳӣ барои инсон аст. Агар зан аз ин ҷой амн ва сукун ва маҳалли шукуфоии истеъдодҳо ва нируҳои даруни‏ашро аз даст бидиҳад, оромиш ва саломати равонии худро низ аз даст ме‏диҳад. истерес‏ҳо ва фишорҳои равонин, ки имрӯз доман‏гири занони ғарбӣ шуда, ба ин ҷиҳат аст, ки бе‏бандуборӣ ва доштани равобити ҷинсӣ, сабаб шуда аз зиндагӣ дар хона безор шаванд, вазифаи модарии худро фаромӯш кунанд ва ба ҷойи он дар қайд ва банди рақобат‏ҳои зиндагии модерни имрӯзӣ биафтанд ва тамоми арзиш‏ҳои маънавии худро фидо кунанд.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ низ дар ин бора ме‏гуяд: (Фалсафаи пӯшиш ва манъи комёбии ҷинсӣ аз ғайри ҳамсари машрӯъ, аз назар иҷтимои хонаводагӣ ин аст, ки ҳамсари қонунии шахс, аз лиҳози равонӣ, омили хушбахт кардани ӯ ба шумор меравад; Дар ҳоле, ки дар системи озоди комёбӣ, ҳамсари қонунӣ аз лиҳоз равонӣ як нафари рақиб ва музоҳим ва зиндонбон ба шумор меравад ва дар натиҷа конуни хонаводагӣ бар асоси душманӣ ва нафрат поя‏гузорӣ ме‏шавад.)

Ломброзо, низ ме‏гуяд: (борҳо дида шудааст дар мамолике, ки (занҳо) бештар таннозӣ ва дилбарӣ менамоянд, мардҳо нисбат ба онҳо бадбин буда ва аз қабули заношуӣ сарпечӣ ме‏кунанд ва борҳо мушоҳида шудааст, ки ҳатто баъд аз ташкили хонавода дар асари ошноии мардон бо ин‏гуна занон, нифоқ ва ҷудоӣ миёни ҳамсарҳо тавлид гаштааст)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.