Осебшиносии масоили ҷинсӣ(2)

137

Осебшиносии масоили ҷинсӣ

 5- Тасвири зеҳнии носолим:

Робитаи ҷинсии солим дар сурате руй медиҳад, ки инсон дан ҳангоми амали ҷинсӣ тасвири зеҳнии солим дошта бошад. Занон ва мардон дар тӯли рӯз ва муҳити кор ва фазоҳои берунӣ бояд саъй кунанд камтар ба чеҳраи номаҳрам нигоҳ кунанд. Идеал он аст, ки тасвири возеҳи ҳар як аз зан ва шавҳар фақат ба ҳамсари худ ихтисос дошта бошад ва зану мард тасвири возеҳе аз номаҳрамон надошта бошанд. Диққат дар бадан ва чеҳраи дигарон ду ҳолати дӯстӣ ва нафратро ба думбол дорад:

Робитаи номашруи мард бо дигарон ду зарари фоҳиш дорад:

– Робитаи фард бо ҳамсарашро суст мекунад

– Заминаи носозгориро тақвият мекунад.

Ба ҳамин далел аст, ки тавсия шудааст дар интихоби ҳамсар, зебоии ӯро низ мади назар қарор диҳед то дидани ӯ заминаи дӯстӣ шавад. Бояд касеро ба унвони шарики зиндагӣ интихоб кард, ки чеҳра, ҳолатҳо ва рафторҳои ӯ заминаи пазириши як умрро фароҳам кунад.

Ҳамонгуна, ки занон беҳтар аст ҷуз ҳамсарро набинанд ва мардонро ба ҳарими худ роҳ надиҳанд, мардон низ бояд ҳарзагароиро раҳо карда ва содиқона ва пок ба ҳамсари худ нигоҳи отифӣ, ишқӣ ва ғаризӣ дошта бошанд. Бинобар ин дар ривоёт аз робтаи заношуӣ бо ҳамсар дар ҳоле, ки тасвири зеҳнӣ аз зани бегонае дорад наҳи шудааст.[1]

Паёмбари акрам(с) фармуданд:

Эй Алӣ шаҳвати зани дигарро харҷи зани худ макун (ҳангоми омезиш ба фикри зани дигар набош). Зеро афкор ва рӯҳиёти ду тараф бисёре аз вақтҳо дар генҳои фарзанд асари баде мегузорад.[2]

 6- Надоштани ҷаззобият:

Чӣ зебо мешавад рафтор, ҳаракот ва гуфтугӯҳо ва муровидаҳои рӯзмраи байнихуд ва ҳамсарамонро ҳар шаб мавриди баррасӣ қарор бидиҳем ва то ҳадди имкон беҳтарин роҳ ва шеваро интихоб ва ҷойгузин кунем. Ончи ба сурати собит ва дар аввалин нигоҳ ҳамвора барои зан ва мард мавриди таваҷҷуҳ аст, либосе аст, ки ҳар як аз ҳамсарон дар рубару шудан бо ҳамсари худ ба тан доранд. Теъдоди зиёде аз занон ва мардон аз равиш ва навъи либос пӯшидани ҳамсарони худ шикоят доранд. Тағйир дар либосҳо фақат як тафреҳ нест балки тасвири зеҳнии дигаронро тағйир медиҳад.

Бетардид навъ, таркиб, таносуби рангҳо ва таъсири он бар ҷаззобияти фард ва ҷилваҳои гуногуне, ки ба ҳамроҳ дорад, дар ризояти равонии шарики ҷинсӣ таъсири фаровон дорад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ инки барои занҳо ончи мешунаванд, ва барои мардҳо ончи мебинанд дар равобити ҷинсӣ бисёр муҳим аст.

 7- Маҳдуд кардани замон ва фосила миёни ду омезиш:

Ҳеҷгоҳ наметавон барои муқорабати ҷинсӣ замон таъйин кард. Ҳар замоне муҳит ором буд ва тамоюл ба авҷ расид, замони робитаи ҷинсӣ фаро расидааст. Ҳеҷ кас наметавонад дар масоили ҷинсӣ улгу (сармашқ)-и шумо бошад. Ба ҳар кас нигоҳ кунед ва ӯро милоки худ қарор диҳед, шикаст хоҳед хӯрд. Зеро тавоноиҳо ва гироишҳои афрод ба теъдоди ҳамон афрод гуногун аст.

Муҳимтарин меъёр дар муваффақияти ҷинсӣ мароҳили зиёд ва мутанаввеъи он нест, балки фаъолияти ҳамоҳанги онон барои расидани ҳамзамон ба авҷи лаззати ҷинсӣ аст.

 8- Напазирфтани ҳувияти ҷинсӣ:

Доштани нигариши мусбат нисбат ба рафтори ҷинсии занона ё мардона метавонад заминаи рушди дигар мавориди шахсиятиро фароҳам созад дар ғайри ин сурат ихтилол дар ҳувияти ҷинсӣ пеш меояд.[3]

Бояд тасаввуроти иштибоҳеро, ки метавонад заминаи муқобилаи бо пазириши ҳувияти ҷинсӣ бошад аз байн бурд. Ба унвони мисол, тасаввури ҳолати фоил ва мафъулӣ дар равобити ҷинсии зан ва мард, ки як тафаккури қадимӣ аст ва метавонад нақши фаъоли занро камранг кунад. Дар пазириши ҳувияти ҷинсии зан таъсири манфӣ дорад. Ҳеҷ меъёр ва милоке барои фоил ё мафъул будани воқеии зан ва мард вуҷуд надорад.

Агар зан бовараш ин бошад, ки робитаи ҷинсии ӯ фақат барои бартараф кардани ниёзи ҳамсараш аст, бо нодида гирифтани арзиши хеш ин боварро, ки дар мақоми зан дар саҳнаи ҷомеа, фақат бояд посухгӯи ҳамсараш бошад, саҳиҳ дониста аст. Дар ҳоле, ки агар зан ба нақши воқеии худ огоҳ шавад дар муносиботи ҷинсӣ саҳми бисёр азимеро метавонад бар ӯҳда бигирад.[4]

Ислом бо пазируфтани ин нақш дар равобити физикӣ, занро дар вуруд ба арсаи ҷинсӣ, арза кардани худ ва фаолиятҳое, ки боиси бедории ҷинсии мард шавад, тавсия карда ва идораи робитаи ҷинсӣ ва таъмини мардро бар уҳдаи беҳтарин ва мудиртарин занон қарор додааст.

Хонум ҳарчи дар дур кардани тасаввури манфии мафъул будан талош кунад, бешак робитаи ҷинсии саломати бештаре пайдо хоҳад кард ва боис хоҳад шуд занон ҳолати заъф, инфиол ва зердаст буданро аз худ дӯр созанд ва дар шароити баробар, ба лаззатҷӯӣ, лаззатдодан ва лаззатгирифтан иқдом кунанд.

 9- Инзоли зудрас:

Ин истилоҳ вақте ба кор меравад, ки инзол қабл аз духул ё билофосила пас аз он, ба тавре, ки лаззати ҷинсиро мухтал кунад, сурат гирад. Дар бештари мавридҳо, лаззат бурдани занҳо бо инзоли зуди мардҳо мухтал мешавад. Бинобарин бо ирзо нашудан, хаста ва асабонӣ мешаванд ва вокуниши манфӣ аз худ нишон медиҳанд.

Инзоли зудрас илатҳои мухталифе дорад, ки ба ду иллати шоеи он ишора мекунем:

Дар навбати аввал, ба далели изтироб ва заъфи худбоварӣ дар инки оё метавонад шарики ҷинсии худро розӣ кунад ё на?

Дар навбати дувум, фишорҳои рӯҳӣ, нигарониҳои иқтисодӣ ё дар асари масрафи баъзе доруҳо рух медиҳад.

Аз онҷо, ки инзоли зудрас метавонад мард ва занро хашмгин созад ва заминаҳои носозгориро фароҳам оварад, муносиб аст дар дармони ин ихтилол зуд амал намоянд.

[1] . Васоилушшиа, ҷ.20, саҳ.15

[2] . ҳамон, ҷ.14, саҳ.120

[3] . Дармонҳои ҷинсӣ, Алӣ исломинасаб, саҳ.68

[4] . Хастагии ҷинсӣ, Муҳаммадризо тақаддумӣ, саҳ.31

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.