Чанд омили муҳими осебзананда бар робитаи ҷинсии солим

192

Чанд омили муҳими осебзананда бар робитаи ҷинсии солим

 1- Ба филмҳо эътимод накунед

Ҳар касе нисбат ба робитаи ҷинсӣ эътиқодоте дорад, ки аз даврони қабл аз издивоҷ бо ӯ ҳамроҳ аст, баъд аз издивоҷ ва шинохти бештари ҷинси мукаммал, бархе аз ин боварҳо ислоҳ ва бархе аз онҳо қуввати бештаре мегиранд.

Сайтҳо, шабакаҳои моҳвораӣ ва филмҳои равобити ҷинсӣ, бузургтарин осебро ба равобити ҷинсӣ мезананд вақте дар байни тамошогаронашон интизорҳое эҷод мекунанд, ки дар дунёи воқеӣ расм нест. Равобити тӯлонимудат бо ҳошияҳо ва фонтзиҳое, ки баъзеашон осебзо мебошанд. Метавонад боис шавад ҳар зан ва марде нисбат ба шарики зиндагии худ сард шуда ва интизораш аз робитаи ҷинсӣ ғайримаъқул шавад. Пас завҷайни азиз дар қадами аввал дониши саҳеҳи ҷинсӣ касб кунед.

 2- Кайфият, на камийят

Бузургтарин бовари иштибоҳ ин аст, ки гумон кунед, тӯлонӣ будани як робитаи ҷинсӣ далел бар муваффақ будани он аст.

Ин, ки ду нафар ба хостаҳои ҳам дар тӯли робита, эҳтиром бигузоранд ва фақат ба фикри касби лаззати худ набошанд муҳимтарин далели як робитаи ҷинсии муваффақ аст. Бинобарин доруҳое, ки имрӯза дар бозор зиёд шуда ва барои деринзолии мардон истифода мешавад, далели ҳамин бовари ғалат аст, ки робитаеро хуб медонанд, ки тӯлонӣ бошад.

 3- Инки бояд ҳамеша мардҳо пешқадам бошанд

Ва ин низ аз боварҳои ғалат аст, ки ҳатман бояд мард оғозгари робита бошад. Шояд дар фарҳанги мо ба далели инки барои хонумҳо сифати ҳаё аз арзиши зиёде бархурдор аст, нохудогоҳ ин бардошт вуҷуд дорад, ки дар робитаи заношуӣ ҳам бояд сабр кунанд то шавҳарашон пешқадам шавад, дар сурате, ки чунин чизе дуруст нест. Баъзе вақтҳо дар зиндагии ҷинсӣ, як зан бо пешқадам шудан метавонад ҳисси хуберо дар ҳамсараш эҷод кунад. Ҳисси инки ин робита барои ӯ низ дӯстдоштанӣ аст, ҳисси инки он мард тавониста ба қадри кофӣ мардонагӣ дошта бошад ва мардона амал кунад ва ҳамсарашро ғарқ дар лаззат кунад ва ин барои як мард бисёр дорои аҳммият аст.

Паёмбари акрам(с) беҳтарин занонро аломатҳое барояшон баён кардаанд:

– Покдомн буда ва дар баробари шавҳарашон пуршаҳват ҳастанд.

– Ҳар субҳу шом худро бар шавҳар арза мекунанд, ки ривояташ гузашт.

Тазаккур: Мардони мӯҳтарам инзол, поёни робитаи ҷинсӣ нест робитаи ошиқона ва рӯҳию равонӣ ва отифӣ зарурате аст, ки мавриди ғафлат қарор мегирад. Бинобарин баъд аз инзол ҳамсаратонро дарёбед, ки баъд аз он фурсати хубе барои муошиқаи ҳамсарон вуҷуд дорад.

Ҳеҷкдом аз завҷайн набояд интизор дошта бошанд, ки тарафи муқобилаш ӯро ба нуқтаи авҷ лаззати ҷинсӣ бирасонад; Зеро қатъан ҳар касе вазъияти бадани худашро беҳтар мишиносад ва метавонад ба худаш кумак кунад ва ба хотири ин дар ин робита саъй кунед беҳтарин шарики ҷинсӣ барои ҳамсаратон бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.