Ҳамсарам намоз намехонад!

61

Ҳамсарам намоз намехонад!

  Роҳкорҳои заминасоз барои ҳаракат дар замини намоз

Ҳамсарам нисбат ба намоз камаҳамият аст ва аз худ сустӣ нишон медиҳад. Метарсам сустии ҳамсарам дар амри намоз рӯи фарзандонам низ таъсири манфӣ бигузорад. Бо чӣ равишҳое метавонам ӯро нисбат ба намоз бо рағбат ва пойбандтар кунам?

Рафторҳои огоҳонае, ки аз инсон сар мезанад, дорои ду пуштивонаи шинохт ва ангеза аст. Намоз фақат як ибодат нест, тааллуқи хотир аст. Фақат як дуо нест, ки ситоиш аст. Биниш нест, ки гироиш аст. Аз инру афзӯн бар огоҳибахшӣ мебоист алоқаҳоро ҷиҳатдиҳӣ кард. Даъват ба намоз, даъват ба иртибот бо Худост. Афрод бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои рӯҳӣ ва равонӣ, мутафовитанд. Касеро, ки аз нооромӣ ва набуди оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ранҷ мебарад, ба гунае даъват мекунанд ва касеро ҳам, ки дағдағаи ризқу рӯзӣ дорад, ба гунаи дигар. Мехоҳем инсонеро даъват ба намоз кунем, ки дорои фикр ва андеша, ҳис ва ангеза, розҳо ва ниёзҳои гуфта ва ногуфтааст. Майл ва гироиш дорад. Сусти дар амри намоз реша дар бархе авомили пайдо ва пинҳон дорад, онҳоро бояд расад ва мавонеъро бояд бартараф кард.

  1. Аз худатон шурӯъ кунед; Шумо дар канори дигар улгуҳо метавонед беҳтарин нақши улгуиро дошта бошед; Чун шумо даъваткунандаи ҳамсар ба намоз ҳастед, бояд муроқиби рафторҳоятон бошед то бо рафторҳои писандида ва ангезабахши худ, ӯро ба намоз даъват кунед.
  2. Маъмулан инсонҳо аз ироаи «тавсияҳои дархост нашуда» ба хубӣ истиқбол намекунанд ва чунин тавсияҳое ин зеҳниятро дар онҳо эҷод мекунад, ки намедонанд хайр ва салоҳашон дар чист. Ба хусус мардҳо дар қиболи тавсияҳои ҳамсаронашон барои ислоҳи рафтор аз худ муқовамат нишон медиҳанд; Чароки масъалаи шоистагӣ ва қобилият барои онҳо аз аҳамияти бисёре бархурдор аст. Онҳо дӯст доранд худашон ба танҳоӣ битавонанд ба аҳдофи мавриди назарашон бирасанд; Аз инру иҷоза бидиҳед худашон оҳиста-оҳиста ба аҳамият ва ҷойгоҳи намоз дар зиндагӣ пай бибаранд. Ин фурсатро бо насиҳат ва амру наҳи аз онҳо нагиред.
  3. Барои нукоти мусбат ва корҳои хубашон арзиш қоил шавед то ангезаҳо барои ислоҳи рафтор тақвият шавад.
  4. Дар як фазои комилан самимӣ аз ӯ бихоҳед, ки ба шумо бигӯяд чӣ чизҳое иҷоза намедиҳад, ки ба самти ибодат биравад. Ба ӯ бигӯед вақте намозхонданатро мебинам лаззат мебарам. Бо ин шева, ангезаҳои ӯро таҳрик кунед.
  5. Инсонҳо вақте дар ҷамъе бошанд, ки машғули коре ҳастанд, нохудогоҳ ин зеҳниятро пайдо мекунанд, ки ҳама машғули ҳамон коранд ва аслан ин тасаввурро надоранд, ки дар муҳити дигар афроде машғули корҳои дигаре ҳастанд. Дар натиҷа ӯ ҳам саъй мекунад худашро ҳамранги ҷамоат намояд. Пас то метавонед саъй кунед барномаҳои тафреҳӣ ва харид, ҳамзамон бо вақти азон набошад то ин зеҳният дар ӯ падид наёяд, ки ҳеҷ касе дар ҳоли ҳозир машғули намоз нест ва ин нукта барои ӯ одӣ намешавад.
  6. Муроқиб бошед дар миёни сӯҳбатҳоятон ҳамсаратонро бо афроди пойбанд ба намоз муқоиса накунед ва ё аз аҳли намоз будани афроди ҳамсинусоли ҳамсаратон таъриф ва тамҷид накунед. Ин кори шумо ҳамсаратонро намозхон намекунад, балки ӯро нисбат ба намозхонҳо бадбин ва кинаӣ мекунад ва ҳисси ҳасодати ӯро бармеангезад.
  7. Барномаҳое барои рафтан ба маконҳои мутабаррик дошта бошед ва саъй кунед ҳузуратон ҳамзамон бо вақти азон бошад чаро ки маъмулан афрод бо қарор гирифтан дар шароите, ки ҳамагӣ муҳаёи иқомаи намоз ва ҳамчунин ширкат дар намози ҷамоат ҳастанд, саъй мекунанд худашонро ба онҳо ҳамроҳ кунанд.
  8. Инсонҳо ташнаи такрим ва эҳтироманд. Муроқиб бошед бо баъзе рафторҳо ва гуфтаҳо, онҳам ба ангезаи даъват ба намоз, эҳтироми ҳамсаратонро аз байн набаред.
  9. Иртиботи худро бо афроди мутадаййин ва бастагоне, ки аҳли намозанд, зиёд кунед ва барномаҳои мусофиратӣ бо онҳо дошта бошед.
  10. Намозро хеле осон ҷилва диҳед; Яъне иктифо ба анҷоми воҷибот.
  11. Инсон то вақте нисбат ба чизе майл ва кашиши дарунӣ надошта бошад, насиҳат ва амру наҳи дигарон нисбат ба он таъсире надорад; Бинобар ин аз амру наҳи мустақим, ки бӯи насиҳат ба худ бигирад, парҳез кунед.
  12. Ӯ бояд эҳсоси масъулият кунад. Эҳсоси масъулият яъне боядҳои берунӣ табдил ба боядҳои дарунӣ шавад. Масъулият ва таклифро бо тамоми вуҷудаш эҳсос кунад ва худро бо он бегона надонад. Равише, ки бояд дар инҷо ба кор бибаред, равиши рубарӯӣ бо натоиҷи аъмол аст. Пуштивонаи ин равиш, ҳубби зотии одамӣ аст. Инсон ба таври фитрӣ ҳубби зот дорад ва мунтазири ояндаи хуш барои худ аст. Баёни осор ва баракоти дунявӣ ва ухровии намоз ба шеваҳои гуногун ва беҳтар аст ба сурати ғайримустақим боис мешавад то ангезаҳои лозим дар ӯ эҷод шавад.
  13. Таҷрибаҳо ва хотироти ширини худ аз намозро ба муносибат дар нишастҳои самимӣ бо ҳамсаратон баён кунед.
  14. Аз самими қалб барои муваффақияти худатон ва барои ҳидояти ӯ дуо кунед ва бидонед, ки агар дар коратон ҷиддият ва ихлос дошта бошед, ҳатман муваффақ мешавед, агар ҳам муваффақ нашудед аҷратон пеши Худо нигаҳ дошта шуда аст.
  15. Дуои ҳазрати Иброҳим(а) дар ҳаққи худ ва насли хешро ҳамвора ба хотир бисупоред ва такрор кунед. (ояти 40, сураи Иброҳим)
  16. Китобҳоеро, ки дар бораи намоз навишта шуда, дар пеши дид қарор диҳед.
  17. Яке аз хусусиёти инсон, таъсирпазирии зоҳираш аз ботинаш аст. Рафтори берунии ӯ хабар аз нигоҳи даруни ӯ медиҳад; Бинобар ин бояд нигоҳи наве ба ӯ бахшид ва нигариши ӯро тағйир дод. Дар воқеъ бояд ба фикри таҳаввули дарунии ӯ буд. Огоҳибахшӣ метавонад сароғози тағйири бисёре аз ҳолот ва рафторҳои инсон шавад. Ба ҷои ҳуҷум ба афрод, афкорашонро ислоҳ кунем.

 

  1. Инсон аз шароити мухталифи муҳитӣ чи аз шароити замонӣ, маконӣ ва иҷтимоӣ таъсирпазирӣ дорад. Дар воқеъ решаи бархе аз афкор, ниёт ва рафторҳои одамиро бояд дар шароити муҳитии ӯ ҷустуҷӯ кард; Бинобар ин зарурӣ аст, ки даст ба тағйири мавқеият бизанед. Ба ин сурат, ки агар дар наздикиҳои шумо масҷид вуҷуд надорад ва ё ҳамсояҳои шумо рафторҳое доранд, ки ба ин масъала доман мезананд, дар сурати имкон, маҳалли зиндагии худро тағйир диҳед.
  2. Инсон аз дӯстон ва атрофёни худ таъсир мепазирад ва дӯст дорад, ки дар рафтор ва гуфтор, худро шабеҳ ва ҳамшакли онҳо кунад. Равиши тағйири мавқеиятро дар ин маврид низ метавон пиёда кард. Ба ин баён, ки то метавонед иртиботи худро бо хонаводаҳое, ки нисбат ба умури ибодӣ бетафовут ҳастанд ва ҳамчунин иртиботи хонаводагии худро бо дӯстоне, ки фикр мекунед сабаби кам шудани майлу рағбат ба ибодат мешаванд, кам кунед.

  Ҳасан мададхонӣ (пажӯҳишгари динӣ)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.