Аз ин хатоҳои тарбиятӣ бипарҳезед!!

181

Модар ва падар будан ба маънои дур аз айб будан нест. Аз замони таваллуди кӯдак, волидайн талош мекунанд фарзанди бо тарбият ба воя бирасонанд аммо гоҳе ин иттифоқ намеафтад. Далели он равишҳои тарбиятии нодурусте аст, ки надониста дар пеш мегирем. Агар шумо ҳам дучори яке аз ин хатоҳо шудаед, ин матлабро бихонед то иллати иштибоҳ будан ва ислоҳи онро ёд бигиред.

Иштибоҳи шумораи 1: Ҳамназар набудани волидайн

Ҷумлаи иштибоҳ: «Падар гуфтааст телевизион нигоҳ кардан барои ту мамнуъ аст! аммо имрӯз падар нест ва метавонӣ телевизион нигоҳ кунӣ!»

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

Бо шикастани қавонин, шумо ин фурсатро ба кӯдакатон медиҳед аз шаки шумо дар мавриди сиҳатии қавонини худ истифодаи нодуруст кунад. Ӯ ба ин тартиб меомӯзад ончи аз як аз волидайн наметавонад талаб кунад, дар набуди ӯ аз дигарӣ бихоҳад.

Чӣ кунем?

Ҳамеша бо ҳамсари худ тавофуқи назар дошта бошед ва дар иҷрои қавонине, ки таъйин мекунед, ҷиддӣ бошед.

Иштибоҳи шумораи 2: Муқоисаи кӯдак бо хоҳар ё бародараш.

Ҷумлаҳои иштибоҳ: «Муҳимм нест сари чӣ мсъалае бо бародарт даъво мекардӣ, чун ту дод мезанӣ танбиҳ мешави! »

«Аз хоҳарат ёд бигир! ӯ хеле беҳтар аз туст! »

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

Дар ҷнгҳои байни кӯдакон ҳаргиз саъй накунед як кӯдакро таҳқир ё ӯро бо дигарон муқоиса кунед чун ин кор боиси хурд шудани шахсияти ӯ мешавад.

Чӣ кунем?

Вақте ҷидоле байни хоҳар ва бародарҳо рух дод, танбеҳи як кӯдак фақат боиси аз байн рафтани равобити отифӣ мешавад. Агар қарор аст танбиҳ кунед, ҳар ду ё ҳар серо танбиҳ кунед, ба ин тартиб ҳамагӣ ба қавонин эҳтиром мегузоранд ва саъй намекунанд як нафарро айбдор ҷилва диҳанд.

Иштибоҳи шумораи 3: Ифрот ва тафрит (зиёдаравӣ ё кутоҳӣ)

Ҷумлаҳои иштибоҳ: «Агар меваро бихӯрӣ, ба унвони ҳадия ба ту шаклот медиҳам»

«Агар бо хоҳари хурдакат хуб бошӣ бароият ҳадия мехарам».

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

Чун дар ин сурат кӯдак ба дарёфти ҳадия одат мекунад. Агар мехоҳед фарзандатон мева бихӯрад, ин корро дар ҳадди оддӣ анҷом диҳед то ҳамеша мунтазири дарёфти шакалот баъд аз он набошад.

Чӣ кунем?

Ба фарзандатон қавли як ҳадияеро нидиҳед магар инки воқеан битавонед онро муҳаё кунед. Гоҳ-гоҳе ҳадия додан ба кӯдак ба унвони ташвиқ кори хуб ва дурусте аст ва равобити отифиро маҳкамтар мекунад аммо набояд ин корро ба як мавзӯи сода ва рӯзона табдил кунед.

Иштибоҳи шумораи 4: Табдили утоқи кӯдак ба маҳалли танбиҳ

Ҷумлаҳои иштибоҳ: «Бозичаҳоятро дар замин нарез вагарна маҷбӯрӣ ба ҷоихоб биравӣ», «Дуруст сари миз бинишин вагарна маҷбӯрӣ биравӣ даруни утоқт».

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

То ҷои мумкин набояд утоқ ё ҷои хоби кӯдакро ба маҳалле барои танбиҳи ӯ табдил кард. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин нукта метавонад боиси ба вуҷуд омадани мушкилҳои хоб дар кӯдакон шавад. Утоқи хоби кӯдак бояд макони амн ва роҳат барои ӯ бошад то дар он эҳсоси оромиш кунад ва хоби хубе дошта бошад.

Чӣ кунем?

Агар мехоҳед ба далели кори иштибоҳе кӯдакро ба утоқи дигаре бифиристед, аз ҷои дигар ё як утоқи дигар истифода кунед, аммо беҳтар аст аслан чунин коре анҷом надиҳед. Оромиши худро ҳифз ва саъй кунед фарзандатонро қонеъ кунед кори саҳеҳро анҷом диҳад.

Иштибоҳи шумораи 5 : Сарзаниши кӯдак

Ҷумлаҳои иштибоҳ: «Ту як духтарчаи нодони» ё «чӣ гуноҳе кардам, ки Худо туро қисмати ман кард?»

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

Иштибоҳи фарзанди шумо ҳар чӣ бошад, набояд шахсияти ӯро таҳқир кунед. Ин кор боиси нафрати ӯ аз худ мешавад ва дар барқарории робитаи отифӣ бо модар дучори мушкил мешавад.

Чӣ кунем?

Агар фарзанди шумо муртакиби иштибоҳе мешавад, рафтор, ҳарфҳо ва мавқеиятҳоро нақд кунед на худи ӯро. Масалан ба ҷои гуфтани инки «ту писари баде ҳастӣ» метавонед бигӯед: «кори ту иштибоҳ буд.»

Иштибоҳи шумораи 6: Мавкул кардани танбеҳ ба оянда

Ҷумлаҳои иштибоҳ: «Агар боз ҳам бародаратро азият кунӣ, ҳадияи рӯзи ид намегирӣ! »

Чаро ин равиши тарбиятӣ иштибоҳ аст?

Кӯдакон маъмулан фаромӯш мекунанд як соат қабл чӣ кори иштибоҳе анҷом додаанд чӣ бирасад ба инки як моҳ ё ҳатто бештар ин мавзӯъ дар зеҳнашон боқӣ бимонад. Чунин таҳдидҳое барои кӯдакон бемаънӣ аст.

Чӣ кунем?

Кӯдакон дар замони ҳол ё ояндаи бисёр наздик зиндагӣ мекунанд. Агар қарор аст онҳоро танбиҳ кунед, онро хеле ақиб наяндозед ва ниҳоятан дар ояндаи бисёр наздик ин корро анҷом диҳед. Танбиҳи кӯдак метавонад манъи ӯ аз як бозии баъд аз ғизо ё нарфтан ба парк бошад.

Ба умеди ин, ки бо риоя кардани ин нукот волидайни хубе бошем ва фарзандони хубе барои ҷомеа тарбият намоем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.