Ба ҷои “ту” бигӯед “шумо”

103

Инсон дар зиндагии муштарак, ба ду маҳорати ибрози эҳсосот ва таваҷҷуҳ ба ниёзҳо эҳтиёҷ дорад. Ибрози эҳсосот ба ин маъно, ки ибтидо эҳсосоти худро шиносоӣ ва баъд онҳоро баён кунед ва тарсими ниёзҳо ба ин мафҳум, ки тарзи тақозо барои хостаи худро барномарезӣ кунед. Ба гунае, ки битавонед беонки рафтори пархошгарона дошта бошед, ибрози вуҷуд кунед ва қотеъият ба харҷ диҳед.

Агар дар ҳар як аз ин маҳоратҳо заиф бошед муносиботи шумо бо ҳамсаратон осеб мебинад. Агар ҳар ду маҳоратро надошта бошед равобити шумо маҳкум ба шикаст аст.

Шарти аввал; барои ибрози эҳсосот ин аст, ки эҳсосоти худро комилан бишносед ва аз калимоти муносиб барои ибрози эҳсосоти худ истифода кунед. Саъй кунед эҳсосоти худро ёддошт кунед. Тамрини зер ба шумо кумак мекунад эҳсосоти лаҳза ба лаҳзаи худро таҷриба кунед, нагӯед худам ҳам намедонам чаро чунин мекунам ва чаро чунин рафтор дорам? Тамрини зер ба шумо кумак мекунад эҳсосоти лаҳза ба лаҳзаии худро таҷриба кунед.

Таърих, мавқеият, эҳсос

10/3 Аҳмад гулҳои боғчаро хароб кард. Хашмгин ва андуҳгин

10/5 Аҳмад бароям шохаи гул овард то узрхоҳӣ карда бошад. Меҳр ва таваҷҷуҳ

10/6 Мехостам хонаи модар биравам, аммо дидам Аҳмад омода нест ва бо ман наёмад. Асабӣ, дилгир, нороҳат

10/9 Тавзеҳ медиҳам чаро Аҳмад бо ман наомад. эҳсоси хиҷолат.

Қадами аввал дар ибрози эҳсосот интизори калимҳое аст, ки эҳсоси шуморо ба беҳтарин шакл нишон медиҳад, афсурда, хашмгин, дилгир, асабонӣ, ташвиш, нигарон ва ҳамонанди он.

Шумо метавонед бо риояти усули зер эҳсосотатонро ба беҳтарин шакл ба ҳамсаратон интиқол диҳед ва ба онгунае, ки пазирои шумо бошанд, матраҳ кунед.

1- Дар иборот ба ҷои инки аз “ту” истифода кунед беҳтар аст “ман”-ро истифода кунед. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки ҷумлаҳо бо “ту” бисёр сарзанишомез ҳастанд.

“Ту маро асабонӣ мекунӣ”

“Ту одами бетааҳҳуд ҳастӣ ва ғайри худат ба каси дигар фикр намекунӣ”

“Ту аъсобамро хароб кардӣ”

Вақте аз “ман” истифода мекунед , масъулияти эҳсосотатонро мепазиред ва эҳтимоли инки ҳамсаратон ба ҳарфи шумо баҳо бидиҳад, бештар мешавад. Пас беҳтар аст бигӯед:

“Ман асабонӣ ҳастам”

“Вақте дер омадӣ, нороҳат шудам”

“Аъсобам хароб шудааст”

Таваҷҷуҳ дошта бошед мумкин аст ҷумлаҳоеро бо “ман” шурӯъ кунед, аммо ҷумлаи аслӣ мутаваҷҷеҳи “ту” бошад. Монанди:

“Эҳсос мекунам ту як равонӣ ҳастӣ”

“Ман аз сарфу харҷи ту асабонӣ ҳастам”

2- Содиқу ростгӯ бошед. Саъй кунед дар баёни эҳсосоти худ то ҳадди имкон бархурди содиқона дошта бошед, ҳақиқатро бигӯед, ифрот накунед.

 3- Ҳамхонӣ дошта бошед. Муҳим аст, ки забону лаҳни садои шумо бо каломатон ҳамхонӣ дошта бошад, агар дар ҳоле, ки табассум мекунед аз андӯҳи худ ҳарф бизанед, мусалламан паёми шумо ба таври саҳеҳ расонда нахоҳад шуд.

 Таваҷҷуҳ ба хостаҳо

Ин ҳаққи шумост, ки хостаҳоятонро бо ҳамсаратон дар миён бигузоред дар воқеъ дар қиболи худ ва дар қиболи ҳамсаратон масъул ҳастед, ки ниёзҳоятонро бишносед, шумо мутахассиси худтон ҳастед.

Ҳеҷкас ва ҳатто ҳамсаратон наметавонад зеҳни шуморо бихонад ва аз хостаҳои шумо огоҳ шавад. Мумкин аст шахс аз шумо бихоҳад кореро барояш анҷом диҳед, шумо низ мепазиред вале доим дар худатон шикоят мекунед. Оё намедонанд ман чиқадар гирифтор ҳастам? Оё намехоҳанд вазъият ва мушкилоти маро дарк кунанд? Бояд бигӯем ин шумо ҳастед, ки бояд хостаҳо, мушкилот ва ниёзҳоятонро матраҳ намоед, дигарон қодир ба андешахонӣ нестанд ва наметавонанд зеҳни шуморо бихонанд, беҳтар аст дар чунин шароите бигӯед, хеле мехоҳам ба шумо кумак кунам вале ба хотири баъзе далелҳо феълан қодир ба анҷоми он нестем ва хеле роҳат аз пазируфтани он кор худдорӣ кунед. Дар иртибот бо ҳамсар беҳтар аст ибтидо дархости худро аз қабл бинависед. Дар ин сурат мавзӯъ дар зеҳнатон равшантар мешавад ва аз он муҳимтар, метавонед мутмаин шавед, ки иртиботи шумо аз аносири як дархости хуб бархурдор аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.