10 иштибоҳи вайронгар дар зиндагӣ

187

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки доштани иртиботи хуб робитаҳоро мустаҳкам мекунад, ҳамчунин самимият, боварӣ ва ҳимоят байни ду тарафро низ бештар мекунад. Иртиботи бад самимиятро аз байн бурда, бовариро аз байн бурда ва ҳатто мӯҷиби таҳқир ва иҳонт байни ду тараф мешавад. Дар идома ба чанд намуна аз рафторҳо ва улгуҳои иртиботии заиф, манфӣ ва ҳатто вайронгар ишора мекунем, ки ҳар даъво ва кашмакашро бадтар мекунад.

  1. Рарҳез аз ҷангу даъво ба таври кулл:

Ба ҷойи сӯҳбат кардан дар бораи мушкилот дар як ҷои ором ва ҳамроҳ бо эҳтиром, баъзе афрод талош мекунанд ҳеҷ чиз дар бораи мушкилот ва далели нороҳатии худ ба тарафи муқобили нагуянд ва баъд онро якбора бо асабонияти ваҳшатнок баён мекунанд. Ин ба назар роҳи кам стресстар меояд, ки бихоҳед ба таври кул аз баҳс ва мушоҷира дӯрӣ кунед аммо маъмулан стресси бештаре барои ҳар ду тараф эҷод мекунад чун бо он инфиҷори асабоният, таниш, хашм ва мушоҷираи бештаре байни ду нафар эҷод мешавад. Пас беҳтар ин аст, ки ба роҳатӣ ва бо оромиши хотир дар бораи мушкилоти худ бо ҳам баҳс кунед.

2-Ҳолати дифоӣ гирифтан:

Баъзеҳо ба ҷойи инки гила ва шикоятҳои тарафи муқобилро бо диди мунтақидона ва бо майли шахсӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд ва нуқта назароти ӯро дарк кунанд, саъй мекунанд ҳаргуна иштибоҳ ва хатои худро инкор кунанд ва ба ҳеҷ тариқ қабул намекунанд, ки мумкин аст худашон сабаби ба вуҷуд омадани мушкил шуда бошанд. Шояд ба назар бирасад, ки инкори масъулият стрессро дар кӯтоҳзамон камтар мекунад аммо дар тӯлонимуддат сабаби ба пайдо шунади мушкилоти бисёре хоҳад шуд.

  1. Таъмими ифротӣ

Баъзеҳо вақте иттифоқе меафтад, ки аз он чандон хушашон намеояд бо умумият додани он мушкилро берун медиҳанд. Ҳеҷвақт ҷумлаҳои худро бо “ту ҳамеша….” ё “ту ҳеҷвақт…” мисли “ту ҳамеша дер меойи хона” ё “ту ҳеҷвақт коре, ки ман дӯст дорамро анҷом намедиҳӣ” шурӯъ накунед. Каме сабр кунед, фикр кунед ва бибинед оё ин ҷумлаҳо воқеан дурустанд. Ҳамчунин ҳеҷвақт бо пеш кашидани мушкилоти куҳна саъй накунед, ки мушоҷираро бадтар кунед.

  1. Ҳаққ доштан

Агар бихоҳед фикр кунед, ки барои ҳар коре равиши “дуруст” ва равиши “ғалат” вуҷуд дорад, ва равиши шумо ҳамеша “дуруст” аст, робита тон вайрон хоҳад шуд. Ҳаргиз нахоҳед, ки тарафатон ҳам мисли шумо ба руйдодҳо нигоҳ кунад ва агар дидгоҳи онҳо фарқ дошт, ҷангу ҷидол роҳ наяндозед. Ҳамеша ба думболи мусолиҳа бошед ва ёдатон бошад, ки ҳеҷвақт як равиши “дуруст” ё “ғалати” комил вуҷуд надорад ва мумкин аст ҳар ду нуқта назар комилан саҳеҳ бошанд.

  1. Равонковӣ

Баъзеҳо ба ҷойи инки дар мавриди афкор ва эҳсосоти тарафи муқобилашон савол кунанд, фикр мекунанд, ки медонанд, ки тарафашон ба чӣ чиз фикр мекунад ё дар мавриди як масъалаи хосс чӣ эҳсосе дорад ва маъмулан ҳам ин тафсирҳо манфӣ аст. Масалан вақте тарафшон дер сари қарор меоянд, пеши худашон фикр мекунанд, ки барои ӯ аҳамият надоранд. Ин кор душманӣ ва бадкумонӣ байни ду тараф эҷод мекунад.

  1. Гӯш надодан

Баъзе афрод ба ҷойи инки хуб ба суханони тарафи муқобилашон гӯш кунанд ва суханони ӯро бифаҳманд, замоне, ки тарафашон машғули сӯҳбат кардан аст, ҳарфи ӯро қатъ мекунанд, чашмонашонро интараф ва онтараф мегардонанд ё ба ончи худашон мехоҳанд дар ҷавоб бигӯянд фикр мекунанд. Инкор боис мешавад натавонед ба хубӣ аз нуқтаназароти тарафи муқобилатон огоҳ шавед. Ҳеҷвақт аҳамияти гӯш додан ба суҳбатҳои ҳамдигарро кам надонед.

  1. Айбро гардани дигарӣ андохтан

Баъзе афрод бо интиқод аз тарафи муқобил ва айбдор донистани ӯ барои мавқеияти ҳозир бо мушкил бархурд мекунанд. Ҳеҷвақт камбудҳои худро қабул намекунанд ва ба ҳар қимате, ки шуда дар баробари он истодагӣ мекунанд чун фикр мекунанд бо қабули камбудҳояшон аз эътиборашон кам мешавад. Ба ҷойи ин рафторҳо бояд саъй кунед ҳар даъво ва мушоҷираро фурсате бидонед барои баррасии мунтақидонаи вазъият, арзёбии ниёзҳои ҳар ду тараф ва расидан ба як роҳи ҳал, ки ба ҳар ду кумак кунад.

  1. Саъй дар баранда шудан дар даъво

Ҳадаф аз баҳс байни ду нафар бояд дарку фаҳми ду тарафа ва расидан ба тавофуқи назар ё роҳи ҳал бошад, ки ниёзҳои ҳар ду тараф дар он дар назар гирифта шавад. Агар саъй доред нишон диҳед, ки тарафи муқобилатон чӣ иштибоҳоте анҷом додааст, эҳсосоти ӯро нодида бигиред ва маҳкам рӯи назари худатон биистед, бидонед, ки роҳи иштибоҳеро интихоб кардаед.

  1. Ҳамлаҳои шахсиятӣ

Гоҳе вақтҳо баъзе афрод ҳар амали манфӣ аз тарафи муқобилро ҷиддӣ гирифта ва онро камбуди шахсиятии ӯ қаламдод мекунанд. Масалан вақте шавҳаре ҷӯроби худро интараф ва онтарафи хона меандозад, зан онро як айби шахсиятӣ дар ӯ қаламдод карда ва уро шахси танбал ва бетаваҷҷуҳ меномад. Ин равиш дар ҳар ду тараф фаҳму эҳсоси нодуруст эҷод мекунад. Ёдатон бошад, ки дар ҳар шароите барои шахсияти тарафи муқобилатон эҳтиром қоил бошед ҳатто агар рафторе аз ӯро дӯст надошта бошед.

  1. Тӯпро ба замини муқобил андохтан

Вақте як тараф мехоҳад дар мавриди мушкиле дар робита сӯҳбат кунад, тарафи муқобил ҳолати дифоъӣ ба худ мегирад ва аз сӯҳбат кардан ё ҳарф задан бо ӯ худдорӣ мекунад. Ин навъе беэҳтиромӣ ба фарди муқобил аст ва дар баъзе вақтҳои хосс, ҳатто бе иҳтиромӣ аст ва сабаби зиёд шудани мушкил ҳам мешавад. Инкор натанҳо ҳеҷ мушкилеро ҳал намекунад, балки мӯҷиби нороҳатии тарафи муқобил ва вайрон шудани робита ҳам мешавад. Пас беҳтар аст, ки бо эҳтиром ва алоқа ба суханони тарафи муқобили худ гӯш кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.