Дар ҳузури меҳмон даъво накунед!

96

Дар ҳузури меҳмон даъво накунед!

Илова бар ҳама нукоте, ки шояд борҳо ва борҳо тазаккур дода шудааст, як масъалаи муҳим дар одоби меҳмондорӣ вуҷуд дорад, ки набояд фаромӯш шавад….

Аз қадим шунидаед, ки мегӯяанд одам ба дари бози касе ба хонаи ӯ намеравад, балки ба рӯи бози ӯ ба хонааш ворид мешавад. Кушодарӯӣ, табассум доштан ва чизҳои хуби дигар ҷузъи фарҳанги ғанӣ ва асили мост аммо гоҳе байни шумо ва ҳамсаратон ва ё шумо ва фарзандонатон мавзӯе пеш меояд, ки бароятон нороҳаткунанда аст.

Агар ҳамзмон бо вуқӯи ин мавзӯъ, меҳмон доред, хуб диққат кунед, чун агар бо ҳамсаратон ё фарзандонатон пархошгарӣ кунед ва доду фарёд кунед меҳмонҳо гумон мекунанд аз дасти онҳо хаста шудаед ва ё аз инки онҳо ба хонаи шумо омадаанд нороҳатед. Ин тасаввури меҳмононро набояд ба пойи бадгумонӣ ё фаҳми хатои онҳо гузошт чун ҳатто доштани рӯи хаста ва ранҷидаи соҳибхона ҳам барои хелеҳо ҳолати нохушояндеро илқо мекунад. Барои ҳамин аст, ки ба соҳибхона тавсия мешавад қабл аз расидани меҳмонҳо либоси муносиб бипушад ва худро биорояд, ба сару вазъи кудаконаш бирасад ва гумон накунад расидагӣ ба декоратсия ва низофати хона кифоят мекунад.

Барои касоне, ки меҳмони онҳо аз масофатҳои дӯр меояд ва қасд дорад чанд рӯз бимонад низ тавсия мешавад субҳ пас аз бархостан аз хоб ва қабл аз хурдани субҳона ҳатман нигоҳе дар оина ба худ биандозанд. Дуруст аст, ки дар ин ҳолат (вуҷуди меҳмонҳо барои муддати тӯлонитар аз маъмул) махфӣ кардан ва таҳаммули ҳолатҳои нохушоянде, ки ба далели ихтилоф бо аъзои хонавода ба вуҷуд меояд, сахттар аст аммо агар ин ихтилоф бо ҳамсаратон аст, метавонед дар мавридаш шаб ҳангом ва дар утоқи худатон ҳаллаш кунед ва беҳтар аст то ҳузури меҳмонҳо хомуш бимонад.

Шояд меҳмонҳо дилашон бихоҳад гаште дар шаҳри шумо бизананд. Метавонед ба баҳонаи омода кардани ғизо ва ё назофти хона дар хона бимонед ва дар мавриди иштибоҳоте, ки фарзандатон муртакиб шуда бо ӯ сӯҳбат кунед. Агар ин баҳсро дар ҳузури меҳмонон дошта бошед, ҳамон таъбире, ки гуфта шуд, хоҳанд дошт. Албатта иҷоза бидиҳед ҳамин ҷо нуктаеро бигӯям; Баста ба инки шумо чӣ қадар бо меҳмонони худ самимӣ ва наздикӣ дошта бошед, метавонед баъзе аз масоили хонаводагиро матраҳ кунед ва аз онҳо дар мавриди ихтилофи пеш омада назар бихоҳед ё мушовира бигиред. Қабл аз матраҳ кардани ин масоили хусусӣ бо онҳо хуб биандешед. Шояд андаке пас аз гуфтани ин розҳое, ки байни шумо ва ҳамсаратон вуҷуд дошта, пушаймон шавед. Пушаймоние, ки аслан суде нахоҳад дошт. Лозим нест меҳмони шумо ҳар чӣ қадар ҳам самимӣ аст дар масоили хусусии шумо ва ҳамсартон ворид шавад вале шумо бо баёни ин мавзӯъ ба ӯ иҷоза медиҳед ба ҳариматон биёяд. Дар ниҳоят ҳам ба сӯҳбати ман мерасед, ки эй кош сабр мекардам то онҳо бираванд ва баъд ихтилофамонро баррасӣ мекардем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.