Усули тиллоии тарбияти фарзандон (1)

135

  1. Тақвият кунед

Замоне, ки фарзанди шумо бар асоси интизороте, ки аз ӯ доред, амал кард (ба вижа дар синну соли поинтар ва дар дафъаҳои аввал) ниёзманди гирифтани бозхурд аз сӯи шумо аст ва ташвеқ, таҳсин ва подоши мутаносиб бо таклифи суратгирифта метавонад равишҳои тақвияткунанда бошад. Дар тақвиятдеҳӣ набояд зиёдаравӣ кард ба гунае, ки масалан барои ташвеқи ӯ барои якбор мисвок задан, асбоббозии қаронқимат бихарид! балки «риояти таносуб» лозим ва зарурӣ аст. Масалан метавон барои ҳар бор мисвок задан, ба кӯдакони 5 то 7 сола як ситора бидиҳед ва сипас барои 15 ситора як ҳадияи хуб бихаред.

  1. Умед бидиҳед

“Иштибоҳ” як бахши ҷудонашуднӣ аз мо инсонҳои маъмулӣ аст. Кӯдакони мо низ аз ин қоида ҷориҷ нестанд ва ҳарчанд бихоҳанд тибқи интизороти маъқули дигарон амал кунанд, аммо дучори иштибоҳоти резу дурушт мешаванд. Ин иштибоҳот, маҳфили сарзаниш нест, балки дарси омӯзиши муҷаддад, амиқтар ва усулитар аст. Агар бо ин дид ба иштибоҳи фарзандатон бингаред, ҳам худатон фишори равонии камтареро таҳаммул мекунед ва ҳам ӯро дар масири дуруст ҳидоят кардаед. Бояд ба ҷанбаҳои омӯзишии иштибоҳ таваҷҷуҳ кард ва аз ироаи далелҳои равшан ва возеҳи шикаст дар фазои мӯҳтарамона ва тавъам бо ҳамфикрӣ ғофил намонд.

  1. Танбиҳ кунед

Волидайни танбиҳкунанда, волидайни ношоист нестанд. Гоҳе танбиҳ (манзури мо танбиҳи баданӣ нест) барои масъулиятпазир кардани фарзандон лозим аст. Танбиҳ яъне мувоҷеҳ шудани кӯдак бо паёмади манфӣ дар сурати амал накардан ба масъулияте, ки бар дӯшаш гузошта шудааст.

Албатта танбиҳ кардани «набоядҳо» ҳам дорад, ки бояд аз сӯи волидайн ба он таваҷҷуҳ шавад:

* Набояд аз рӯи танаффури шахсӣ танбиҳ кунед. Ҳақ доред нороҳат шавед аммо ҳақ надоред асабонӣ шавед ва уқдагушоӣ кунед. Ҳадафи танбиҳ мувоҷеҳ кардани кӯдак бо оқибати масъулиятнопазирӣ аст ва на хунук кардани дили худатон.

* Набояд аз он даста инсонҳо бошед, ки барои як рафтори ғайримасъулонаи мушаххас, якбор танбиҳ мекунанд ва бори дигар на. Набояд ҳеҷвақт кӯдаконамон аз мо паёми дугона дарёфт кунанд.

* Набояд волидайн аз танбиҳ кардани кӯдак эҳсоси гуноҳ кунанд. Магар як боғбон аз буридани баргҳои изофаи дарахтони худ эҳсоси гуноҳ мекунад?! ин эҳсоси гуноҳи беҷо, ки маъмулан аз эҳсоси тараҳҳуми бемаврид дар бораи фарзандон аст, сабаби поин омадани иззати нафс мешавад ва хоҳ нохоҳ сабаби бурузи заъфи кӯдак мешавад. Ҳатто бархе волидайн ба хотири танбиҳи ӯ иқдом ба узрхоҳӣ аз фарзандони худ мекунанд ва қавл медиҳанд дафъаҳои баъд ин шиддати амалро нишон надиҳанд!

Далели танбиҳ ва мизони танбиҳ агар мантиқӣ аст, ҳеҷ ниёзе ба пушаймон шудан ва узрхоҳӣ надорем.

  1. Масъулиятпазир бошед

Волидайн лозим аст аз ду ҷиҳат масъулиятпазир бошанд:

* Масъулияти масъулиятпазир кардани фарзанди худро қабул кунанд; коре, ки ниёз ба сабр ва ҳавсалаи фаровон дорад. Волидайне, ки мегӯянд «аслан худам анҷом медиҳам, инавар роҳаттар ҳастам» дар воқеъ ба сурати ғайримустақим мепазиранд, ки фарзандашон вазифаҳояшро анҷом надиҳад ва албатта ин кор ду зарари муҳим дорад:

А) Бо гузаштаи замон ҳисси танаффур ва сардиро дар волидайн нисбат ба фарзанд эҷод мекунад ва ин ҳис афзоиш меёбад ва дар мавқеиятҳои ғайриқобили пешбинӣ дар қолаби чолишҳои шадиди волид-кӯдак худро нишон медиҳад. Б) Бо гузашти замон фарзандонашонро ба фирор аз масъулият одат медиҳанд. Онҳо меомӯзанд, ки манобеи қудратро ба кор гиранд то аз фишори корҳо раҳоӣ ёбанд.

* Масъулияти таклифҳои шахсӣ ва хонаводагии худро қабул кунанд. Волидайне, ки дар манзил ба шакли ғайримасъулона аз қабули таклифҳо ва интизороте, ки аз нақшашон меравад, шона холӣ мекунанд, дар воқеъ улгуи амалии фирор аз масъулият барои фарзандони худ ҳастанд. Супоришҳои динӣ низ рӯи ин матлаб диққат кардааст, ки бо забони амал дигаронро ба роҳи хайр даъват кунед ва на сирфан забони бадан.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.