Фарзанди солеҳ аз нигоҳи Ислом

65

Ончи дар фарзанддор шудан пураҳамият аст ва авлиёи Худо хостори он будаанд, саломатӣ ва покии фарзанд аст на духтар ё писар будани фарзанд.
Аз ҳазрати Алӣ алайҳиссалом ривоят шудааст ки фармуданд:
Ман аз Худованд ягон бор фарзанде нахостам, ки зебову қаду қоматдор бошад, балки ончи, ки аз Худованд хостам фарзандоне ба ман диҳад, ки итоаткунандаи Худо ва Худошиносу Худотарс бошанд, то ҳарвақ ки бандагӣ кардани онҳоро мебинам хурсанд шавам.
Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд:
الولد الصالح ریحانة من ریاحین الجنة
Фарзанди солеҳ гуле аз гулҳои Биҳишт аст.

Ҳазрати Содиқ алайҳиссалом фармудаанд:
میراث الله من عبده المومن، ولد صالح یستغفر له
Мероси Худо аз бандаи мӯъминаш, фарзанди солеҳе ки барои ӯ (бандаи мӯъмин) талаби омӯрзиш кунад.

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд:

خمسة فی قبورهم و ثوابهم یجری الی دیوانهم: من غرس نخلا، و من حفر بئرا، و من بنی مسجدا، و من کتب مصحفا، و من خلفت ابنا صالحا
Панҷ гурӯҳ ҳастанд, ки пас аз мурдан ҳам, ба номаи аъмолашон савоб навишта мешавад:
Касе ки дарахт корад.
Касе ки чоҳ канад (барои об хурдани одамҳо).
Касе ки масҷид созад.
Касе ки Қуръонро нависад (ё чоп кунад то дигарон бихонанд).
Касе ки аз худ фарзанди солеҳ ва хидматгузор ба ёдгор гузорад.

Аҳмад, Содиқии Ардистонӣ, Ахлоқи хонавода, с 74-79

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.