Ҳама оҳанги дил сӯи адаб кун…

122

Адаб чист?

Адаби нафс кадом аст?

Адаб ва камоли нафсонӣ дорои чӣ фазилатҳоест?

***

Асоси роҳи динро бар адаб дон,

Муқарраб аз адаб гаштанд мардон.

Адаб шуд асли кору васли ҳиҷрон,

Ҳам-ӯ шуд мояи ҳар дарду дармон.

(Аттори Нишопурӣ).

***

Вақте аз адаб сухан мегӯем, навъи хоссе аз рафтори санҷида бо афроди перомунамон ва бо касоне, ки дар атрофамон ҳастанд, дар назар меояд.

Адаби нафс ё камоли нафсонӣ ва ахлоқӣ ба маънои оростагӣ ба сифоти писандида ва ахлоқи ҳамида аст.

Мавлоно гуфтааст:

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.   (Мавлавӣ).

***

Дар ривоёти исломӣ низ ворид шудааст, ки “Мардум ба адаб ниёзмандтаранд то ба сарвату тиллову нуқра”. Ё ривояти дигаре ба ҳамин маъност, ки мефармояд: “Ҷӯяндаи адаб дурандештар аз ҷӯяндаи тиллост”. (Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-килам).

Таърифи адаб дар маорифи исломӣ ба ин гуна омадааст, ки мегӯянд: “Ҳифзи ҳад ва андозаи ҳар чизе ва таҷовуз нанамудан аз онро адаб гӯянд”. (Шайхи Табарсӣ, “Ал-адаб-уд-диния”).

Ба ҳамин маъно дар ривояте омадааст, ки: “Бартарин адаб он аст, ки инсон бар сарҳад ва марзу андозаи хеш биистад ва аз қадри худ фаротар наравад”.(Ғурар-ул-ҳикам).

***

Зи душман дӯстӣ камтар талаб кун,

Ҳама оҳанги дил сӯи адаб кун.

Адабро дӯст дору боадаб бош,

Ба қадри хеш доим дар талаб бош.

(Аттори Нишопурӣ).

***

Дар китоби “Иршод-ул-қулуб”-и Дейламӣ мехонем: “Ҳақиқати адаб, ҷамъ шудани сифоти нек ва дур кардани сифоти зишт аст”.

Луқмони Ҳакимро гуфтанд, адаб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт аз бедабон. Ҳар чи онон анҷом доданд, ман онро анҷом надодам.

Ривояте ба ҳамин маъно нақл шудааст, ки мефармояд: “Барои адабомӯзиат ҳамин туро бас аст, ки аз ончӣ аз дигарон намеписандӣ, аз он дурӣ кунӣ”.(Ғурар-ул-ҳикам).

***

Ба тарки як адаб маҳҷур гардӣ,

Яқин бо сад ҳунар маъюб гардӣ.

Чу бошӣ бо адаб, ёбӣ маонӣ,

Чу бошӣ беадаб, з-ӯ бозмонӣ.

Адаб омад дар ин роҳ асли ҳар кор,

Ҳамегӯям адаб зинҳор, зинҳор.

(Аттори Нишопурӣ).

***

Адаб шинохтест, ки инсонро аз ҳар хатое бозмедорад. Риояти адаб боис мешавад, ки инсон ба фазилате аз фазоили писандадида ва матлуб музайяну ороста шавад. Адаб сабаби писандида гаштани рафтор ва гуфтори инсон мешавад.

Дар аҳамияти адаб бояд ин нуктаро бигӯем, ки дин ба маънои адаб аст ва аслан дин маҷмӯае аз одоб аст.

Адаби инсон омили созандаи шахсияти ӯ хоҳад гашт ва номи некӯ ва мондагоре аз шахс боқӣ хоҳад гузошт. Адаб  боиси маҳбуб гаштан дар байни мардум аст. Адаб ҷараёни зиндагии фардро назм мебахшад ва ҳамчунин сабаби усва ва улгу гаштани фард дар ҷомеа хоҳад гашт.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.