Дар бораи хосиятҳои санҷид чӣ медонед?

65

ажуҳишҳои муҳаққиқони эронӣ нишон дод, ки усора (афшураи)и санҷид ба дармони артроз(зонудард) ва илтиҳоб(варам)и буғумҳо кумак мекунад.

Артроз як навъ бемории илтиҳобии буғумҳои зону аст ва дар 70 дарсад ашхоси дорои синни аз 60 сол ба боло мушоҳида мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар , дар ин баррасӣ 120 бемори гирифтор ба артрози зону бо дарди миёна то шадид ба муддати 7 ҳафта баррасӣ шуданд ва асари усораи санҷид ва асетаминофен дар таскини дарди ин беморон муқоиса шуданд. Натиҷаҳо нишон дод, ки барои коҳиш ва беҳбуди дарди вобаста ба артроз усораи гиёҳи санҷид асарбахштар аз доруи таскинбахши асетаминофен амал мекунад.

Санҷид гиёҳи дарахтие аст аз хонаводаи санҷидиён, ки дар обу ҳавои муътадил меруяд. Баргҳои борӣк ва махмалишакл ва меваҳоии қаҳваиранг ва хурокӣ дорад, ки аз донаи он дар таҳияи бархе доруҳо истифода мешавад. Ин гиёҳ яке аз синҳои ташкилдиҳандаи “ҳафт син” аст ва дар тибби халқии Эрон ҷойгоҳи вижае дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.