Витамини D тули умрро зиёд мекунад

91

Муҳаққиқони улуми пизишкӣ дар донишгоҳи Калифорния дар Амрико эълом карданд он даста аз гирифторон ба саратони сина, ки мизони витамини D-и баданашон зиёд аст бештар аз дигар мубталоён умр мебинанд.

Муҳаққиқон мегуянд сатҳи болои витамини D дар хуни бадани ин афрод тули умри беморони саратониро ду баробар мекунад.Доктор Сардик Гарланд ва ҳамкоронаш дар донишкадаи пизишкии донишгоҳи Калифорния дар Сан Дияго мегуянд молекулаи 25 гидроксиди витамини D-ро дар бадани 4 443 бемори мубтало ба саратони сина баррасӣ карданд ва онҳоро ба муддати тулонӣ таҳти мутолиа қарор доданд.

Метабалитҳои витамини D бо фаъол кардани протеине, ки тақсими ҳуҷайраҳоро монеъ мешавад, амал мекунад ва дар шароити ҳузури ин витамин гирандаҳои мавҷуд бар руи ҳуҷайраҳои саратонӣ қодир нахоҳанд буд,ки зиёд ва паҳн шаванд. Муҳаққиқон мегуянд касоне, ки мизони витамини D-и хунашон болтар аз 30 ногер дар як миллилитр буд нисбат ба ононе. ки витамини D-и хунашон 17 ногер дар як миллилитр буд ду баробар бештар умр мекарданд.

Ба таври куллӣ муҳаққиқон бар ин боваранд, ки бо боло нигоҳи доштани мизони витамини D-и хуни бадани занони мубтало ба саратони сина метавон тули умри ононро то ду баробар афзоиш дод. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Йорк Алерт дар интернет ҳангоме, ки ҳуҷайраҳо тавоноии тақсим ва рушди одии худро аз даст медиҳанд, ин мавзӯъ мунҷар ба тасхир, тахриб ва фосид шудани бофтҳои солим мешавад ва дар ниҳоят саратон эҷод хоҳад шуд. Бар асари дар як қисмат ҷамъ шудани ин ҳуҷайраҳои саратонӣ ва вайроншавии ҳуҷайраҳои бофтҳои солим тудае ба номи варам(опухол) эҷод мешавад.Агар варам ба қабатҳои маҳдуд хатм шавад ва ба дигар бофтҳо ва организм сироят накунад, варами хушхим(ғайрисаратонӣ‌) аст ва агар варам густарда шуда, ба таври амалӣ қобилияти пахш шудан ва иҳота кардани дигар бофтҳо ва сохторҳои баданро дошта бошад, бадхим ё саратонӣ номида мешавад.

Бархе аз шаклҳои саратон Metastasize мекунанд; ба ин маънӣ ки хусусияти ҳамлаварӣ пайдо карда ба дигар бофтҳои бадан асосан аз тариқи хун ва линф сироят мекунанд ва варами наверо эҷод менамоянд. Беш аз сад навъи саратон шиносоӣ шуда аст ва ин саратонҳо дар ҳар қисмате аз бадан метавонанд пайдо шаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.