Чаҳор ғизои ки метавонад вазни инсонро кам кунад!

335

Бисёре инсонҳо ҳангоме, ки “режими лоғарӣ” мегиранд , худро аз хурдани ғизоҳои фаровоне маҳрум мекунанд, аммои таҳқиқоти нав ба тозагӣ нишон дода аст, ки бархе аз ин ғизоҳо ҳам дар ҳангоми доштани режими лоғарӣ бад нестанд ва метавонанд ҳатто боиси лоғарии фард шаванд.

Мавридҳои зер аз ҷумлаи ин маводи ғизоӣ аст:

Тухми мурғ

Тухми мурғ ба далели доро будани протеин, ҳазми дерҳангоме дорад ва сабаби тамоюли камтари фард ба хурдани ғизо мешавад.

Стейк

Стейк яке дигар аз ин хурокиҳо аст. ки сабаби коҳиши ҳисси гуруснагӣ дар афрод мешавад, аммо бояд дар ҳангоми хурдани гушт қисматҳои беравғани он интихоб шаванд.

Макарон

Бо вуҷуди инки ба назари бисёри ашхос макарон хеле фарбеҳкунанда ҳастанд, дар афроде ки режими лоғарӣ доранд ба далели вуҷуди сабуси гандум метавонад ба сузонда шудани чарбиҳои даври шикам кумаки фаровоне кунад.

Нуқлу дона

Нуқлу дона ҳам метавонад вазни Шуморо кам кунад, зеро ба далели доро будани витаминҳои зарурӣ сабаби афзоиши қудрати сӯхту сози бадан ва лоғарӣ дар ашхос мешавад

Пизишкон дар айни ҳол тавсия мекунанд хурдани ин хурокиҳо дар ҳади меъёр сурат гирад, зеро зиёдаравй дар хурдани ин хӯрокиҳо сабаби вазни иловагӣ ва вазни фавқулодда мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.