Дармони бемории ҳасодат

106

Барои раҳоӣ аз бемории рӯҳии ҳасад ва ҳасодат аввал бояд решаҳо ва ангезаҳои ҳасодатро бишиносем; Чунончи решаҳои ҳасад батаври куллӣ иборатанд аз: 1 худпарастӣ ва худписандӣ (, ки инсон ҳама чизи худро писандида бидонад. Худписанд, зиштиҳои аъмолу рафтори нописандидаашро хуб дониста ва худро аз дигарон бартар медонад), сифати палангӣ (, ки паланг худро болотар аз ҳама мебинад ва ҳасад, шахси ҳасудро палангсифат мекунад) 2 такаббур ва худфурӯшӣ, ба иборат дигар бузургифурӯшӣ аст, ва агар ҳасад аз такаббуру хидписандӣ реша бигирад, ҳасудии хатарнок мешавад. 3 бухл, ки аз хайррасондан ба дигарон дареғ намояд. 4 ҳирсу тамаъ.

Қадами дигар он аст, ки инсон бо ислоҳи нигариши худ ба тавҳид ва бовар доштан ба рӯзи қиёмат, неъмат‏ҳо ва дараҷаҳои волое, ки парҳезкорон дар қиёмат ва охират доранд чашму дил аз дунё боз ‏дорд ва то метавонад дил ба Худо ва лутфи Ӯ бандад.

Қуръон хитоб ба Паёмбари акрам (с) ме‏фрмояд:

ولا تمدن عینیک الی ما متعنا به

“Чашм аз ин матои ноқобили дунявӣ, ки ба бархе додаем (барои имтиҳон) боз гирифта ва бар инон андӯҳ махур. (сураи Ҳиҷр, ояти 88)

Агар инсон ба ҳақиқат маънои « رِزْقُ رَبِّکَ خَیْرٌ وَ أَبْقى‏»-ро дарёбад дигар чашм ба имконоту бархурдориҳои ину он нахоҳад дӯхт ва умри худро бар сари ин ғуссаи беҳуда нахоҳад гузошт.

Сатҳи интизороту хостаҳои кам кунем

Яке аз дастуроти беҳдоштии ҳасад, таваққуъ надоштан аз дигарон аст ва инсон бояд интизороти худро аз дигарон кам кунад.

Бахшиш ҳасадро месӯзонад

Дастури дигар афв аст; мантиқи инсони комил, бахшидан ва гузашт кардан ва муҳаббат аст; касе, ки бихшиш дорад ҳасад намеварзад. Афву бахшиш сӯзонандаи дарахти палиди ҳасад аст ва дӯст доштану хушнудӣ аз хушбахтии дигарон ва хидматгузорӣ ба мардум аз усули беҳдошт ва покӣ аз ҳасад аст.

Як дастури куллӣ барои беҳдошт аз ҳасад, бисёр Қуръон хондан ва ҳифзи сураҳои Қуръон аст. Хондан дуоҳо ва мутолиаи фазоилу маноқиби аҳли байт(а) ва бузургони дин таъсири бисёр зиёд дар пешгирӣ аз олудагӣ ба ҳасад дорад.

Ҳамонанди бемориҳои ҷисмонӣ, ки дармонашон вобаста бар ду асли пешгирӣ ва истеъмоли доруст, дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ низ қадами аввал, покиза кардани рӯҳ аз олудагиҳост. Шахси ҳасуд бояд бидонад, ки ҳасодат барои ӯ суде надорад, на мақомашро болотар мебарад ва на бар маҳбубияташ меафзояд ва на….

Ҳасуд бояд бидонад ончиро, ки бар он ҳасад меварзад агар аз дасти дигарон равад, маълум нест, ки ба дасти ӯ расад. Ҳасуд худро рӯйсиёҳ ва тарафи муқобилашро рӯйсафед мекунад, чаро, ки тарафи муқобил, мазлум воқеъ мешавад ва мазлум мавриди лутфи Худованд қарор мегирад.

Ҳасуд бояд ончиро дилаш мехоҳад накунад, мисли бадгӯӣ ва ғайбат ва тӯҳмат ва…. Ҳасуд агар бихоҳад беморияш зудтар дармон гардад, бояд зидди дилхоҳаш рафтор кунад, агар ба касе мехоҳад зарар бирасонад, саъй кунад ба ӯ хидмат кунад ва…. Ҳарорати имон метавонад ҳамаи мекробҳои рӯҳиро нобуд, имон решаи ҳасадро месӯзонад.

Дуо яъне дасти тазаррӯъ ва зорӣ ба даргоҳи Парвардигор дароз кардан ва дар пешгоҳи муқаддасаш пешонӣ бар хок сойидан ва зоти покашро хондан ва дармон дардҳоро аз ӯ хостан.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.