Ҳафт ранг дар як салат

189

Тарзи таҳияи салати ҳафт ранг

Салат яке аз пеш ғизоҳое аст, ки дар бисёре аз оилаҳо тарафдорони зиёде дорад. Агар чи баъзеҳо онро ҳамроҳ бо ғизо ва баъзе низ пас аз ғизо майл мекунанд. Бо ин ҳол хурдани он ба унвони пеш ғизо аз он рӯ аст, ки ҳам сабаби пур шудани меъда пеш аз хурдани ғизои аслӣ мешавад ва ҳам дар натиҷа ин эҳсоси серии колерии зиёдӣ равонаи бадан намешавад. Аз ин рӯ, нақши зиёде дар ҳифзи таносуби андом яке аз салатҳое, ки илова бар инҳо ранг ва лиоб ва танаввуи бештаре дорад ва маводи муғази муносибе ҳам ба бадан мерасонад салати ҳафт ранг аст. Тарзи таҳияи онро дар идома бихонед.

Маводҳои лозим:

Картошкаи обпази хурд шуда 2 адад

Лубии сурхи пухта шуда

Калбасаи хурд шуда 100 гр

Пиёзчаи хурд шуда 100 гр

Коҳу (барги салат) як даста635361138941896039

Помидори хурд шуда 2 адад

Тухми обпаз шуда 2 адад

Лаб лабу 1 адад

Сирка ва руғани зайтун як паймона

Намак ва мурч ба миқдори лозим

Балгар як адад

Тамоми аҷзо ва маводи авалияро хурд карда, сипас картошкаро ба ҳамроҳи лубиёи пухта шуда дохили зарф рехта, ба тартиб барги салат, пиёзча, калбаса, лаб лабу, намак, мурч ва сирка ва руғани зайтунро ба мавод изофа карда ва маводи махлут шударо ба муддати 2 соат дар яхдон қарор диҳед. Сипас аз тухми обпазшуда ва памидору балгарӣ барои зебои истифода баред.

 

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.